ҳуқуқ
ТОҶИКИСТОН. ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ ИНСОН ВА ШАҲРВАНД ДАР МЕҲВАРИ ҚОНУНГУЗОРИСТ
Кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд яке аз аломатҳои асосии давлати ҳуқуқбунёд ба ҳисоб рафта, дар аксари конститутсияҳои давлатҳои ҷаҳон мавқеи меҳвариро касб кардааст. Аз ҷумла, калонтарин боби Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – боби дуюм (“Ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд”), ки аз 34 модда иборат аст, дар ҳамин самт бахшида шудааст.
Тибқи муқаррароти моддаи 17 Конститутсияи кишвар: “Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад. Мардон ва занон баробарҳуқуқанд”. Ин ба он маъност, ки ҳамаи давлатҳои ҷаҳон ғояҳои ҳуқуқи инсонро дастгирӣ намуда, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро дар Конститутсия ва қонунгузории миллии худ кафолат додаанд. Барои амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар баробари қонунгузории миллӣ, инчунин, санадҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Эъломияи умумии ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳидро (10 декабри соли 1948) қабул намудаанд. Ҳамин аст, ки 10 декабр дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон таҷлил мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки дар аксари давлатҳои демократии ҷаҳон мақомоти махсус барои ҳифзи ҳуқуқи инсон бо номи “Омбудсмен” ё Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон таъсис дода шудааст, ки бевосита ҳуқуқу озодиҳои вайроншудаи инсон ва шаҳрвандро барқарор менамояд. Аз ҷумла, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба монанди дигар давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон соли 2009 мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Қонунгузориии кишвар дар ин самт ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳангоми амалӣ намудани ваколатҳои худ мустақил буда, ба ягон мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат) ва шахсони мансабдор ҳисоботдиҳанда намебошад. Вазифаҳои асосии ин мақомот мусоидат намудан ба: риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд; барқарор намудани ҳуқуқу озодиҳои вайроншудаи инсон ва шаҳрванд; такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд; баланд бардоштани маърифатнокии шаҳрвандон оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, шаклҳо ва воситаҳои ҳифзи он; ҳамкории мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд; дастрасӣ ба иттилоот, баррасӣ ва санҷиши муроҷиатҳои шахсони воқеӣ оид ба ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот; рушд ва ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тасдиқ кардан ё ҳамроҳ шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон мебошад.
Тибқи моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», маърузаҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар асоси таҳлили вазъи воқеии ҳуқуқу озодиҳои инсон, пешрафту дастовардҳо ва мушкилоту норасоиҳои самтҳои алоҳидаи ҳуқуқи инсон таҳия ва ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ, Маҷлиси намояндагон, Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешаванд.
Дар асоси маърузаи пешниҳодгардида ва натиҷаҳои баҳисобгирии омории муроҷиатҳо ба мақомоти ваколатдор дар соли 2021, дар маҷмуъ, 1951 (соли 2020 - 1946) муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ сабт шудааст.
Нишондиҳандаҳои омор, шаҳодати онанд, ки фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як мақомоти мустақил сол ба сол тақвият меёбад. Боварии шаҳрвандон ба мақомот, ки барои тақвияти кафолатҳои конститутсионии ҳимояи давлатии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд таъсис дода шудааст, дучанд мегардад.
Муҳаммад ҲАЙДАРЗОДА, мутахассиси пешбари Намояндагии
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 01.11.2022 №: 209 -210 Мутолиа карданд: 1395