Хабарҳо
ҶАҲОН ДАР ЯК САТР
Gazeta.ru. Рӯзномаи «The Washington Post» (WP) менависад, ки вакилони конгресси Амрико ба Президенти ИМА Ҷо Байден муроҷиат намуда, дархост карданд, ки барои ҳалли вазъ дар Украина бо Россия музокира намояд.
CentralAsia(UZ). Ҳафтаи равон Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев президенти Шурои Аврупо Шарл Мишелро ба ҳузур мепазирад. Зимни вохӯрӣ мустақилияти Ӯзбекистон ва Иттиҳоди Аврупо дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ баррасӣ хоҳанд шуд ва табодули афкор доир ба масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ сурат мегиранд.
RT. Ҷон Кирби, ҳамоҳангсози иртибототи стратегӣ дар Шурои амнияти миллии кохи Сафед, гуфт, ки Амрико ва Чин имкони вохӯрӣ ва музокироти Ҷо Байден ва Си Ҷинпинро дар нишасти G20 тарҳрезӣ менамоянд.
CentralAsia(UZ). Чорабиниҳои иҷлосияи тирамоҳии Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви ИДМ бори нахуст дар Ӯзбекистон – Самарқанд 27-28 октябри соли 2022 баргузор мешаванд. Дар формати рӯ ба рӯ роҳбарон ва аъзои ҳайатҳои парлумонии кишварҳои ИДМ, инчунин, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, олимону коршиносон ширкат меварзанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5510