сиёсат
ҶАЛАСАИ ҒАЙРИНАВБАТИИ ШУРОИ АМНИЯТИ ДАСТАҶАМЪИИ СААД
28 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ғайринавбатии Шурои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ки дар шакли маҷозӣ баргузор гардид, иштирок карданд.
Дар ҷаласа, ҳамчунин, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ва Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Станислав Зас иштирок намуданд.
Сарварони кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ гузориши Дабири куллро дар бораи натиҷаи кори ҳайати Созмони мазкур дар Ҷумҳурии Арманистон аз 15 то 24 сентябри соли 2022 шуниданд.
Дар рафти ҷаласа аҳамияти таҳкими тадбирҳои сиёсӣ ва дипломатӣ барои ба эътидол овардани вазъ ва беҳбуди вазъият дар минтақаи амнияти дастаҷамъӣ дар Қафқоз, аз ҷумла дар асоси изҳороти сеҷонибаи сарварони давлатҳои Россия, Арманистон ва Озарбойҷон, таъкид шуд.
Дар суханронии худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон азми Тоҷикистонро барои идомаи риояи уҳдадориҳои шарикии худ дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ бори дигар таъкид карда, зарурати андешидани тадбирҳои муассирро дар доираи ин Созмон барои рушди минбаъдаи низоми вокуниш ба буҳрон зикр намуданд.
Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласа сарварони давлатҳо ба Шурои вазирони корҳои хориҷӣ дастур доданд, ки дар самти татбиқи тадбирҳои мусоидат ба Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баҳри ба эътидол овардани вазъ дар марзи Арманистону Озарбойҷон корро идома диҳад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 31.10.2022 №: 208 Мутолиа карданд: 492