Хабарҳо
24 ОКТЯБР. ТАНТАНАИ РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА ДАР ТОҶИКИСТОН
24 октябри соли 2022 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал Рӯзи иттифоқҳои касаба ҷашн гирифта шуд, ки мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони ин ташкилоти оммавӣ - ҷамъиятӣ 24 октябри соли 2019 ба он асос гузошт. Ҳамин мулоқоти судманд замина фароҳам овард, ки зимни тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 29 декабри соли 2021-ум 24 октябр ҳамчун Рӯзи иттифоқҳои касаба муқаррар шавад.
Нахустин чорабинии идона, ки бо ҳузури фаъолону собиқадорони ҳаракати иттифоқҳои касаба, роҳбарони федератсияҳои иттифоқҳои касабаи ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Қазоқистон, намояндагони Ташкилоти байналмилалии меҳнат дар шаҳри Душанбе доир гардид, хотирмон буд. Дар оғози чорабинӣ Паёми шодбошии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи иттифоқҳои касаба ба иштирокчиён расонда шуд.
Маликшо Неъматзода, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, изҳор дошт, ки фаъолияти иттифоқҳои касаба ҳамчун шарики боэътимоди иҷтимоии давлат ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Пешвои муаззами миллат, қарор дорад. Зикр шуд, ки иттифоқҳои касаба барои рушди босубот ва инкишофи хоҷагии халқи мамлакат, боло рафтани нуфуз ва эътибори шахс дар ҷомеа, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳо дар асоси Конститутсия, Кодекси меҳнат, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба» фаъолият мекунанд. Баробари иҷрои нақшаи корӣ, дар таҳкими дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва тақвияти неруи инсонӣ дар мамлакат саҳм мегузоранд.
Дар идомаи чорабинии идона, як қатор собиқадорони соҳа бо нишони фахрии «Барои хизмати шоён» қадр шуда, меҳмонони хориҷӣ, аз ҷумла раисони федератсияҳои иттифоқҳои касабаи ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон – Қудратулло Рафиқов ва Қазоқистон – Даулеталин Сатибалди, намояндаи Ташкилоти байналмилалии меҳнат Гоча Александрия бо нишони фахрии «Шарики иҷтимоӣ» сарфароз гардиданд.
Ҷамъомади тантанавӣ бо пешниҳоди барномаи ҷолиби консертӣ ба анҷом расид, ки то дер гоҳ дар хотири фаъолони соҳаву меҳмонони хориҷӣ боқӣ хоҳад монд.
Латифабону РУСТАМЗОДА, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3769