Хабарҳо
САМАРҚАНД МИЗБОНИ ҲАФТАИ ТЕХНОЛОГИЯИ АХБОРУ КОММУНИКАТСИОНӢ
Дар шаҳри Самарқанд ҳафтаи технологияҳои ахбору коммуникатсионӣ ифтитоҳ ёфт. Ҳафтаи технологияҳои ахбор ва коммуникатсионии ICWEEK дар Ӯзбекистон аз соли 2004 роҳандозӣ мешавад. Дар он ба таври анъанавӣ ширкатҳои бузурги IT-и хориҷӣ ва маҳаллӣ ширкат мекунанд. Аммо бо сабаби паҳншавии пандемияи коронавирус, аз соли 2020 то кунун он баргузор нагардида буд.
Вазири рушди технологияҳои ахбор ва коммуникатсионии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шерзод Шерматов дар маросими ифтитоҳи он аз ин нукта ёдовар шуд ва дар идомаи суханронӣ изҳор намуд, ки боз имкон фароҳам омадааст, ки ин анъана аз сар гирифта шавад. Ба ин ҳамоиш аз соири кишварҳои Осиёи Марказӣ ва берун аз он меҳмонони зиёд даъват шудаанд. Самарқанди бостонӣ, ки чанде муқаддам нишасти навбатии сарварони кишварҳои узви СҲШ-ро баргузор карда буд, ин бор ба ҳафтаи технологияҳои ахбору коммуникатсионӣ мизбонӣ мекунад.
Вай афзуд, талош хоҳанд кард, ки дар панҷ соли оянда Ӯзбекистон ба маркази минтақавии IT табдил ёбад. Барои расидагӣ ба чунин мақсад дар кишвар тамоми имконият фароҳам оварда шудааст. Ӯзбекистон то охири соли равон наздик ба 1 миллиард доллари ИМА маҳсулоти IT содир хоҳад кард.
Дар ҳамоиши мазкур аз Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати сардори Хадамоти алоқа Бег Зуҳуров як гурӯҳ мутахассисони IT ҳузур доранд. Дар ҷаласаҳои панелӣ ва муҳокимарониҳое, ки дар чаҳорчӯбаи ҳафтаи технологияҳои ахбору коммуникатсионӣ баргузор мегарданд, намояндагони Тоҷикистон аз фаъолият ва дастовардҳои худ дар соҳаи технологияи ахбору коммуникатсионӣ нақл хоҳанд кард.
Мирасрор АҲРОРОВ, «Ҷумҳурият», шаҳри Самарқанд
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5453