Хабарҳо
«ТОҶИКИСТОН - ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ ҶАМЪБАСТ ШУД
Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» барои имсол бо супурдани ҷоизаҳо ба ғолибон ҷамъбаст гардид. Ҳайати ҳакамон дар се номинатсия 3 нафарро ба Шоҳҷоиза сазовор донистанд. Фаридун Ғоибназаров дар номинатсияи навозандагӣ, Фотима Назаралиева дар номинатсияи сарояндагӣ ва Раҳматулло Лутфуллоев дар номинатсияи композиторӣ шоҳҷоизаи Озмунро ба даст оварда, ҳар кадом ба 50 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ ва диплом қадр шуданд.
Маросими ботантанаи ҷоизасупорӣ дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, бо ҳузури устодони ҳунар ва ҳаводорони суруду наво доир шуд.
Роҳандозии чунин озмунҳо далели таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба фарҳанг, хосса мусиқии касбӣ мебошад. Мазмун, ғоя ва моҳияти аслии Озмун тараннуми Ватани азизи мо - Тоҷикистон буда, барои боло бурдани ҳисси ватандӯстӣ, алалхусус миёни насли ҷавону наврас нақши муассир дорад.
Раиси комиссияи Озмун, муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён ҳадафи баргузории онро дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ, баланд бардоштани маҳорати касбӣ, тақвияти ҳунар ва сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, арзёбӣ намуд.
- Озмуни навбатӣ аз он ҷиҳат хотирмон аст, ки дар соли таҷлили Ҷашни 30 - солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ва ҷамъбаст гашт. Таҳлили натиҷаҳои Озмун нишон медиҳад, ки сол ба сол шумораи иштирокдорон зиёд ва дар соҳаи мусиқӣ истеъдодҳои нав кашф мегарданд.Озмуни мазкур имкон фароҳам овард, ки мусиқии суннатии мо эҳё, ба шароити нави таърихӣ ва замони муосир мувофиқ гардад, - афзуд Матлубахон Сатториён.
Озмун аз рӯйи номинатсияҳои композиторӣ, сарояндагӣ ва навозандагӣ дар 3 давр баргузор шуд. Тибқи низомномаи Озмун дар номинатсияи сарояндагӣ ва навозандагӣ довталабони 12 - 17 ва 18 – 40-сола, дар номинатсияи композиторӣ нафарони 18 – 40-сола маҳорат санҷиданд. Даври аввал дар маркази шаҳру ноҳияҳо, даври дуюм дар марказҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳрҳои Душанбеву Ҳисор ва ноҳияи Рашт доир шуда, даври ниҳоии он дар пойтахти кишвар ҷамъбаст гашт. Тавре дар маросими ҷоизасупорӣ иттилоъ доданд, дар даври аввал 3374 довталаб ширкат варзида, 1323 нафар ба даври дуюм роҳ ёфт. Аз ин шумор, 316 нафар ба даври сеюм роҳхат гирифт. Довталабони даври ниҳоӣ тули 6 рӯз дар пойтахти мамлакат бо доварии ҳайати ҳакамон ҳунарнамоӣ намуданд.
Ҳамин тавр, ҳайати ҳакамони Озмун аз ин миён 78 нафарро ғолиб дониста, бо диплом ва мукофоти пулӣ қадр карданд. Ғолибони ҷойи якум бо 35 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм 25 ҳазор сомонӣ ва ҷойи сеюм бо 15 ҳазор сомонӣ сарфароз гардиданд. Ба устодоне, ки шогирдонашон ғолиб шуданд, Ифтихорномаи Вазорати фарҳанг ва 10 ҳазор сомонӣ тақдим шуд.
Ғолибон ҳуқуқи ширкат дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро дошта, ба мактабҳои миёнаи махсуси мусиқӣ, коллеҷи мусиқӣ ва олии мусиқӣ тариқи суҳбат, ройгон, бе супурдани имтиҳон қабул мешаванд.
Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» соли 2019 бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шуда, дар саросари мамлакат гарм истиқбол ёфт. Инак, чор сол мешавад, ки Озмун садҳо ҷавони боистеъдодро кашф ва ба ҷомеа муаррифӣ менамояд.
Фарзонаи ФАЙЗАЛӢ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 7618