logo

Хабарҳо

МУҚОВИМАТ БО ТЕРРОРИЗМ. ҲАМОИШИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ДУШАНБЕ

 
Дар пасманзари Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон” (18 – 19 октябри соли 2022, Душанбе) чанде пеш дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конфронси байналмилалии илмӣ - амалии «Аз Волга то Ганга тавассути Трансоксиана» баргузор гардид. Ташаббускори ҳамоиш Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Институти Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон буданд.
 
Дар конфронс коршиносону муҳаққиқон аз Институти Осиё ва Аврупои АМИТ, Маркази эроншиносии Ҳиндустон, донишгоҳҳои Кобули Афғонистон, Пешовари Покистон, сафири фавқулода ва мухтори Қазоқистон дар Тоҷикистон, намояндагони сафоратҳои Федератсияи Россия, Ҳиндустон ва Ӯзбекистон дар Тоҷикистон, намояндаи Бунёди Горчаков, раиси Фонди миллии “Шоҳроҳи Абрешим – Шоҳроҳи Ваҳдат”  иштирок ва суханронӣ карданд.
Зикр гардид, ки саммити душанбегии Созмони ҳамкории Шанхай ба самтгирии нави Созмон, ки пеш аз Шарқ ба Ғарб ҳаракат мекард, дигаргуниҳои сифатан навро ворид намуд. Бо пайвастани  Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҳиндустону Покистон ва таваҷҷуҳи як қатор кишварҳои арабӣ барои узвият дар ин созмони бонуфузи байналмилалӣ уфуқи нави ҳамкориҳо дар самти “Шимол – Ҷануб” оғоз ёфт. Акнун АвруОсиёи Шимолӣ (Россия) бо АвруОсиёи Ҷанубӣ (нимҷазираи Ҳинд) тавассути Осиёи Марказӣ равобити бисёрҷонибаи худро боз ҳам қавитар месозанд. 
Иштирокчиён зикр карданд, ки мақсади конфронси мазкур, пеш аз ҳама, ҳалли мушкилоти мавҷуда, таҳияи стратегияҳои нави рушд, ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи кишварҳои ба ҳам дӯст дар соҳаҳои иқтисод, сиёсат, фарҳанг, иттилоот, ҳамлу нақл ва бехатарӣ мебошад.
 
Мирсаид РАҲМОНОВ, ходими калони илмии Институти Осиё ва Аврупои АМИТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3843
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед