барқияҳо
БАРҚИЯИ ИЗҲОРИ ТАСАЛЛӢ БА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ҲИНДУСТОН ДРАУПАДИ МУРМУ
31 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон муҳтарам Драупади Мурму барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Хонуми Олиҷоҳ, хабари фоҷиаи ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани шумораи зиёди шаҳрвандон бар асари фурӯравии пул дар иёлати Гуҷарати Ҷумҳурии Ҳиндустон боиси андуҳи амиқи мо гардид.
Дар ин робита, ҳамдардиву таъзияи самимии хешро ба Шумо ва пайвандону наздикони фавтидагон изҳор намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои комил мехоҳам».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 01.11.2022 №: 209 -210 Мутолиа карданд: 1292