мулоқотҳо
МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ҲАНС ҲЕНРИ КЛЮГЕ
31 октябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мудири Дафтари минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (WHO) барои Аврупо Ҳанс Ҳенри Клюгеро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот ҷонибҳо масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии тандурустиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат аз таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карда, вохӯрии мазкурро фурсати муносиб барои идомаи муколамаи созанда арзёбӣ намуданд.
Зимни мулоқот оид ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ, солимии аҳолӣ ва беҳдошт дар Тоҷикистон табодули андеша сурат гирифт.
Ба роҳбарияти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳамчун шарики устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешгирии ҳамагирии COVID – 19 ва рафъи оқибатҳои он, бахусус кумакҳои ниҳод ҷиҳати таъмини Тоҷикистон бо ваксинаҳои зидди ин бемории сироятӣ тариқи барномаи “КОВАКС”, изҳори сипос шуд.
Мусоҳибон масоили ҳамкорӣ дар самти таҳия ва татбиқи Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Барномаи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ барои давраи то соли 2030 ва Барномаи рушди муассисаҳои давлатии табобатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2025-ро, ки барои рушди соҳаи тандурустӣ, дастрасии бештар ба хизматрасониҳои тандурустӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, таъмини таҷҳизоти муосири тиббӣ ва ғайра равона гардидаанд, баррасӣ карданд.
Таъкид гардид, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои фароҳамсозии инфрасохтори мусоиди соҳаи тандурустӣ ва беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии босифат минбаъд низ татбиқи иқдомҳои заруриро идома хоҳад дод.
Ҳангоми вохӯрӣ, ҳамчунин, оид ба дигар масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба гуфтугӯ сурат гирифт.
Дар анҷоми мулоқот мудири Дафтари минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои саҳми арзанда дар рушди соҳаи тандурустӣ, таъмини солимии ҷомеа ва талошҳои созанда ҷиҳати густариши робитаҳои Тоҷикистону Созмони ҷаҳонии тандурустӣ бо ҷоизаи Созмон сарфароз гардонд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 01.11.2022 №: 209 -210 Мутолиа карданд: 1500