фарҳанг
САФОКЕШЕ, КИ ХУЛҚАШ СОФУ НАКУ АСТ
Чу мӯйи ӯ дилаш испед бошад,
Надорад заррае кибру ҳасодат.
Ба мактаб, ки бувад даргоҳи олӣ,
Ба гуфтори наку созад ибодат.
Бале, муаллим беҳтарин шахсест, ки қалбаш пок аз кибру ҳасад буда, бо гуфтори наку, таълиму тадрис ва ҳидояти шогирдон пайваста дар ибодат аст. Маҳз тавассути заҳматҳои содиқонаи устодони поксиришту некхоҳу накукор дар мактаб маърифат пойдор, илму адаб устувор ва шогирдон баркамолу соҳибилму боистеъдод мегарданд. Омӯзгор шогирдонро ба сӯйи фардои дурахшон ҳидоят менамояд ва дар чаманистони илму адаб офтоберо мемонад, ки бо нурҳои ҷонбахшаш қалби ҳар толибилмро рӯшан мегардонад.
Аълочии маорифи Тоҷикистон устод Раҷабалӣ Кенҷаев аз зумраи ҳамин гуна омӯзгоронест, ки 48 соли умри бобаракати худро сарфи таълиму тарбияи шогирдон намуда, онҳоро ба роҳи илму маърифат, ватандӯстӣ, эҳтироми калонсолон ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ роҳнамун месозад. Раҷабалӣ Кенҷаев омӯзгори фанни физикаву математика буда, аз соли 1974 то ҳол дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 11-и ба номи Сафар Мирзоеви деҳаи Булёни Поёни ноҳияи Данғара ба шогирдон дарс мегӯяд. Ӯ тули қариб ним асри омӯзгориаш боре ҳам тарки касби пешакардааш накардааст, ки ин далели омӯзгори воқеӣ ва ҷонфидо дар касби худ будани ӯст. Устоди гиромӣ имрӯзҳо мебоист ба нафақа барояд, вале боз ҳамон меҳру муҳаббат ба касб ва ба ӯ эҳтиёҷ доштани Муассисаи фавқуззикр садди роҳ шуданд. Мавсуф яке аз омӯзгорон, сафокеше бо хулқи софу накуст, ки шогирдони зиёдеро тарбия намуда, ба роҳи рост ҳидоят кардааст. Шогирдони ин марди асил ҳамасола дар озмунҳои фанни алгебра соҳиби ҷойҳои аввалу ифтихорӣ мегарданд. Қобили зикр аст, ки дастпарварони устод – Музаффар Тураев ва Холназар Ҳасанов ҳанӯз дар замони собиқ Иттиҳоди Шуравӣ дар олимпиадаи мактаббачагон иштирок намуда, сазовори ҷойҳои аввал ва роҳхат ба лагери истироҳатии «Чайка» гардида, тули 24 рӯз дар он ҷо истироҳат намуданд.
Солҳои 2017-2019 шогирдонаш Комрони Шералӣ дар олимпиадаи фаннии мактаббачагон аз фанни математика соҳиби ҷойи сеюм ва Тоҷиддин Маҳмадалиев соҳиби ифтихорнома гардиданд. Соли гузашта бошад, шогирдаш Ғолибшо Собиров дар олимпиадаи фаннии мактаббачагон дар даври ҷумҳуриявӣ аз фанни алгебра сазовори ҷойи якум гардид. Имсол ҳам барои устод соли бобарор омад, зеро шогирдаш Ғолибшо Собиров дар олимпиадаи фаннии мактаббачагон дар даври вилоятӣ аз фанни алгебра сазовори ҷойи аввал ва медали тилло шуд. Устод аз ин музаффарияти шогирдонаш меболад ва бо ифтихор дар бораи онҳо сухан мегӯяд. Албатта, обрӯи шогирдони болаёқат обрӯи устоди ӯст. Устоде, ки шогирде тарбия наменамояд, дарахти бесамару беманфиатро мемонад. Раҷабалӣ Кенҷаев омӯзгори сахтгир ва дар навбати худ ниҳоят ҳалиму меҳрубон аст. Ӯ чунон лаҳни ширин дорад, ки, ҳатто, ҳангоми накуҳиш кардан ҳам касро хушоянд аст.
Ду писари муаллим – Шералӣ ва Шамсиддин низ касби пуршарафи омӯзгориро пеша кардаанд ва идомадиҳандаи роҳи пешгирифтаи қиблагоҳашон дар Муассисаи болозикр мебошанд.
Дар ягон давру замон қадру манзалати муаллим – ҳидояткунанда ба сӯи илму маърифат коста нахоҳад шуд, зеро баргузидагони аҳли хирад ба пос доштани қадри муаллим даъват намуда, ӯро падари маънавӣ ва ҳаққашро аз падар беш медонистанд. Ба ин маънӣ:
Ҳаққи устод аз падар беш аст,
В-аз падар устод дар пеш аст.
Мо, аҳли омӯзгорон, аз он ифтихор дорем, ки дар паҳлуи чунин марди накухислат, ки қариб ба ҳамаи омӯзгорони ин даргоҳи илму маърифат ҳаққи устодӣ доранд, кор мекунем. Муваффақиятҳои устодро бо шогирдонаш, ки мояи ифтихори ҳар омӯзгор аст, муборакбод гуфта, хоҳони онем, ки ин марди хирад умри дароз бинаду ҳамеша дар ҳалқаи фарзандону шогирдонаш тансиҳату хушбахт бошад.
Хайринисо ЛАТИФОВА,
омӯзгори МТМУ № 11-и ба номи С. Мирзоеви
ноҳияи Данғара
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.10.2022 №: 207 Мутолиа карданд: 1219