logo

Хабарҳо

ИЛМ ВА МАОРИФ. БАРРАСИИ ВАЗЪИ СОҲАИ ҶОМЕАСОЗ ДАР КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИЯВӢ

 
Дар даврони Истиқлоли давлатӣ сиёсати мақсадноку муваффақонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари рушди дигар соҳаҳо, инчунин, фазои мусоидро барои рушди илму маориф ва тарбияи кадрҳои соҳаҳои гуногун, ташаккули идоракунии онҳо вобаста ба талаботи шароити муосири инкишофи ҷомеа фароҳам овард. Новобаста аз мушкилоти ҷойдошта, маҳз дар ҳамин давра марҳала ба марҳала тадбирҳои муайян дар самти ташкил, идора ва истифодаи самараноки маориф ва илму захираҳои зеҳнии мамлакат амалӣ гардид.
Ин нуктаро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода зимни конфронси илмиву амалии ҷумҳуриявӣ, ки таҳти унвони “Вазъи илм ва маориф дар шароити Истиқлоли давлатӣ” бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмӣ, коршиносон ва хабарнигорони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ доир шуд, иброз намуд.
Зимнан, илова кард, ки дар натиҷа, соҳаи мазкур ба як қатор навгонию дастовардҳои назаррас ноил гардида, ба рушди ҳамаҷонибаи ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишварамон мусоидат намуд. Маврид ба ёдоварист, ки  ҳамасола дар Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ба масъалаҳои рушди маорифу илм, дастоварду норасоиҳо дар фаъолияти муассисаҳои илмӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, ҷиҳати пурзӯр намудани фаъолияти устодону олимон дар рушди ҳаёти иҷтимоию иқтисодии кишвар, рушди илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода мешаванд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ зарурати баланд бардоштани сифати рушди инсониро тавассути татбиқи чорабиниҳои муҳиму самаранок дар бахшҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла маориф, энергетика, шуғли аҳолӣ, соҳибкории истеҳсолӣ ва ғайра, таъкид намуданд. 
Яке аз масъалаҳои муҳим барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ин қабули довталабон ба муассисаи таълимӣ мебошад. Соли ҷорӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон 41,3 ҳазор донишҷӯ қабул гардид, ки 62%-и нақшаро ташкил медиҳад. Тибқи маълумоти Вазорати маориф ва илм, дар асоси нақшаи қабул ба 39 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ бояд ҳудуди 66,6 ҳазор донишҷӯ қабул карда мешуд. 
Масъалаи норасоии кадрҳои омӯзгорӣ бошад, дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҳал шуда истодааст. Тоҷикистон алҳол 3 ҳазору 940 муассисаи таълимии таҳсилоти умумӣ дорад, ки дар он беш аз 128,8 ҳазор омӯзгор ба таълим машғуланд. Эҳтиёҷ ба кадрҳои омӯзгорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ қаблан барои соли таҳсили 2022–2023 ҳудуди 3,4 ҳазор нафар арзёбӣ шуда буд. 
Мувофиқи маълумоти Вазорати маориф ва илм, вобаста ба эҳтиёҷоти кадрӣ тақсимоти мутахассисони ҷавон гузаронда шуд, ки ба муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 4,3 ҳазор нафар хатмкунандаи равияи омӯзгорӣ фиристода шуд. Аз ин шумора, 3,1 ҳазор нафар бо маълумоти олии касбӣ ва 1,2 ҳазор нафар бо маълумоти миёнаи касбӣ мебошад.
Ҳамчунин, дар конфронс сардори раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии Маркази тадқиқоти стратегӣ Абдураҳмон Қурбонов вобаста ба инъикоси масоили илм ва маориф дар суханрониҳои Пешвои миллат, натиҷаҳо ва дурнамо, Расул Маъруфӣ, саркотиби илмии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба низоми аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмӣ-техникии тахассуси олӣ, вазъ ва дурнамо, Зафар Раҳмонов, омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, дар хусуси ҷанбаҳои иҷтимоӣ ва фалсафии таҳқиқи масъалаҳои бо ҳам алоқаманди илм ва маориф суханронӣ намуданд.
 
З. РАҶАБ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 7869
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед