Хабарҳо
ФУТБОЛ ВА ФУТЗАЛ
Мунтахабҳои Тоҷикистон ва Россия бозиҳои дӯстона мекунанд
Тими миллии Тоҷикистон оид ба футбол бо мунтахаби Россия бозии рафиқона анҷом медиҳад. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дод. Қаблан, мунтахабҳои асосии Тоҷикистон ва Россия боре бо ҳам қувваозмоӣ накардаанд.
Вохӯрии дастаҳо 17 ноябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор мешавад, ки он метавонад 20 ҳазор тамошобинро ҷамъ оварад.
Бояд гуфт, ки дар радабандии ФИФА мунтахаби Россия дар зинаи 33-юм ва тими Тоҷикистон дар мавқеи 108-ум қарор доранд.
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бошад, 7 ва 8 ноябр бо тими миллии футзали Россия ду бозии дӯстона анҷом медиҳад.
Зӯрозмоиҳо дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишии обии Душанбе мегузаранд.
ЛИГАИ ОЛӢ
Марҳилаи сеюм оғоз шуд
Тими «Хатлон» дар даври 19-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ дар доираи гурӯҳи «А» бо ҳисоби 4:3 бар КМВА зафар ёфт.
Тибқи иттилои ЛФТ, бозии дигари ин гурӯҳ миёни бошгоҳҳои «Равшан-К» ва «Хуҷанд» мусовӣ (3:3) хотима ёфт.
Дар гурӯҳи «Б» «Файзканд» бо «Регар-ТадАЗ» ва «Эсхата» бо «Равшан-З» 1 ноябр неру месанҷанд.
Ёдовар мешавем, ки марҳилаи сеюми Лигаи олӣ имсол дар формати нав баргузор мешавад. Дар он дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд. Холҳои дар марҳилаҳои якуму дуюм гирифташуда ҳифз мегарданд. Аз рӯи натоиҷи ду марҳилаи гузашта панҷ дастаи беҳтарин (“Истиқлол”, “Хатлон”, “Равшан-К”, “Хуҷанд” ва КМВА) дар гурӯҳи “А” дар як давр бозӣ карда, барои ҷойҳои аз 1 то 5 талош меварзанд. Панҷ тими боқимонда – “Истаравшан”, “Файзканд”, “Эсхата”, “Равшан-З” ва “Регар-ТадАЗ” дар гурӯҳи «В» барои мондан дар Лигаи олӣ мубориза мебаранд. Тимҳое, ки мавқеи 9 – 10-умро мегиранд, ба лигаи якум мераванд.
Маҳмуд БАҲРОМ,
шореҳи варзиш
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 6998