мулоқотҳо
ВОХӮРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ШАРЛ МИШЕЛ
27 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳошияи нишасти сарварони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо бо Президенти Иттиҳоди Аврупо Шарл Мишел мулоқот карданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ маҷмуи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардиданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки Иттиҳоди Аврупо дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҷойгоҳи хосса дорад.
Ҷонибҳо аз сатҳи муносибатҳо ва аз татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ ва шарикӣ, ки барои густариши ҳамкории ҳамаҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо асоси устувор гузоштааст, изҳори қаноатмандӣ карданд.
Зимни мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар самти сармоягузорӣ, фаъолияти ширкатҳои муштарак ва расондани кумакҳои техникиву молиявӣ барои соҳаҳои афзалиятноки иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, дастгирии молиявӣ ҷиҳати рафъи пайомадҳои пандемияи COVID-19 ва таъсири манфии буҳрони сиёсии кишварҳои ҷангзада ба иқтисоди мамлакати мо, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар бахшҳои саноат, истихроҷи маъдан, бунёди зерсохтор, соҳаҳои кишоварзӣ, сайёҳӣ ва маорифу тандурустӣ, зарур шумурда шуд.
Дар рафти мулоқот таҳкими шарикӣ бо Иттиҳоди Аврупо дар маблағгузории татбиқи лоиҳаҳои “Иқтисоди сабз”, “Иқтисоди рақамӣ”, таъсиси “Паркҳои технологӣ”, “Технологияҳои рақамӣ” ва ҷорӣ намудани Низоми “Савдои электронӣ” дар Тоҷикистон ба манфиати ҳар ду ҷониб маънидод гардид.
Ҷонибҳо зимни мулоқот, инчунин, оид ба ҳалли мушкилоти глобалии марбут ба об ва тағйирёбии иқлим, табодули афкор анҷом доданд.
Зимни муҳокимаи масоили таҳкими амнияту субот дар Осиёи Марказӣ ҷонибҳо қазияи Афғонистон ва ҳамкориҳоро дар самти ҳифзи сарҳад дар чаҳорчӯби татбиқи барномаҳои БОМКА ва КАДАП баррасӣ карданд.
Ҷониби Иттиҳоди Аврупо тазаккур дод, ки дар масоили Афғонистон Тоҷикистонро шарики муҳими худ ҳисобида, минбаъд низ дар ҳалли қазияи ин кишвари ҳамсоя, бахусус, мустаҳкам кардани сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ҳамкориҳои муфидро роҳандозӣ хоҳад намуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.10.2022 №: 207 Мутолиа карданд: 1544