барқияҳо
БАРҚИЯИ ИЗҲОРИ ТАСАЛЛӢ
30 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Корея Юн Сок Ёл барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Хабари фоҷиабори ҷон бохтан ва осеб дидани шумораи зиёди мардум бар асари сар задани издиҳоми шадид дар яке аз хиёбонҳои марказии шаҳри Сеул боиси андуҳи амиқи мо гардид.
Дар робита ба ин мусибати гарон, ба Шумо, мардуми дӯсти Ҷумҳурии Корея ва пайвандону наздикони фавтидагон таъзияву тасаллияти самимии инҷонибро иброз менамоем ва ба ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонем».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 31.10.2022 №: 208 Мутолиа карданд: 1367