logo

энергетика

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ ЭНЕРГЕТИКИИ ТОҶИКИСТОН

 
Дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон  ба муваффақиятҳои бузург дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла энергетика, ноил гардид. Тоҷикистон, пеш аз ҳама, дар кишвар масъалаи таъмини рушди устувори иқтисодиро ба миён гузошт. Бо назардошти ин, Ҳукумати кишвар барои инкишофи минбаъда се ҳадафи стратегиро барои рушди иқтисодиёт ба нақша гирифт: таъмини истиқлоли энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ.
 
Роҳбари давлат борҳо таъкид намуданд, ки рушди мунтазами иқтисодиёти кишвар бе истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини пурраи ҳамаи соҳаҳо бо неруи барқ ғайриимкон аст. Ҳамин буд, ки дар ин муддат давлату Ҳукумат ва миллати сарбаланди тоҷик таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ҳалли мушкилоти энергетикӣ, ноил гардидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ва чароғон намудани ҳар хонадони тоҷику тоҷикистонӣ камари ҳиммат баста, ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.
Бо мақсади расидан ба истқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ дар даврони соҳибистиқлолӣ 287 неругоҳи барқи обии хурду бузург, 1,5 ҳазор километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддат, 50 зеристгоҳи баландшиддати барқӣ бунёду таҷдид ва, дар маҷмуъ, 75 дарсади инфрасохтори энергетикии кишвар навсозӣ шуд. Дар ин давра беш аз 2000 мегаватт иқтидорҳои энергетикии иловагӣ бунёд гардиданд. Дар натиҷа, соли 2011 дар таърихии навини Тоҷикистон системаи ягонаи энергетикӣ ба вуҷуд оварда шуд ва устувории фаъолияти соҳа таъмин гашт. 
Дар соҳаи электроэнергетикаи ҷумҳурӣ 17 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо ҷалби зиёда аз 1,8 миллиард доллари ИМА татбиқ карда шуд. 
Илова бар ин, дигар иншооти муҳими соҳа, ба монанди сохтмони навбати хатҳои интиқоли барқи 220 кВ “Қайроққум – Суғд”, «Айнӣ – Рӯдакӣ», хатти интиқоли барқи 110 кВ НБО “Хоруғ” – НБО “Помир”, зеристгоҳҳои барқии «Геран – 2» ва «Қайроққум» дар арафаи анҷомёбист.
Инчунин, мувофиқи нақша дар ояндаи наздик мавриди истифода қарор гирифтани дигар иншооти нави тавлиди неруи барқ, ба монанди агрегатҳои боқимондаи неругоҳҳои барқи обии “Роғун” ва “Себзор” (10 МВт), татбиқи лоиҳаҳои сохтмони Неругоҳи барқи ҳароратии «Фон – Яғноб», неругоҳҳои барқи обии “Шӯроб”, “Айнӣ”, “Санобод”, «Нуробод – 1», «Нуробод – 2», таҷдиди неругоҳҳои барқи обии «Норак», «Сарбанд», «Қайроққум» ва сохтмони хатҳои интиқоли барқи 500 кВ дар ноҳияҳои тобеи марказ (200 км) ва лоиҳаи САSA – 1000 (252 км), барқарорсозии зеристгоҳҳои барқии 220/500 кВ «Равшан», «Румӣ», «Бойғозӣ», «Регар», ҷорӣ намудани низоми автоматии идоракунӣ ва назорати неруи барқ дар вилояти Суғд, Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ пешбинӣ гардидааст.
Давлату Ҳукумати Тоҷикистони соҳибистиқлол зарурати беандоза бузурги сохтмони азиму гаронарзиши НБО «Роғун»-ро  дарк намуда, бо иродаю матонати хос ба тамоми фишорҳои бисёрҷониба нигоҳ накарда, тавонист, ки дар арсаи байналмилалӣ барои давом додани сохтмони НБО «Роғун» ҷонибдорӣ ёбад.  Сохтмони ин Неругоҳ дар якчанд марҳила пешбинӣ шудааст.  
Агрегати 1-ум 16 ноябри соли 2018 ва агрегати 2-юм 9  сентябри соли 2019 ба истифода дода шуд. Ҳамин тавр, сохтмони НБО «Роғун» ва бунёди обанборҳо дар дараҳои танги кӯҳӣ моро аз зарари зиёди бухоршавӣ раҳо карда, ба иқлим, экологияи муҳити атроф таъсири ҳадди ақал расонда, имкон медиҳад, ки дар якҷоягӣ масъалаҳои таъминоти нерую об дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба таври умум барои ояндаи наздику дур ҳаллу фасл шаванд.
Пурра ба кор даромадани НБО «Роғун» истиқлоли энергетикии Тоҷикистонро таъмин намуда, зербинои гузаштан ба мамлакати саноатӣ – аграрии он хоҳад шуд.
Марҳила ба марҳила бо роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мамлакат ба истиқлолияти энергетикӣ мерасад. Ҳамзамон, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд ба қадри неъмати бебаҳои табиат расида, энергияи электрикиро сарфакорона истифода бурда, ба исрофи он роҳ надиҳад.
 
Зафар ДАВЛАТОВ, 
муаллими калони кафедраи физикаи назариявии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.10.2022    №: 206    Мутолиа карданд: 1523
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед