logo

Хабарҳо

БА САҲИФАҲОИ ҚАЛБАКӢ БОВАР НАКУНЕД!

 
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз шаҳрвандон ва истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ даъват  намуд, ки ба саҳифаҳои қалбакии аз номи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ кушодашуда ба истилоҳ «фейкҳо» бовар накунанд.
Барои ҳалли мушкилоту ниёзмандиҳо, муроҷиат ва дархостҳо шаҳрвандон метавонанд ба почтаҳои электронии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ majmilli@rs.tj, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе dushanbe80@yahoo.com, сомона ва саҳифаҳои расмии www.dushanbe.tj, дар Инстаграм:  dushanbe_official, ба вайбери Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе (985-95-22-22) нависанд.
 
 
Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо Ли Яохуэй
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо директори генералии Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой Ли Яохуэй вохӯрд. Дар суҳбат таъкид гардид, ки Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой аз калонтарин корхонаҳои ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 2 миллиарду 779,9 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кард. Аз ҷумла, 60,8 ҳазор тонна консентрати сурб ва 94,5 ҳазор тонна консентрати руҳ.
Ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, саҳми корхона дар ободии маҳал низ назаррас буда, бо 75 миллион сомонӣ маблағгузории ширкат роҳи автомобилгарди Зарнисор – Бӯстон ба масофаи 38 км мумфарш гардида истодааст. Ҳамзамон, корхона аз ҳисоби даромадҳояш дар шаҳри Истиқлол як кӯдакистони замонавӣ бунёд намуд.
 
 
100-солагии Меҳрубон Назаров таҷлил гардид
Дар Театри мусиқию мазҳакавии шаҳри Хоруғ бахшида ба 100-солагии арбоби сиёсию давлатӣ, Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон, профессор Меҳрубон Назаров чорабинии хотирмони фарҳангӣ доир гашт. Дар чорабинӣ раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ, аҳли фарҳангу санъат, ҳамкорон, дӯстон ва наздикони ин арбоби давлатӣ иштирок намуданд. 
Мирзонабот Алишер Худобердӣ ҳозиронро бо 100-солагии устоди зиндаёд табрику таҳният гуфта, зикр кард, ки аз хотироти арбобони илму фарҳанг, дӯстон ва наздикон бармало намоён аст, ки Меҳрубон Назаров шахсияти бисёрҳирфа, дорои истеъдод ва маҳорату малакаи баланди касбӣ буда, дар оинаи фаъолият ва ҳаёти фардии он шахс як марҳилаи бузурги таърихи давраи шуравии миллати тоҷик инъикос гардидааст.
Бо ибтикори Сарвари давлат дар шаҳри Хоруғ бинои муҳташами Театри мусиқӣ-мазҳакавӣ, ки қадамҳои нахустину устувори худро ба арсаи фарҳангу санъат устод маҳз аз остони ин муассисаи бонуфуз гузошта буд, бо тарҳи зебою замонавӣ бунёд гардид ва дар пештоқи он номи Меҳрубон Назаров бо ҳарфҳои зарҳалӣ ҳаккокӣ шудааст.
Сипас, намоишномае аз ҳаёти Меҳрубон Назаров ва мусоҳибаи телевизионии соҳибҷашн ба ҳозирон пешниҳод шуданд. Чорабинӣ бо баромади консертии фарзанди соҳибҷашн Далер Назаров анҷом пазируфт.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 6242
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед