ҳуқуқ
ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО
КОРРУПСИЯ
Дар се боғчаи бачагона 2,5 миллион сомонӣ тасарруф шудааст
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақшаи тафтишу санҷишҳои молиявӣ барои солҳои 2021 - 2022 филиали Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” дар шаҳри Роғунро мавриди санҷиши молиявӣ қарор дод.
Тибқи иттилои маркази матбуоти Агентӣ, зимни санҷишҳои мутақобила дар муассисаҳои боғчаи бачагонаи № № 1, 20 ва 21-и шаҳри Роғун муайян гардидааст, ки аз ҳисоби фонди музди меҳнати кормандон зиёда аз 2,5 миллион сомонӣ тасарруф шудааст. Вобаста ба ин ҳолат, барои қабули қарори қонунӣ ба сохторҳои дахлдори Агентӣ маводи санҷиши молиявӣ пешниҳод гардида, мавриди баррасӣ қарор дорад.
ҚАЛЛОБӢ
Марди судшудае, ки боз дар курсии айбдорӣ нишаст
Кормандони мақомоти милитсия дар шаҳри Хуҷанд сокини ҳамин шаҳр (марди 34-сола)-ро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ дастгир карданд.
Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ хабар дод, ки боздоштшуда моҳи октябр бо роҳи фиреб мошини як сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро, ки арзишаш 175 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, гирифта ба шаҳрванди дигар фурӯхта маблағашро надодааст.
Айни замон, нисбат ба ин ҳодиса бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятӣ (қаллобӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад. Ин дар ҳолест, ки шахси гумонбар қаблан ҳам бо ҷурми қаллобӣ суд шудааст.
ДУЗДӢ
Гумонбар ба дасти милитсия афтод
22 октябр як сокини пойтахт, ки сомонаи Вазорати корҳои дохилӣ аз ӯ марди 45-сола ном мебарад, бо роҳи пинҳонӣ ба дохили корхонаи ҶДММ “Пайванд”, воқеъ дар кӯчаи Чортеппаи шаҳри Душанбе даромада, даст ба дуздӣ задааст.
Ин мард, ки ҳоло ба гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ боздошт гардидааст, аз дохили сандуқчаи оҳании корхона 33 ҳазору 700 долларро гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст, ки вобаста ба ин ҳолат тафтишот давом дорад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 27.10.2022 №: 206 Мутолиа карданд: 1640