logo

иқтисод

САНОАТИКУНОНӢ БЕҲБУДӢ МЕХОҲАД. ГУЗОРИШ АЗ ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ НУҲМОҲА ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

 
Тибқи гузориши муовини якуми раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар, аксарияти нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодии вилоят нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мусбат арзёбӣ мешаванд. Аз ҷумла, дар бахши саноат, ки дар рушди иқтисодиёти вилоят калидиву такконбахш аст, давоми 9 моҳи соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 17 миллиарду 141 миллион сомонӣ расонда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 2 миллиарду 600 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш бо назардошти тағйирёбии нархҳо 122,0 дарсадро ташкил медиҳад. 
 
Дар ин давра таваҷҷуҳи асосӣ бо назардошти дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иртибот ба рушди муътадили иқтисодиёти кишвар ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содиротӣ равона гардид. Аз ҷумла, дар моҳҳои январ-сентябри соли 2022 ба миқдори наздик ба 1,5 миллион тонна семент ва 1 миллиону 396,5 ҳазор тонна ангишт истеҳсол шуд, ки дар қиёс ба солҳои қаблӣ нишондиҳандаи назаррас аст. 
Истеҳсоли маҳсулоти хӯроквории ивазкунандаи воридот низ дар ин самт сол ба сол зиёд мешавад. Дар 9 моҳи соли 2022 ба миқдори 3 ҳазору 135,2 тонна равғани рустанӣ истеҳсол гардид, ки баробари 111,8 фоизи нишондиҳандаи ҳамин давраи соли қаблӣ мебошад. Ҳаҷми истеҳсоли консерваҳо ба 27 миллиону 218,6 ҳазор қуттии шартӣ расонда шудааст, ки суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 101,1 фоизро ташкил медиҳад.
Ҳаҷми истеҳсоли маводи асосии сохтмонӣ аз қабили лӯлаҳои металлӣ ба андозаи 6,1 миллион тонна ва суръати афзоиш 105,7 фоиз, бетони сохтмонӣ 29,7 ҳазор метри мукааб ё 124,6 фоиз, маҳсулот аз пластикаи филизӣ 31,3 ҳазор метри мураббаъ ё 144,2 фоиз, лӯлаҳои пластикӣ 1037,2 ҳазор метр 104,9 фоиз, профилҳои пластикӣ 1677,2 тонна ё 152,0 фоиз, халтаҳои полипропиленӣ барои бандубасти маҳсулоти корхонаҳо 43,5 миллион дона ё 117,6 фоиз, полиэтилен (плёнка) 4,1 тонна, қолаби зарфи пластикӣ 93,96 миллион дона ё 173,5 фоиз, мех 858,6 тонна ё 171,5 фоиз ва бозичаҳои кӯдакона 1956,3 ҳазор дона ё 136,9 фоиз таъмин карда шудааст. 
Дар давраи ҳисоботӣ аз 751 корхонаи саноатӣ 631 корхона фаъолият намуда, 120 корхона ё 16,0 фоиз аз кор бозмонд. Намуди маҳсулоти истеҳсолшаванда дар корхонаю коргоҳҳои саноатии вилоят ба 230 номгӯй расид. Ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар вилоят бунёди зиёда аз 700 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо зиёда аз 14 ҳазор ҷойи нави кор дар нақша аст. Аз ҷумла, дар соли 2022 ба истифода додани 145 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо 2 ҳазору 904 ҷойи нави кор пешбинӣ гардида, давоми 9 моҳи соли 2022-юм 130 корхонаву коргоҳи нав бо 2 685 ҷойи нави кор ба фаъолият шуруъ намуд. 
Барои дар соли таҳсили 2022 - 2023 бо либоси мактабӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят давоми 9 моҳи соли ҷорӣ 959 278 дона либоси мактабӣ дӯхта шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 111,0 фоиз таъмин гардид.
Дар вилоят 10 корхонаю коргоҳи пойафзолдӯзӣ фаъолият карда, дар моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ 290,6 ҳазор ҷуфт пойафзол истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 50,9 ҳазор ҷуфт ё 21,2 фоиз зиёд аст.
Кишоварзони вилоят ҷиҳати таъмини рушди соҳа тадбирҳои судманд андешида, ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзиро дар 9 моҳи соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба 10 миллиарду 826,7 миллион сомонӣ расонданд, ки ба 112,0 фоизи нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2021 баробар мебошад. Дар соҳаҳои рустанипарварӣ ба маблағи 8 миллиарду 115,7 миллион сомонӣ, чорводорӣ 2 миллиарду 711,0 миллион сомонӣ ва моҳипарварӣ ба маблағи 9,4 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуда, суръати афзоиш мутаносибан 110,8 фоиз, 115,9 ва 109,6 фоиз таъмин гардидааст. 
Сарфи назар аз дастовардҳои иқтисодӣ, дар нуҳ моҳи сипаришудаи соли равон ва афзоиши нишондиҳандаҳо дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2021 раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз он изҳори нигаронӣ кард, ки дар самти татбиқи Барномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба саноатикунонии босуръати кишвар ва эълон шудани солҳои 2022-2026 - Солҳои рушди саноат камбудиҳо ба чашм мерасанд, ки сари вақт ислоҳ нагаштани онҳо ба татбиқи муътадил ва босифати ин иқдоми Ҳукумати кишвар монеа эҷод менамоянд. Масалан, ҷойи таассуф аст, ки дар нуҳ моҳи соли равон теъдоди кормандони соҳаи саноат дар ҳамаи самтҳо: саноати сабуку коркарди маҳсулоти мошинолотию маъдан коҳиш ёфтааст ва мутобиқи маълумоти расмӣ зиёда аз 1200 нафарро ташкил медиҳад. Ва ё дар ин фосилаи вақт 120 корхона, ки 16 дарсади коргоҳҳои умумии соҳаи саноатро ташкил медиҳад, дар шаҳру навоҳии Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Конибодом, Гулистон, Исфара, Ашт, Бӯстон, Спитамен, Истаравшан ва Панҷакент аз фаъолият бозмонданд. Аз ҷумла, тули нуҳ моҳ дар шаҳру навоҳии Конибодом 128 нафар, Мастчоҳ 40, Ҷаббор Расулов 60, Исфара 400, Ашт 46, Спитамен 74, Истаравшан 26 ва Шаҳристон 20 нафар коргарони соҳаи саноат коҳиш ёфта, мутаассифона, ин раванди номатлуб идома дорад. Тавлиди либосҳои мактабӣ баъди дастуру супоришҳои Сарвари давлат рӯ ба афзоиш ниҳода бошад ҳам, аммо таъмини хонандагони мактабҳои вилоят бо либосҳо ҳамагӣ 37 дарсадро ташкил медиҳаду халос.
– Пас, мантиқ дар куҷост, – суол мегузорад раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулони соҳа, ин дар ҳоле ки ҳадафи асосӣ аз таъсиси коргоҳҳои нави истеҳсолӣ рушди саноат ва болоравии иқтисодиёт, дар ниҳояти кор, таъсиси ҷойҳои нави кор ва коҳиш додани муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад. 
Ҳамчунин, тавре сардори раёсати андоз дар вилояти Суғд Абдуқаюм Воҳидов иброз дошт, дар нуҳ моҳи соли равон як ҳазору 542 корхона дар ҳамаи шаклҳо: чи истеҳсоливу хизматрсонӣ, дар маҷмуъ, зиёда аз 9 ҳазор нафар коргарони худро ихтисор карданд. Аз ин ҳисоб табиист, ки норасоии фонди музди меҳнат 83 миллион сомониро ташкил дода, ба миқдори 32 дарсади ин маблағ дар шакли андоз ба буҷети вилоят ворид нашуд. 
Дар ҷараёни баррасии фаъолияти хоҷагии халқ раиси вилоят таъкид дошт, ки захираву имкониятҳои минтақа дар рушди соҳаи саноат хеле бузурганду онро бояд марҳила ба марҳила ҷиҳати равнақи иқтисодиёт самаранок истифода бурд. Дар раванди саноатикунонӣ ва рушди саноат мебоист, ки саҳми Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” муассир бошад, аммо фаъолияти он солҳои охир ҷавобгӯ ба талаботи давру замон намебошаду ин ҷо иқдомҳои ташаббускорӣ намерасанд, – иброз дошт раиси вилоят. 
Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати беҳбудӣ бахшидан дар самти истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла ғаллакориву картошкапарварӣ, сабзавоткорӣ, фикру мулоҳизоти хешро баён дошта, баҳри ислоҳи ноҷӯриҳо дар фаъолияти кормандони соҳаи сохтмону роҳсозӣ, нақлиёт ва соҳаҳои маорифу тандурустӣ дастурҳои мушаххас дод. 
 
Ҷовиди АШТӢ, 
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.10.2022    №: 206    Мутолиа карданд: 1420
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед