logo

ҳуқуқ

ТЕРРОРИСТОНИ НАҲЗАТӢ ВА ҚАТЛИ БЕРАҲМОНАИ АБДУЛЛО МУҚАРРАБӢ

 
Яке аз шохаҳои терроризми байналмилалӣ ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати ислом аст, ки ахиран аз тарафи Суди Олии Федератсияи Россия низ, мамнуъ ва террористӣ эълон гардид. Мақомоти ин кишвар баъд аз баррасии масъала ва ба эътибор гирифтани тамоми далелҳо дар бораи силсилаи ҷиноятҳою террорҳои ТТЭ ҲНИ онро мамнуъ ва террористӣ эътироф кардааст. Албатта, ин амал мантиқан дуруст ва барои пешгирии терроризм муҳим аст, зеро наҳзатиҳо бо афкору мақсадҳои доштаашон на танҳо ба амнияти Тоҷикистон, балки ба амнияти тамоми кишварҳои пасошуравӣ, аз ҷумла Россия таҳдид менамоянд.
Дар асл, ҷиноятҳои ин ташкилоти ифротии наҳзатӣ бе ҳисобанд. Мутаассифона, дар ҷомеаи мо аъзои гурӯҳи даҳшатафкану ваҳшатангези ташкилоти террористии дар Тоҷикистон мамнуи наҳзат ба амалҳое даст мезаданд, ки ваҳшиёни ёбоиву хунхор ҳеҷ гоҳ ин гуна рафторро раво намедиданд. Дар баробари ин қадар қатлу куштор ва ваҳшониятҳо, боз нафаронеро несту нобуд мекарданд, ки дар дохили худи ислом барои рушду инкишоф ва пешрафти он саҳм гузоштан мехостанд.
Яке аз чунин амалҳои даҳшатбор ва фалокатбори намояндагони  ташкилоти террористии наҳзат ба қатл расондани роҳбари ҷараёни динии «Баҳоия» дар Тоҷикистон Абдулло Муқаррабӣ мебошад.
24 сентябри соли 1999 аъзои ташкилоти террористӣ Ф. Комилов, Т. Миров ва М. Нарзуллоев бо супориши бевоситаи роҳбари ин ташкилот ва бо маслиҳати пешакӣ ба манзили зисти сарвари ҷараёни «Баҳоия» Абдулло Муқаррабӣ, воқеъ дар шаҳри Душанбе ворид гардида, эшонро аввалан хеле лату кӯб менамоянд, баъдан, дастонашро бо сим баста, аз силоҳи оташфишон сӯи ӯ тир холӣ мекунанд ва ҳамин тавр, бо як бераҳмӣ номбурдаро ваҳшиёна ба қатл мерасонанд.
Бо куштани роҳбарони ҷараёни «Баҳоия» дар Тоҷикистон роҳбарият ва намояндагони ТТЭ ҲНИ ба мардуми кишвар нишон доданӣ буданд, ки эшон ҳеҷ гуна афкору андешаи дигар ва ё ҷадидро қабул надоранд. Акнун, аз ин ҷо хулоса мебарояд, ки онҳо пайрави динҳои дигарро ин гуна несту нобуд кардаанд, пас, онҳо ба дунявиён, демократҳо ва равшанфикрону озодандешон чӣ гуна муносибат менамоянд? 
Ин аст амали дасти роҳбару аъзои ин ташкилоти террористӣ. Бинобар ин, муқовимат бо терроризм, аз ҷумла ба тамоми аъзоён, пайравон ва мубаллиғони террористони наҳзатӣ, яке аз самтҳои асосии таъмини амнияти миллии мамлакат ба шумор меравад. Мусаллам аст, ки Тоҷикистон терроризмро бо тамоми зуҳуроташ қотеона маҳкум менамояд ва аз талошҳои дастаҷамъонаи ҷомеаи башарӣ дар мубориза бар зидди ин зуҳуроти марговару хатарнок пуштибонӣ менамояд.
Ҳамин тавр, терроризм ба унвони як зуҳуроти номатлуб аз худ қурбониҳои зиёди инсонӣ ба бор оварда, арзишҳои моддию маънавӣ ва фарҳангиро хароб менамояд, ки дар тули асрҳо наметавон онро барқарор сохт. Он дар байни гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва миллӣ бадбинию нобоварӣ тавлид месозад.
 
К. СУБҲОНЗОД, муҳаққиқ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.10.2022    №: 206    Мутолиа карданд: 1421
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед