Хабарҳо
ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ. ВАЗЪ ВА ДУРНАМО
Таҳти чунин ном дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд доир гардид. Дар он намояндагони вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмӣ, коршиносон ва хабарнигорон ширкат варзиданд.
Директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Хайриддин Усмонзода дар сухани ифтитоҳии хеш зикр намуд, ки ҳукумати электронӣ низомест, ки муоширати самараноки ҳамаи муассисаву мақомоти расмию ғайрирасмиро муттаҳид намуда, ба онҳо шароит фароҳам меорад, то бо истифода аз шабакаи компютерӣ гардиши санадҳои электронии байниидоравиро таъмин созанд, ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ хизматрасониҳои иттилоотиро пешниҳод кунанд ва ё арзу шикоятҳои онҳоро баррасӣ намоянд.
- Муҳимтарин нақши «Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Тоҷикистон» дар он ифода меёбад, ки санади мазкур дар назди мақомоти давлатӣ ва дигар ташкилот вазифа мегузорад, то таъмини иттилооти электрониро ба роҳ монанд. Таъсис додани сомонаҳои ҳукуматии ҳамаи вазорату идораҳои кишвар дар шабакаи ҷаҳонии интернет, ки дар оянда дар шакли портали ҳукуматии иттилоотӣ – ахбории ягонаи ҳукумат муттаҳид мешаванд, рушди сомонаҳои интернетии идоравӣ, ки пурра ва сари вақт ҷойгирнамоии маълумоти дахлдорро дар онҳо таъмин мекунанд, вазифаҳои аввалиндараҷа маҳсуб мешаванд. Аммо, дар самти татбиқи ин мақсад мушкилоти муайян ҷой дорад. Яке аз чунин мушкилот дар самти иттилоотонӣ ин ҳанӯз коркард нашудани маълумоти кушода мебошад. Ба гуфтаи масъулони соҳа, дар Тоҷикистон заминаи фаровони маълумоте, ки бояд дастраси омма бошад, ҳамчун хазина маҳфуз аст. Ин маълумот ҳанӯз ҳам дастраси омма нагаштааст, зеро коркард ва пешниҳоди он дуруст ба роҳ монда нашудааст, - изҳор дошт Х. Усмонзода.
Дар нишаст дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти гузариш ба ҳукумати электронӣ, вазъи татбиқи ҳукумати электронӣ дар фаъолияти сохтору идораҳои давлатии кишвар, таҳлилу баррасии санадҳои танзимкунандаи соҳа, мушкилот ва монеаҳои ҷойдошта дар самти гузариш ба ҳукумати электронӣ, дараҷаи самаранокии татбиқи унсурҳои алоҳидаи ҳукумати электронӣ дар соҳаҳои асосии кишвар (идораи давлатӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва низоми хизматрасонӣ) ҳукумати электронӣ ва ҳифзи амнияти иттилоотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои марбут ба он муҳокима гардиданд.
Абдураҳмон Гулзода, директори Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия, дар мавзуи истифодаи унсурҳои ҳукумати электронӣ дар низоми таҳсилоти ҷумҳурӣ: дастовардҳо, мушкилот ва дурнамо, Дилшодбек Ғаниев, директори департаменти технологияҳои иттилоотии Бонки миллии Тоҷикистон дар хусуси низоми ҳуҷҷатгузории электронӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон, Абдукарим Қурбонов, мудири бахши котиботи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба самаранокии амалишавии принсипҳои ҳукумати электронӣ дар самти тақвият бахшидани соҳаи сайёҳӣ (дар мисоли Тоҷикистон), Собирҷон Вазиров, муовини сардори раёсати такмили қонунгузории андози Кумитаи андоз дар мавзуи такмили қонунгузории андоз ва рақамикунонии он, Тоҳир Умаров дар мавзуи таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ба фаъолияти иҷтимоии одамон ва дигар намояндагони вазорату идораҳо суханронӣ намуда пешниҳодҳои худро манзур доштанд.
Директори Маркази тадқиқоти стратегӣ изҳори умед кард, ки ин нишаст барои татбиқи ҳамаҷонибаи сиёсати давлатӣ дар самти татбиқи ҳаматарафи ҳукумати электронӣ дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.
З. РАҶАБ,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3976