фарҳанг
РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ
Вакили халқ Аҳрор Умаров аз ҷумлаи он мардони фидокор ва содиқ маҳсуб мегардад, ки дар рӯзҳои сарнавиштсоз ва таърихии Иҷлосияи XVI Шурои Олии ҷумҳурӣ дар паҳлуи Сарвари давлат устувор истода, барои таҳкиму пойдории истиқлоли сиёсиву иқтисодии мамлакат кору пайкор мекарданд.
Аҳрор Умаров, номзади илмҳои иқтисод, якчанд сол дар вазифаи устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хизмат намуда, ба шогирдон сабақ омӯхтааст. Сипас, бисёр вазифаҳои роҳбарикунандаро бо донишмандӣ ва садоқат анҷом медиҳад. Ӯ ба муддати 35 сол ҳамчун вакили халқ дар шуроҳои ноҳиявию шаҳрӣ, Шурои Олӣ ва Маҷлиси Олӣ буда, барои амалӣ гардидани орзую омоли аҳли заҳмат хидмати арзандае ба ҷо овардааст. Аҳрор Умаров соли 1990 вакили Шурои Олии Тоҷикистон, соли 1995 вакили Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2000 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст. Ӯ ҳамчун фарзанди содиқи халқу Ватан дар рӯзҳои сарнавиштсози Иҷлосияи XVI таърихӣ мавқеи устувори ватандӯстона дошт. Мавсуф аз ҷумлаи вакилони меҳанпараст буда, ба ин Иҷлосия умеди калон мебаст ва барои пирӯзии комили ҳукумати конститутсионӣ талош меварзид.
Вакили фидокори халқ Аҳрор Умаров ҳамчун иштирокчии Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ба шарафи даҳсолагии ин Иҷлосияи тақдирсоз бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо медали ҷашнии “10-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гашт.
Аҳрор Умаров баъди Иҷлосияи XVI боз чанд муддат дар кумитаи иқтисод ва буҷети Шурои Олӣ хизмат карда, барои қабули қонунҳои муҳим ба манфиати халқ кӯшишҳо анҷом дод. Кору таҷрибаи бузурги ӯ ба ҳалли масоили муҳим равона мегашт.
Усули фаъолияти роҳбарии Аҳрор Умаров ҳамин тавр буд. Дар ҳар муассисае, ки роҳбар таъин мешуд, дар навбати аввал таҷҳизоти истеҳсолотро такмил дода, шароити иҷтимоӣ, маишӣ ва ободонии корхонаро беҳтар мекард. Ба ҳамин васила, дар зудтарин фурсат пешрафти истеҳсолот ба даст меомад ва коргарон дилгармона заҳмат мекашиданд.
Ҳангоме ки дар мансаби раиси корхонаи «Ғалла»-и пойтахт корро оғоз кард, дар рӯзи аввал барои мумфарш намудани саҳни ҳавлии муассиса супориш дод. Барои ҳамин коргарон дастони Аҳрор Умаровро гулофарин номиданд. Таҷҳизоти замонавии «Бюрер»-и кишвари Швейтсария низ, бо ташаббуси Аҳрор Умаров дар муассисаи «Ғалла»-и пойтахт насб гардида, боиси пешрафти истеҳсолот шуд.
Аҳрор Умаров бо корҳои неки худ дар байни халқ ному эътибори ҷовидон ёфтааст. Ба ин хотир, дар шаҳри бостонии Истаравшан, ки зодгоҳи ӯст, яке аз хиёбонҳои марказӣ ному насаби ин арбоби намоёни соҳаи иқтисодро дорад.
Бахтиёр МУРТАЗО,
рӯзноманигор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 31.10.2022 №: 208 Мутолиа карданд: 1207