logo

Хабарҳо

РУШДИ САНОАТ РУШДИ УСТУВОРИ ИҚТИСОДИСТ. БАРДОШТ АЗ КОНФРОНСИ ИЛМӢ-АМАЛӢ

 
Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади арзёбии масъалаҳои стратегии рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар мавзуи «Саноатикунонии босуръати иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон – роҳи асосии таъмини рушди устувор» конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар он намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва коршиносони соҳа ширкат варзиданд.
Хайриддин Усмонзода, директори Маркази тадқиқоти стратегӣ, изҳор дошт, ки ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон бо пешниҳоди стратегияи ҷаҳоруми худ таҳти унвони "Саноатикунонии босуръат ба хотири таъмини зиндагии шоистаи мардум" вориди марҳалаи ҷадиди навсозӣ гардид. Ташаббуси чунин навсозии ҷомеа омили рушди иқтисодӣ ва беҳбудии зиндагии мардум дониста мешавад. 
Пешниҳоди тарҳи саноатикунонии босуръати кишварро Президенти мамлакат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, коҳишёбии сатҳи камбизоатӣ ҳамчун ҳадафи чаҳоруми стратегӣ эълон карда буданд. Барои ба воқеият пайвастани ин ҳадаф, амалисозии босифати барномаҳои соҳавии қабулгардида, ҷалби васеи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ зарур дониста мешавад. Бо ин мақсад, айни замон баҳри татбиқи Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 як қатор барномаҳои соҳавӣ амалӣ шуда истодаанд, ки мақсадашон фароҳамоварии шароит барои гузариши иқтисодиёти кишвар аз шакли тавлидкунандаи ашёи хом ба истеҳсолкунандаи маҳсулоти ниҳоӣ мебошад. Бо татбиқи чунин амалҳо солҳои охир дар саноати  мамлакатамон тамоюли мусбати рушд нигоҳ дошта шуда, дар самтҳои алоҳидаи он суръати афзоиши тавлиди молу хизматрасониҳо таъмин гардид.  
Дар баробари ин, саноатикунонӣ таъмини мавҷудияти як силсила шарту шароитеро дорад, ки аз ҷумлаи муҳимтарини онҳо ба вуҷуд овардани муҳити мусоид барои ҷалби сармоягузорӣ, навовариҳо дар фаъолияти ниҳодҳои хоҷагидорӣ, воридсозии густурдаи мардум, аз ҷумла занон, ба бозори кор ва ҳузури онҳо дар дигар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба иқтисоди навоварона ва ғайра, маҳсуб меёбад. 
Барои таъмини ниёзҳои рушди саноатии ҷомеа бояд дар самти коркарди захираҳои табиӣ талоши бештар сурат гирад. Шароити зикршуда ба назари коршиносон бисёр муҳим аст. Заминаҳо барои барқарор кардани истеҳсолот дар Тоҷикистон вобаста ба афзоиши солонаи истеҳсоли барқ вуҷуд доранд ва дар Барномаи саноатикунонии мамлакат барои солҳои 2020-2025 банди алоҳида таҳти унвони “Таъмини соҳаи саноат бо энергияи барқ” ҷой дорад. 
– Дар ин раванд пешбинӣ мегардад, ки соҳибкории хурду миёна ба ҷузъи муҳими фарҳанги иқтисодии ҷомеа табдил ёфта, ба ҳадафи асосии сиёсати иқтисодии давлат табдил дода мешавад. Дастгирию таъмини малакаҳои касбии мардум дар фаъолияти сохторҳои шуғлтаъминкунию молиявӣ афзалият пайдо мекунанд. Боварии комил дорем, ки олимону мутахассисони дар ин нишаст ширкатдошта равандҳои гуногуни саноатикунонии кишварамонро аз лиҳози инноватсионӣ таҳлилу таҳқиқ намуда, тавсияҳои муфид пешниҳод менамоянд, – гуфт Хайриддин Усмонзода. 
Таъкид гардид, ки ҳадаф аз ҳамоиш арзёбии вазъи кунунӣ ва корбурди тавсияҳои амалӣ доир ба рушди равандҳои навсозии технологияи инноватсионӣ дар соҳаи саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳқиқи инкишофи равандҳои технологияи инноватсионӣ дар соҳаи саноат буда, он барои татбиқи ҳамаҷонибаи сиёсати давлатӣ дар самти саноатикунонии босуръати иқтисодиёти кишвар мусоидат хоҳад кард.
 
З. РАҶАБ, 
“Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5235
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед