logo

иқтисод

СУҒД. РУШДИ СОҲАИ ТУХМИПАРВАРӢ АЗ МАСЪАЛАҲОИ МЕҲВАРИСТ

 
Дар  иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд даъвати шашум, ки дар шаҳри Хуҷанд доир шуд, вакилон иҷрои Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025-ро мавриди баррасӣ қарор доданд. Зарурати рӯ овардан ба ин масъала бе ваҷҳ нест, зеро  бо афзоиши аҳолии кишвар ва зиёд шудани талаботи мардум ба маводи озуқа, аз қабили сабзавоту меваҷот, маҳсулоти ғаллагӣ водор месозад, ки дар ин самт тадбирҳои мушаххас ва муассир роҳандозӣ гарданд. 
Иқрор бояд гашт, ки фаъолияти хоҷагиҳои тухмипарварии мамлакат ҷавобгӯй ба меъёрҳои байналмилалӣ нестанд ва ҳамкории олимон бо кишоварзон ҷиҳати кашфи навъҳои нави  зироату полизӣ, пахта, ғалла, картошка ҳамоно беҳбудӣ мехоҳад. Аз ҳамин сабаб, бо ҳадафи мусоидат кардан ба рӯёндани ҳосили фаровон аз ҳамаи намуди зироатҳо ва сабзавот  аз 3 апрели соли 2021 таҳти рақами 117 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025 ба тасвиб расидааст.  
Дар  иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд даъвати шашум ҷараёни татбиқи Барномаи мазкур баррасӣ шуд.  
Мирдадо Зариф Мирмуҳаммадӣ, вакили Маҷлиси халқи вилоят, муовини раиси вилояти Суғд аз рӯи ин рӯзномаи иҷлосия назди вакилон гузориш дод.
– Бешубҳа, татбиқи саривақтии Барномаи мазкур ба рушди минбаъдаи соҳа, хосатан фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ  ва беҳшавии шароити рӯзгори аҳолӣ, мусоидат хоҳад кард, – иброз дошт Зариф Мирдадо. Ӯ афзуд, ки алҳол дар вилоят 29 хоҷагии тухмипарварӣ, аз ҷумла 20 хоҷагӣ дар самти пахтакорӣ, 4 картошкапарварӣ, 3 гандумпарварӣ, 1 шолипарварӣ ва 1 хоҷагӣ  дар самти сабзавоткорӣ фаъолият дорад. Ҷиҳати афзудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, ғанӣ гардондани бозори истеъмолӣ, таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ватанӣ, баланд бардоштани боздеҳи замин ва ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ, инчунин, ба роҳ мондани истифодаи самараноку оқилонаи захираҳои обу замин тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ мешаванд.
Дар вилоят селексияи тухмипарварии зироатҳои кишоварзӣ тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тухмипарварӣ»  ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба роҳ монда шудааст. Алҳол дар 4 стансияи навъсанҷии шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Истаравшан, Панҷакент ва Бобоҷон Ғафуров 16 навъи пахта,  5 навъи гандум,  4 навъи ҷуворимакка барои дон, 2 навъи ҷуворӣ, 8 навъи картошка, 2 навъи офтобпараст, 2 навъи нахӯд, 2 навъи юнучқа ва 3 навъи хурмо мавриди санҷиши расмӣ қарор дорад. Илова бар ин, дар вилоят Маркази тахшиси бехатарии озуқавории муттамарказгардонда мавҷуд мебошад, ки барои муайян кардани сифат ва сертификатсиякунонии тухмии он фаъолият менамояд.  
Таҳлили нишондодҳои оморӣ собит намуд, ки соли 2021 истеҳсоли пахта ба 112 ҳазору 608 тонна баробар гардида, ҳосилнокии он ба 22,7 сентнер аз ҳар гектар расонда шуд, ки ин нишондод нисбат ба соли 2020-ум 3,3-сентнерӣ зиёд мебошад. Ҳосилнокии пахта дар шаҳру ноҳияҳои Ашт ба 31,5 сентнер, Ҷаббор Расулов ба 25,9  ва Бобоҷон Ғафуров ба 25-сентнерӣ аз ҳар гектар баробар шуд, ки ин нишондод нисбат ба ҳосилнокии миёнаи вилоят аз 2,3 то 8,4-сентнерӣ баланд аст.
– Аммо ҳанӯз ҳам нишодиҳандаҳо қобили қабул нестанд, – таъкид кард раиси Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода. 
Дар сурати таваҷҷуҳ ба сифати тухмӣ, дар маҷмуъ, мо бояд на кам аз 35 – 40 сентнер ҳосили пахта рӯёнда, бо озод кардани майдонҳои кишт парвариши дигар намуди зироатҳои зарурии ғизоиро ба роҳ монем. Яъне, алҳол фаъолияти кори хоҷагиҳои тухмипарварӣ дар соҳаи пахтакорӣ дар вилоят на ба он дараҷае  роҳандозӣ шудааст, ки ҷавобгӯи Барномаи мазкур бошад. Дар навоҳии пахтакор хоҷагиҳое ҳастанд, ки солиёни дароз дар онҳо ҳосилнокии пахта ҳамагӣ 10 – 12 то 17  сентнерро  ташкил медиҳад. Бояд мутахассисони соҳаи тухмипарварӣ  ба  ин  самти  масъала  бештар  таваҷҷуҳ  дошта бошанд. Мутаассифона, хоҷагиҳое вуҷуд доранд, ки бо ном тухмипарвар ба қайд гирифта шудаанд, аммо то имрӯз  мушахассан кореро дар ин самт анҷом надодаанд. 
 Вилояти Суғд дар рӯёндани ҳосили фаровони картошка  дар Осиёи Миёна аз ҷумлаи минтақаҳои пешсаф маҳсуб меёбад. Картошка ҳамчун зироати муҳими истеъмолӣ, асосан, дар минтақаҳои водигӣ, доманакӯҳӣ ва кӯҳии шаҳру навоҳии вилоят: Истаравшан, Панҷакент, Исфара Деваштич, Кӯҳистони Мастчоҳ, Шаҳристон ва қисман Ашт парвариш мешавад. Айни замон барои пурра қонеъ гардондани эҳтиёҷоти рӯзафзуни аҳолии вилоят ва ҷумҳурӣ бо картошка шароитҳои агроиқлимии водиҳо имкониятҳои васеъ доранд.
Таҳлили натиҷаи кишти картошкаи хоҷагиҳои мазкур аз ҷониби олимону мутахассисони соҳа дар соли сипаригашта ва соли равон собит намуд, ки бо назардошти ҷойгиршавии иқлими маҳал ва обу хоки замин аз ҳисоби ҷорӣ кардани тухмиҳои хушсифат дар истеҳсолот ва истифода дар кишт аз 300 то 600-сентнерӣ аз ҳар гектар ҳосил рӯёндаанд.
То ин давра беш аз 200 ҳазор тонна картошка истеҳсол гардида, интизор меравад, ки дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ зиёда аз 550 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ карда шавад.
Гандум дар тамоми хоҷагиҳои кишоварзии вилоят парвариш  меёбад.  Яке аз омилҳое, ки солҳои охир ба ҳосилнокии ғалладонагиҳо, бахусус гандум, таъсири манфӣ мерасонад, ин тағйирёбии иқлим мебошад. Ҷиҳати ҳалли масъалаи мазкур олимони соҳа навъҳои нави серҳосили ба тағйирёбии иқлим мутобиқро офарида, дар истеҳсолот ҷорӣ менамоянд.  
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо хулоса аз баррасии масъалаи асосии рӯзномаи иҷлосияи 12-уми Маҷлиси вакилони халқи вилоят  иброз дошт, ки татбиқи саривақтии Барномаи мазкур шароит фароҳам меорад, ки ҳосилнокии ҳамаи намуди зироату сабзавот ва меваҷот  рӯ ба афзоиш ниҳода,  вилоят дар баробари таъмини муътадили истеъмолкунандагони ватанӣ ба як минтақаи содироткунандаи муваффақи кишвар ба хориҷ мубаддал гардад.
 
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.10.2022    №: 205    Мутолиа карданд: 1164
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед