logo

иқтисод

ШАМСИДДИН ШОҲИН. НОҲИЯЕ ДАР МАСИРИ НАВИ РУШД

Ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо ҳавои софу беғубор, кӯҳҳои сарбаафлок, чашмаҳои зулолу мусаффо, рӯду дарёҳои пурхурӯшу тезҷараён ва ҳайвоноту набототи нодир на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки берун аз он шуҳрати зиёд дорад. Солҳои соҳибистиқлолӣ маркази ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва деҳоти дурдасти он дар партави сиёсати хирадмандонаву  ободкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат, бо қомат афрохтани биноҳои баландошёнаи  истиқоматӣ ва маъмурӣ симои зоҳирии хешро ба куллӣ тағйир дода, ба як гӯшаи ободу зебои кишвар табдил ёфтааст. 
 
Дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷи-кистон бунёдкорӣ, ободонию созандагӣ дар ин ноҳияи дурдасти кӯҳистон вусъати тоза касб мекунад. Дар заминаи нақша – чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин сохтмони 216 иншоот ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз 146 иншооти таъминоташон гуногун бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар 64 иншооти дигар корҳо идома доранд. Тавре Гулзода Зафар Шамсиддин, раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, ба хабарнигори «Ҷумҳурият» иттилоъ дод, ин ҳама ободкориву бунёдкориҳо, созандагиҳо ва навгониҳо аз он далолат медиҳанд, ки мардуми сарбаланду баору номуси ноҳия, аз сиёсати бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шукргузор буда, баҳри боз ҳам шукуфо намудани ин гӯшаи диёри маҳбуб камари ҳиммат бастанд. Солҳои охир сохтмони даҳҳо иншоотҳои таъиноти гуногун, таъмиру таҷдиди роҳҳо, бунёди инфрасохтори сайёҳӣ бо муҳайё намудани ҷойҳои нави кор ба анҷом расонда шуд. Аз ҷумла, аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ 1 230 метр роҳҳои маркази ноҳия бо маблағи 3 миллион сомонӣ мумфарш ва чароғон, аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ ба маблағи 41 ҳазор сомонӣ дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти  Сарчашма ва Чагам 3 километр роҳ таъмир ва 20 аломати роҳ васл карда шуданд. Аз ҳисоби соҳибкорон бошад, 3,4 километр роҳҳои маҳаллӣ ба маблағи 250 ҳазор сомонӣ сангфарш ва 3 кӯпрук таъмиру барқарор гардиданд. Ёдрас мешавем, ки  ноҳия аз лиҳози ҷуғрофӣ, мавзеи хуби сайёҳӣ ба ҳисоб рафта, боду ҳавои тоза, табиати  афсункори он барои ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ мусоидат мекунад. Дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия чораҳои заруриро дар ин самт роҳандозӣ намуд. Бобати муаррифии мавзеъҳои сайёҳӣ дар шабакаҳои интернет, сомонаи алоҳидаи хатсайрҳои сайёҳии Имом Алии Аскарӣ ва Мамнуъгоҳи «Даштиҷум» фаъол гардонда шуд. Соҳибкори маҳаллӣ Аламхон Нуров дар шафати шоҳроҳ, дар доманаи кӯҳҳои осмонбӯс меҳмонхонаи хуштарҳу замонавии дуошёна бунёд намуд, ки барои қабули меҳмонон бо тамоми шароити будубошаш омодаи хизмат мебошад. Инчунин, соҳибкори маҳаллӣ Шамс Назаров дар шафати Шоҳроҳи бузурги Абрешим, ки аз маркази ноҳия мегузарад, боғи намунавӣ бунёд намуд. Боғ дорои 5 ҳазор ниҳоли сояафкану мевадиҳанда буда, дар дохилаш меҳмонхонаи замонавӣ қомат афрохтааст. Дар маҷмуъ, дар ноҳия шаш ширкати сайёҳӣ,  ду  меҳмонхонаи замонавӣ  ва  чор  меҳмонхонаи  хурд  фаъолият дорад. Ёдовар мешавем, ки ҳар сол ҳазор нафар сайёҳи дохиливу хориҷӣ аз ин мавзеъҳои таърихӣ дидан намуда, ҳаловат мебаранд.   
Дар маҷмуъ, дар ин ноҳияи дурдасти баландкӯҳ дар 30  соли истиқлол 73 майдонча ва 5 толори варзиш мавриди истифода қарор гирифт. Бунёди ин иншоотҳои варзишӣ ба наврасону ҷавонон имкон фароҳам овард, ки варзишгарони ноҳия зимни ширкат дар мусобиқаҳо сазовори 18 медал, аз ҷумла 9 тилло, 4 нуқра  ва 5 биринҷӣ гардиданд.                 
Сокинони ноҳия аз он ифтихор доранд, ки дар доираи иқдомҳои созандаи Ҳукумат, махсусан таваҷҷуҳи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, биноҳои нави замонавӣ ва мавзеъҳои фароғатӣ бунёд ёфта, ба ин васила,  ҷойҳои нави кор таъсис меёбанд. Ободониву созандагӣ ва бунёдкорӣ аз он далолат медиҳанд, ки мардуми сарбаланди баору номуси ноҳия дастуру супоришҳои роҳбарияти олии мамлакатро сармашқи кори ҳаррӯзаи худ дониста, баҳри шукуфоии сарзамини  дӯстдоштанӣ, инчунин, барои зиндагии шоистаи сокинон шароити созгор фароҳам оварда, содиқона ва дилгармона заҳмат мекашанд, – афзуд раиси ноҳия Гулзода Зафар Шамсиддин.
 
Холназар КАСИРОВ, 
«Ҷумҳурият»   
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.10.2022    №: 206    Мутолиа карданд: 1366
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед