Хабарҳо
Таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Ӯзбекистон
Дар доираи сафари расмии ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба шаҳри Самарқанд, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Маҳмадтоир Зокирзода бо Раиси Палатаи қонунбарории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нуриддинҷон Исмоилов мулоқот намуд.
Ба иттилои маркази матбуоти Маҷлиси намояндагон, Маҳмадтоир Зокирзода тазаккур дод, ки тайи муддати кӯтоҳ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамаи созишномаҳои имзокардаи сарварони ду кишвар ба тасвиб расиданд.
Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки ҷараёни инкишофи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитарӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бо назардошти манфиатҳои мутақобилан муфид ба роҳ монда шуда, муносибатҳои ду кишвар мустаҳкам мегарданд.
ВКХ суханони блогери украинӣ Дмитрий Гордонро рад намуд
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханони блогнависи украинӣ Дмитрий Гордонро, ки 28 октябр дар барномаи интернетии «Дар меҳмонии Гордон» дар бораи аз ҷониби Эрон дар Тоҷикистон истеҳсол шудани ҳавопаймоҳои бесарнишине, ки «украиниҳоро нест мекунад», садо доданд, – рад намуд.
Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷӣ бо нашри баёния дар саҳифаи Facebook хабар дод.
«Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои сеюм таҷҳизоти низомӣ содирот намекунад. Мо тавсия медиҳем, ки ҷаноби Гордон минбаъд ба чунин шарҳҳо бодиққат муносибат ва дурустии иттилооти паҳншударо тафтиш кунад.
Ҳамчунин, ба маълумоти шумо мерасонем, ки ҷониби Тоҷикистон дар ин бора аз Киев ягон дархости расмӣ дарёфт накардааст»,– гуфта мешавад дар баёния.
Рӯзҳои фарҳанги Эрон дар Тоҷикистон
Аз 30 октябр то 6 ноябри соли 2022 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор мегардад. Ҳайатро вазири фарҳанг ва иршоди исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадмеҳдӣ Исмоилӣ роҳбарӣ намуда, шумораи иштирокдорон зиёда аз 60 нафарро ташкил медиҳад.
Тавре Марям Холиқзода аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанг иттилоъ дод, дар доираи баргузории Рӯзҳо, вохӯрии вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон бо вазири фарҳанги Тоҷикистон дар назар аст.
Ҳамзамон, маҳфили “Шоҳномахонӣ” ва гурӯҳи мусиқии “Пож” ва “Суруши Мавлоно” дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, намоиши филмҳои эронӣ дар Кохи «Наврӯз» ва кинотеатри «Ватан», маҳфили адабӣ бо иштироки шоирони Эрону Тоҷикистон ва гурӯҳи ҳунарии “Варзишгарони зӯрхонаӣ” дар толори Иттифоқи нависандагон доир мегарданд.
Рӯзҳои фарҳанги Эрон 3 ва 4 ноябр дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб идома меёбанд.
Беҳтар намудани шароити қутоспарварӣ
Дар меҳмонхонаи “Ҳилтон” давраҳои бозомӯзии «Беҳтар намудани шароити қутоспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар маросими ифтитоҳи ҳамоиш раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода, роҳбари намояндагии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Монтиел Ленни, муовини раиси ВМКБ Умед Носирзода ва раиси Палатаи савдо ва саноат Ҷамшед Ҷумъахонзода иштирок намуданд.
Ҳадафи семинар гирифтани маълумоти воқеӣ оид ба аҳамият ва зарурати рушди соҳаи қутоспарварӣ ва дастгирии мардум дар минтақаҳои аз ҷиҳати ҷуғрофӣ дурдасти Тоҷикистон бо ҳамкории ниҳодҳои давлатӣ ва дигар созмону ташкилотҳои байналмилалӣ мебошад.
Таъкид гардид, ки қутоспарварӣ дар Тоҷикистон барои зиёд намудани саршумори чорво ва баланд бардоштани сифатҳои генетикии маҳсулот дар баробари таъмини эҳтиёҷоти хоҷагиҳои деҳқонӣ, таъмини аҳолӣ бо маводи озуқаворӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави кор барои сокинони ноҳияҳои кӯҳӣ муҳим арзёбӣ мегардад.
Тибқи маълумоти Агентии омор, айни ҳол саршумори қутос дар тамоми шаклҳои хоҷагидорӣ ба 28 ҳазору 362 сар расидааст.
Ташрифи намояндагони Бонки осиёии рушд ба вилояти Суғд
Намояндагони Бонки осиёии рушд бо роҳбарии Ки Кхонг оид ба таҳқиқот барои асосноккунии пешакии техникӣ–иқтисодии маркази савдо ва логистӣ дар шаҳри Хуҷанд, ки дар доираи ташаббуси долони иқтисодии Чимкент – Тошкент – Хуҷанд сурат мегирад, ба вилояти Суғд омаданд.
Хадамоти матбуоти раиси вилоят хабар медиҳад, ки меҳмонон бо муовини раиси вилоят Анвар Яъқубӣ ва раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода мулоқот карданд.
Дар вохӯрӣ таъкид гашт, ки роҷеъ ба ташаббуси долони иқтисодии Чимкент – Тошкент – Хуҷанд ҷиҳати ташкили маркази савдо ва логистӣ дар шаҳри Хуҷанд Минтақаи озоди иқтисодии Суғд, КВД “Садаф” ва ҶШП “АББАТ” пешниҳод шуданд, ки имконоти фарохи инфрасохторӣ ва истеҳсолӣ доранд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5802