logo

иқтисод

САНОАТ. НАҚШИ ИННОВАТСИЯ ДАР ТАТБИҚИ ҲАДАФИ ЧОРУМИ СТРАТЕГӢ

Дар ҷаҳони муосир инноватсия (навоварӣ) раванди муқаррарӣ ва муҳими мавҷудияти саноат мебошад. Ин аст, ки имрӯз соҳаи саноат дар ҳамбастагӣ бо техникаву технологияҳои навтарини бозгӯикунандаи тараққиёту таҳаввулот пеш меравад. Инноватсия раванди истеҳсолотро дар ҷаҳон осон ва бароҳат гардонда, сифати молу маҳсулотро бамаротиб боло бурд. 
 
Бино ба иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нав, истифодаи самараноки захираву имкониятҳои мавҷуда ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ дар истеҳсолоти соҳаҳои саноати ҷумҳурӣ имкон фароҳам овард, ки танҳо дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 19,1 миллард сомонӣ расад. Суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулот нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 117,3 дарсадро ташкил медиҳад. Масъулони Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид медоранд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли сипаригашта ба маблағи 2,8 миллиард сомонӣ зиёд мебошад. Бо назардошти вазъи баамаломада дар ҷаҳони муосир, нишондиҳандаи мазкур байни кишварҳои ИДМ баландтарин ба ҳисоб меравад. Инчунин, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд нишондиҳандаи баландтаринро соҳиб аст. Дар ҳамин ҳол, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот зиёд шуда, талаботи бозор ба маҳсулоти гуногуни саноати ватанӣ таъмин  мегардад. 
Мувофиқи маълумоти расмӣ, соли 2021 дар мамлакат 2 438 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, сол ба сол теъдодашон меафзояд. Танҳо дар нимсолаи аввали соли 2022 дар ҷумҳурӣ 184 корхонаву коргоҳи нав ба истифода дода шуд. Дар ин самт соҳибкорони ватанӣ саҳми назаррас мегузоранд. Дар ташаккули истеҳсолоти саноатӣ бахшҳои истеҳсоли маъдан, энергетика, хӯрокворӣ ва ангишт ҳиссаи бештар доранд. 
Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди истеҳсоли молу маҳсулоти баландсифати саноатӣ, афзоиши содирот ва пайдо кардани мавқеи сазовор дар бозори ҷаҳонии молу хизматрасонӣ имкониятҳои зиёд мавҷуданд. Тавре олимони ватанӣ изҳор медоранд, таъсиси корхонаҳои нав, воридот ва истифодаи васеи технологияҳои муосири инноватсионӣ, баланд бардоштани сатҳи касбияти соҳибкорон, қобилияти идоракунии истеҳсолот аз ҷониби онҳо, омодасозии кадрҳои баландихтисос омилҳои асосии ноил шудан ба ҳадафҳои рушди саноат ба ҳисоб мераванд.
Дар самти ҷорисозии технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаи саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саноатикунонии босуръат  як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амал мекунанд. Аз ҷумла, барномаҳои саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025, Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва ғайра. Мақсад аз қабули ин санадҳо ташаккули системаи самараноки инноватсионӣ ҷиҳати мусоидат ба рушди технологӣ, таъмини рақобатпазирии истеҳсолот, ба бозорҳои дохиливу хориҷӣ баровардани маҳсулоти ивазкунандаи воридот, рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва ниҳоят расидан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ мебошад. Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи аксари олимони ватанӣ, таъсири баъзе нишондиҳандаҳо – омилҳои пешбарандаи истеҳсолот, дар ҷумҳурӣ хеле суст ба назар мерасад. Норасоии маблағҳои гардони корхонаҳо ва фоизи баланди қарзҳои бонкӣ, фарсудашавии таҷҳизоти саноатӣ дар баъзе корхонаҳо, сатҳи нокифояи рақобатпазирӣ, ҳамкориҳои дохилисоҳавӣ, байнисоҳавию байниминтақавӣ, норасоии мутахассисони баландихтисос аз ҳамин омилҳо ба ҳисоб мераванд.  
Тавре мутахассисон иброз медоранд, барои саноатикунонии босуръати кишвар, қабл аз ҳама, омодасозии мутахассисони соҳибтахассуси ҳирфаӣ аҳамияти аввалиндаҷа дорад. 
Сарвари давлат дар суханрониҳои худ борҳо таъкид намудаанд, ки бо назардошти гузариш ба шакли индустриалӣ – аграрии рушд дар ояндаи наздик талабот ба мутахассисони сатҳи баланд оид ба техника ва технология зиёд мешавад. Аммо, тавре олимони ватанӣ изҳор медоранд, то ба ҳол системаи омодасозӣ, такмили дониш ва ихтисоси кадрҳои қобили таъмини рушди инноватсионии соҳа ба талабот ҷавобгӯ нест. Бино ба андешаи олимон, барои ин бояд ҷойгоҳи моддию техникии донишкадаю донишгоҳҳои омодакунандаи кадрҳои техникӣ мустаҳкам карда шуда, кадрҳои ҷавобгӯйи талаботи саноатикунонӣ омода шаванд. Мавҷуд набудани сохторҳои омӯзандаи талабот ба инноватсия низ яке аз монеаҳои саноатикунонӣ маҳсуб меёбад. Ҳалли ин масъалаҳо, бино ба таъкиди олимон, ба пешрафти инноватсионии саноати Тоҷикистон такон медиҳад.
Тайи солҳои охир навовариҳо дар соҳаи саноат ҷомеаи ҷаҳониро ба зинаи нави рушд расонд. Давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон маҳз бо такя ба технологияҳои навтарин ба рушди бемайлони иқтисодиёт ноил гаштанд. Бо назардошти ин, яке аз унсурҳои муҳими таъмини тараққиёти индустриалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин татбиқи технологияҳои инноватсионӣ дар истеҳсолоти молу маҳсулоти гуногун мебошад. Аҳамияти фаъолияти инноватсионӣ ва ҷорисозии технологияҳои нав дар саноат ба афзун намудани ҳаҷми маҳсулот, таъмини рақобатнокии он, афзоиши содирот ва қонеъсозии бозори дохилӣ бо маҳсулоти баландсифати ватанӣ мебошад. Бинобар ин, инноватсия маънии пешрафти босуръати саноатро дорад.  
 
Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.10.2022    №: 206    Мутолиа карданд: 1213
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед