logo

иқтисод

ШАҲРИНАВ. СУРЪАТИ РУШД НЕРУИ ТОЗА МЕГИРАД

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва дар доираи нақшаи чорабиниҳо вобаста ба сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои заруриро амалӣ мегардонад. Ин аст, ки бо заҳмати мардуми меҳнатқарин  марзи ноҳия рӯз ба рӯз ободу зебо гашта, сокинони он дар шароити хубу арзанда ва бо шукргузорӣ аз тинҷию оромии кишвар ва сулҳу субот кору зиндагӣ менамоянд.
 
СУРЪАТИ РУШДИ ММД-И НОҲИЯ БА 109 ДАРСАД БАРОБАР ШУД
Чунонки Абдуқодир  Вализода, иҷроку-нандаи вазифаи раиси ноҳия, изҳор дошт, дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии ноҳия 598 миллиону 341 ҳазор сомониро ташкил намуда, суръати рушди он ба 109 дарсад баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 52 миллиону 882 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Ин нишондиҳанда дар истеҳсол ва коркарди маҳсулоти саноатӣ 139 дарсад, кишоварзӣ 104, сармоягузорӣ 75, гардиши савдои чакана 121  ва хизматрасонии пулакӣ 125 дарсадро ташкил медиҳад.
Дар ин давра нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ бо андози иҷтимоӣ 100,7 дарсад таъмин ва ба буҷет 32 миллиону 304 ҳазор сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 232 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Музди меҳнати ташкилоту корхонаҳо сари вақт пардохт гардида, аз музди меҳнат қарздорӣ вуҷуд надорад.
Дар рушди бахши хусусӣ, аз ҷумла соҳибкорӣ, ки яке аз самтҳои асосии сиёсати иқтисодӣ дар кишвар ба ҳисоб меравад, шумораи умумии субъектҳои соҳибкорӣ ба 3169 адад расонда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 127-то зиёд мебошад.
 
САНОАТ 
Дар доираи эълон гардидани Панҷсолаи рушди саноат (2022 – 2026),  ҳамзамон ҷиҳати  ба фаъолият оғоз кардани  корхонаҳои саноатии аз фаъолият бозмонда, аз ҷониби роҳбарияти ноҳия таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мегардад. Дар ин давра теъдоди умумии корхонаҳои саноатӣ ба 22 адад расонда шуд, ки онҳо, асосан, дар самти истеҳсол ва коркарди нӯшокии машруботӣ, маҳсулоти нафт, оҳан ва маводи сохтмонӣ фаъолият  менамоянд. Корхонаҳои саноатӣ бо нархҳои амалкунанда ба маблағи 37 миллиону 152 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешӣ 9 миллиону 474 ҳазор сомонӣ (134 дарсад) зиёд аст.
Фаъолияти коргоҳҳои саноатӣ ба он мусоидат намуд, ки 254 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин шавад.  
                                         
БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ           
Дар доираи омодагӣ ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ қарори раиси ноҳия ба тасвиб расида, дар он  комиссия оид ба сохтмони иншооти ҷашнӣ, гурӯҳҳо ва зергурӯҳҳои корӣ ташкил гардиданд.  Раванди корҳои сохтмонӣ имрӯзҳо вусъати тоза гирифта, масъулону бинокорон бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда талош менамоянд, ки ин ҷашни пурарзишро сазовору арзанда истиқбол гиранд. То имрӯз бунёди 91  иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шудааст. 
Иншооти банақшагирифта ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, саноат, кишоварзӣ, варзиш, биноҳои баландошёнаву маъмурӣ, марказҳои хизматрасонӣ ва дигар соҳаҳо рост меояд. 
Бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба ин ҷашн дар ҳудуди ноҳия аз ҷониби гурӯҳҳои корӣ  корҳои тарғиботию ташвиқотӣ оид ба рангубор ва ба тартиб даровардани манзилҳои истиқоматӣ, тозаю озода нигоҳ доштани ҷӯйборҳо ва истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, иваз намудани симчӯбҳои фарсуда ба пояҳои оҳанию бетонӣ ба роҳ монда шудааст.
                               
КОРҲОИ ОБОДОНӢ ВУСЪАТ МЕЁБАНД
Бунёди инфрасохтори нави ҷавобгӯ ба талаботи замон, хиёбону гулгашт,  кӯчаҳои зебову чароғон, таъмири ҷории роҳҳо аз ҷумлаи он нақшаҳои тарҳрезишуда мебошанд, ки зина ба зина амалӣ гаша, ба ноҳия ҳусни нав зам менамоянд. Мавриди зикр аст, ки дар ин раванд саҳми соҳибкорон ва сокинони маҳаллӣ назаррас мебошад. 
Дар ин давра аз буҷети маҳаллӣ барои таъмири роҳҳо 114 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ карда шуд.  Аз ҷониби муассисаи коммуналӣ аз шаҳраку деҳоти Шаҳринав, Мирзо Турсунзода, Боғистон 6056 метри мукааб партовҳо бароварда шуда, ин гуна тадбирҳои созандагӣ ҳоло бомаром идома доранд. 
Гулкорӣ намудани роҳу кӯчаҳои ноҳия аз амалҳои ҳаррӯзаи сокинон маҳсуб меёбад. Дар гулгашти Сари Пул ва назди корхонаю идораҳо зиёда аз 8,5 ҳазор бех ниҳоли гулҳои лола, инчунин, дар марказ ва кӯчаҳои атрофи шаҳраку деҳоти Шаҳринав ва Мирзо Турсунзода 45 ҳазор бех гулҳои гуногун шинонданд. Дар майдони назди варзишгоҳи марказӣ 12,6 ҳазор ниҳоли арча парвариш мешавад. 
КИШОВАРЗӢ – ШУҒЛИ АСОСИИ СОКИНОН
Кишоварзӣ самти афзалиятнок ва пешбарандаи иқтисоди ноҳия маҳсуб меёбад.   Ин аст, ки фаъолияти истеҳсолии кишоварзон давра ба давра рӯ ба афзоиш ниҳода, ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти кишоварзӣ ба 395 миллиону 620 ҳазор сомонӣ баробар гардид. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рустанипарварӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 298 миллиону 488 ҳазор сомониро ташкил намуд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 105,7 дарсад афзудааст. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти чорводорӣ 97 миллиону 132 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.  7445 тонна мева  истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 1136 тонна зиёд мебошад.
Айни ҳол тибқи дастури Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба бомаром идома додани нақшаҳои созандагию бунёдкорӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, гузарондани кишти такрории картошка, шолӣ, маккадон, лӯбиёиҳо ва муайян намудани захираи маводи хӯрокаи ҳар як оила дар асоси қарори раиси ноҳия ситоди ноҳиявӣ таъсис ёфта, дар маҳалҳо гурӯҳҳои корӣ ташкил гардидааст. 
 
РУШДИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР МАДДИ АВВАЛ
Маориф яке аз соҳаҳои афзалиятнок ба ҳисоб рафта, дар ин давра барои рушди соҳа аз ҳисоби буҷет 29 миллиону 277 ҳазор сомонӣ равона гардидааст, ки 63 дарсади маблағи буҷети маҳаллиро ташкил медиҳад. Дар таълимгоҳҳои ноҳия 1663 омӯзгор ба  таълиму тарбияи 25 ҳазору 820  хонанда  машғул мебошад. Дар ноҳия 3 муассисаи томактабии давлатӣ теъдоди 375  кӯдак ва 4 муассисаи томактабии хусусӣ 230  кӯдакро ба таълиму тарбия фаро гирифтааст. 
Бо мақсади беҳтар намудани шароит ва иҷрои талаботи “Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2025” дар назди 41 муассисаи таълимӣ бо фарогирии 1395 нафар кӯдаки синни 4 – 6 сола дар 60 гурӯҳ марказҳои инкишофи  кӯдакон фаъолият доранд. 
 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.10.2022    №: 208    Мутолиа карданд: 1329
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед