мулоқотҳо
МУЛОҚОТИ ЯКУМИ САРВАРОНИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ВА ИТТИҲОДИ АВРУПО ДАР ҚАЗОҚИСТОН
27 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар мулоқоти якуми сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар мулоқот, ҳамчунин, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон Хоҷамурод Гелдимуродов, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров ва Президенти Иттиҳоди Аврупо Шарл Мишел иштирок намуданд.
Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвари кишвари мизбон Қосим-Жомарт Токаев барои ташкили чорабинӣ дар сатҳи баланди тадорукотӣ ва меҳмоннавозӣ изҳори сипос карданд.
“Чорабинии имрӯза боз як имкони хуби муҳокима ва ҳамоҳангсозии амалҳо дар пасманзари тағйироти геополитикии ҷаҳонӣ аст, ки ба таҳкими рушди созандаи ҳамкории байниминтақавӣ нигаронда шудааст”, – таъкид намуданд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Зимни суханронии худ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, қабули Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ изҳори қаноатмандӣ карда, ба роҳбарияти Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати расондани ёрӣ дар давраи пандемияи COVID-19 сипос гуфтанд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон кӯшишҳои рушди ҳамкориҳои байниминтақавӣ дар соҳаҳои иқтисод, нақлиёту коммуникатсия, обу энергетика ва дигар масъалаҳоро, ки ба рушди устувори минбаъдаи кишварҳои мо нигаронда шудаанд, комилан дастгирӣ мекунад.
Зимни суханронӣ дар мулоқоти якуми сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, оид ба имкони таҳкиму тавсеаи робитаҳои кишварҳо дар чаҳорчӯби “Осиёи Марказӣ - Иттиҳоди Аврупо” дар соҳаҳои ояндадори тиҷоратию иқтисодӣ, амнияти озуқаворӣ, кишоварзӣ, нақлиётию логистикӣ, энергетика, ҳамкорӣ дар самти “неруи сабз”, аз ҷумла тавассути истифодаи самараноки захираҳои гидроэнергетикӣ, андеша ронданд.
Тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо, афзоиши обхезӣ ва омадани сел, хушксолӣ ва таъсири манфии ин падидаҳо ба вазъи иқтисодию иҷтимоии кишварҳо аз масъалаҳои муҳиме буданд, ки вобаста ба ҳалли онҳо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳодҳои асоснок манзур намуданд.
Дар рафти мулоқот ҷанбаҳои мухталифи амнияти минтақавӣ, аз ҷумла қазияи Афғонистон, мавриди таваҷҷуҳи иштирокдорони он қарор дошт.
Аз натиҷаи ин ҳамоиш Изҳороти муштараки матбуотии сарварони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Президенти Иттиҳоди Аврупо пахш гардид.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.10.2022 №: 207 Мутолиа карданд: 1605