Хабарҳо
МУЖДАҲО АЗ ПАХТАЗОР
Кишоварзони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров нахустин шуда дар байни навоҳии пахтакори вилояти Суғд нақшаи истеҳсоли пахтаро иҷро карданд. Деҳқонони асили ноҳия аз майдони 8 ҳазору 28 гектар то ба имрӯз 18 ҳазору 534 тонна ҳосил ҷамъ оварданд, ки ҳосилнокӣ аз ҳар гектар ба 23,1 сентнер баробар мебошад. Пахтакорони ноҳия тасмим доранд, ҳосили боқимондаро беталаф ҷамъ оварда, онро ба беш аз 20 ҳазор тонна расонанд.
Дар ғалабаи пахтакорони ноҳия саҳми Кооперативи тиҷоратии ба номи Ҷаббор Расулов, Ассотсиатсияи ба номи Раҳмон Набиев, хоҷагии ба номи Қӯшатов, деҳоти Чашмасор, Додобой Холматов ва Зарзамин саҳми муносиб гузоштанд.
Дар мусобиқаи бистрӯзаи дуюми ҷамъоварии ҳосил “Ҳосил – 2022” миёни навоҳии пахтакори вилояти Суғд деҳқонони ноҳияи Ашт ғолиб омаданд. Онҳо дар бист рӯзи моҳи октябр ба миқдори наздик ба 26 дарсади нақша ва ё 4 ҳазору 479 тонна ҳосил ҷамъоварӣ намуданд, ки нишондиҳандаи баланд дар миқёси вилоят буд. Хирмани то имрӯз бардоштаи деҳқонони аштӣ ба 14 ҳазору 40 тонна расидааст, ки иҷрои умумии нақшаи дурнамои истеҳсоли пахта 81,2 дарсад таъмин гаштааст. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи ғолиб – пахтакорони Ашт мукофотпулӣ ба маблағи 17,5 ҳазор сомонӣ ва дигар туҳфаҳои молӣ супурд. Дар бобаракат гаштани хирмани пахтаи ноҳия хоҷагиҳои деҳқонии “Рахшон”, “Рамз”, “Суҷҷа” ва “Сарибоғ” саҳмгузоранд.
Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода иброз дошт, ки кишоварзони ноҳия бо истифода аз ҳавои мусоид кӯшиш доранд ба ғунучини ҳосил суръат бахшида, нақшаи дурнамои пахтаро рӯзҳои наздик ба иҷро расонда, 17 ҳазору 300 тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5145