сафарҳо
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
1 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ошноӣ бо бунёдкорию созандагиҳо, ифтитоҳи иншооти нав, шиносоӣ бо рафти корҳои саҳроӣ ва мулоқот бо мардум бо сафари корӣ ба ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон ташриф оварданд.
Нахуст, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти ба номи Утақара Назаров бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 11-ро ифтитоҳ намуданд. Он дуошёна буда, дорои 11 синфхона барои 620 ҷойи нишаст дар ду баст ва ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорон мебошад. Бинои иловагии нав дар ҷойи бинои фарсудаи қаблӣ бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ Фарҳод Зиёев сохта шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз шароити муосир омӯзгоронро ба беҳтар кардани сифати таълиму тарбия, дар замири хонандагон тақвият бахшидани ҳисси ватандорию ватандӯстӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддуни миллати тоҷик ва муқаддасоти миллӣ ва ба роҳ мондани робитаи зич бо падару модарон ҳидоят намуданд.
Пас аз ифтитоҳи бино ва суҳбат бо омӯзгорон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди муассисаи томактабӣ санги асос гузоштанд.
Бинои нави таълимӣ сеошёна буда, барои 150 нафар пешбинӣ мешавад ва тибқи нақша, бо инфрасохтори мукаммали таълиму тарбия ва иншооти ёрирасон бунёд хоҳад шуд.
Сарвари давлат, зимни шиносоӣ бо лоиҳаи муассисаи томактабӣ, ҷиҳати сари вақт ва бо сифати баланд бунёд намудани иншооти мазкур ба масъулин дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.
Боздид аз Хоҷагии деҳқонии “Бобои Ҷӯра”
1 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Қубодиён аз ҷараёни дарави шолӣ дар Хоҷагии деҳқонии “Бобои Ҷӯра” ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ боздид намуданд.
Хоҷагии деҳқонии “Бобои Ҷӯра” соли 2016 аз ҷониби Муродулло Мусоев ташкил гардида, ба парвариш ва истеҳсоли намудҳои гуногуни зироати кишоварзӣ машғул мебошад.
Имсол аҳли заҳмат баъд аз ҷамъоварии ҳосили асосии макка барои дон дар майдони 30 садяк замин кишти такрории шолӣ гузаронданд, ки самараи хуб ба бор овардааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни суҳбат бо мутахассисону хоҷагидорон, таъкид намуданд, ки кишоварзони мамлакат дар ин шабу рӯз бояд аз ҳавои мусоид самаранок истифода бурда, сари вақт ҳосилро ҷамъ оранд ва фаъолиятро ҷиҳати васеъ гардондани майдони кишти тирамоҳӣ ҷоннок созанд.
Дар намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастовардҳои аҳли заҳмати ноҳия муаррифӣ гардид.
Иттилоъ доданд, ки дар мавсими имсола кишоварзони ноҳияи Қубодиён дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ ҳосили фаровони ғалладонагӣ, сабзавоту полизӣ ва меваҷотро ба даст оварданд. Аз ҷумла, дар нуҳ моҳи соли 2022 наздики 34 ҳазор тонна ғалладонагӣ, 86 ҳазору 422 тонна сабзавот, 8 ҳазор тонна мева, беш аз 5 ҳазор тонна пахта, дигар намуди маводи ғизоӣ ва хӯроки чорво ҷамъ оварданд.
Дар ҳамин ҷо Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, бо намунаи ҳунари занону духтарони чирадасти ноҳия шинос шуданд. Дар намоишгоҳ, асосан, маҳсулоти кишоварзӣ, нонӣ ва таомҳои миллӣ муаррифӣ гардиданд.
Маврид ба таъкид аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо дастгирӣ ва иқдому ташаббусҳои Сарвари давлат ҳунарҳои мардумӣ эҳё ва ба ҷавонон омӯзонда мешавад.
Ифтитоҳи майдони Парчами давлатӣ
1 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Исмоили Сомонии ноҳияи Қубодиён майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Майдони Парчами давлатӣ ва гулгашти атрофи он дар доираи тадбирҳои ободонӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шафати бинои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён сохта шуда, барои тақвияти эҳсоси худшиносиву худогоҳии сокинон ва баргузории чорабиниҳои гуногуни ноҳиявӣ макони мувофиқ ба ҳисоб меравад. Баландии пояи Парчами давлатӣ 46 метр, дарозӣ ва паҳноии матои он 12 бар 6 метрро ташкил медиҳад.
Иттилоъ доданд, ки иншоот дар идомаи корҳои ободонӣ ба ифтихори ҷашнҳои миллию давлатӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар масоҳати 1700 метри мураббаъ бунёд ёфта, гирду атрофи он сангфарш ва бо гулҳои рангоранг оро дода шудааст. Ҳамзамон, барои фароҳам овардани шароит ҷиҳати гаштугузори шабонаи сокинону меҳмонони ноҳия, дар майдони Парчами давлатӣ ҳашт чароғаки равшанидиҳанда насб гардид.
Корҳои сохтмонӣ дар майдони Парчами давлатӣ бо ҷалби мутахассисону кормандони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Камарбанд” моҳи январи соли 2022 оғоз ёфта, дар муҳлати даҳ моҳ бо риояи талаботи меъёрҳои шаҳрсозӣ ва сифати баланди меъморӣ ба анҷом расид.
Бояд таъкид сохт, ки солҳои охир бо ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар марказҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат майдонҳои Парчами давлатӣ ва гулгаштҳои замонавӣ бунёд гардиданд, ки ин иқдом баҳри таҳким бахшидани ҳисси ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва эҳтиром нисбат ба муқаддасоти миллӣ замина мегузорад. Аз ин пас, дар ин макони зебо ва гулгашти назаррабо чун нишони садоқат ва меҳру муҳаббати бепоён нисбат ба рамзҳои давлатӣ чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ баргузор мешаванд.
Бинои раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа
1 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои раёсати Агентии иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ноҳияи Қубодиён ба истифода доданд.
Он дар деҳоти ба номи Носири Хусрав, дар масоҳати 0,12 садяк аз тарафи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуд. Бино дуошёна буда, дар ошёнаҳои якуму дуюм китобхона, бойгонӣ, ҳуҷраи кории мутахассиси бахши баҳисобгирии инфиродӣ, кор бо соҳибкорони инфиродӣ, равзанаи ягона, шаш ҳуҷраи корӣ ва толори маҷлис ҷойгиранд. Ҳуҷраҳои кории раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо таҷҳизоти корӣ, аз ҷумла мизу курсӣ, техникаи компютерӣ, чопӣ ва дигар лавозимот, таъмин мебошад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шароити муҳайёгардида дар бинои мазкур изҳори қаноатмандӣ намуда, масъулинро барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани фаъолияту хизматрасонӣ ҳидоят намуданд.
Бинои шуъбаи маориф
1 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Қубодиён бинои шуъбаи маорифро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Он сеошёна буда, 12 ҳуҷраи корӣ, китобхона, меҳмонхона бо се ҳуҷра ва маҷлисгоҳ бо 90 ҷойи нишаст дорад. Сохтмони бино соли 2019 дар майдони 70 садяк оғоз гардида, бо сифати баланд ба анҷом расид. Дар шуъбаи маориф 28 нафар, аз ҷумла 8 зан, фаъолият менамояд. Сарвари давлат маорифчиёни ноҳияро ҷиҳати истифодаи самараноки имкониятҳои фароҳамшуда, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим ва дар руҳияи хештаншиносӣ ба камол расондани насли наврас вазифадор намуданд.
Бинои нави таълимӣ ва хобгоҳи Мактаб-интернати ноҳияи Қубодиён
1 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави таълимӣ ва хобгоҳи Мактаб-интернати ноҳияи Қубодиёнро ба истифода доданд.
Иншооти иҷтимоӣ дар заминаи дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби сармоя барои 480 ҷойи нишаст сохта шуд. Дар синфхонаҳои фанни физика, кимиё, биология ва компютерӣ хонандагон метавонанд фанҳои дақиқро дар шароити муосир аз худ намоянд. Дар доираи Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020 – 2040) фароҳам овардани чунин шароит метавонад ҷиҳати баланд гаштани савияи дониши хонандагон дар илмҳои дақиқ ва оянда равнақ ёфтани нақши илм дар истеҳсолот мусоидат намояд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насли наврасро бо истифода аз шароити фароҳамшуда барои омӯзиши ҳарчи бештари илмҳои дақиқ ва забонҳои хориҷӣ ҳидоят карданд. Хобгоҳи муассиса бо шароити зарурӣ барои 100 кат бунёд ёфт. Ҳуҷраҳои хоб барои истиқомат ва дарстайёркунии хонандагон бо лавозимоти зарурӣ таъминанд.
Дар доираи сиёсати иҷтимоӣ дастгирии ятимону бепарасторон зери таваҷҷуҳи хоссаи Сарвари давлат қарор дорад ва ҷиҳати фароҳам овардани шароити зарурӣ барои таҳсилу истиқомати онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Ҳуҷраи тиббии муассиса дорои таҷҳизоти нав барои расондани кумаки аввалияи тиббӣ мебошад.
Дар китобхонаи Мактаб-интернат имконияти мусоид барои мутолиаи адабиёти дарсӣ, илмӣ ва соҳавӣ фароҳам овардаанд. Ҳоло дар муассиса 30 кӯдаки ятим ва дигар наврасон ба таълиму тарбия ва зиндагӣ фаро гирифта шудаанд. Дар саҳни мактаб барои гузарондани машқҳои омодагии дифои ҳарбӣ ва боз ҳам баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстии хонандагон майдони замонавӣ эъмор гардид.
Муассисаи ғайридавлатии таълимии “Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии ноҳияи Шаҳритус”
1 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон ташриф оварда, нахуст Муассисаи ғайридавлатии таълимии “Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии ноҳияи Шаҳритус”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Коллеҷ дар маркази ноҳияи Шаҳритус аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Фузайл Қодиров бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ қомат афрохта, масоҳаташ 0,3 гектарро дарбар мегирад. Бино сеошёна буда, 32 синфхонаи таълимӣ, китобхона, толор барои гузарондани дарсҳои лексионӣ, маркази тестӣ, маҷлисгоҳ, ошхона ва иншооти ёрирасон дорад.
Муассисаи нави таълимӣ барои 400 хонанда дар як баст пешбинӣ мешавад ва таълим аз рӯи ихтисосҳои фарматсевтӣ, момодоягӣ ва ҳамширагӣ ба роҳ монда мешавад. Дар Коллеҷ довталабон баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи асосӣ ва миёнаи умумӣ қабул хоҳанд шуд.
Бо таъсиси Муассиса 60 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин гардид. Синфхонаҳои физика, химия, лингафонӣ ва технологияи иттилоотӣ бо таҷҳизоти замонавии таълимӣ таъминанд. Дар синфхонаи компютерӣ, китобхона, ҳуҷраҳои кории омӯзгорон ва синфхонаҳои таълимии фаннӣ 100 компютер барои истифодаи донишҷӯён мавҷуд аст.
Китобхонаи муассиса беш аз 15 000 китоб, аз ҷумла 10 ҳазор китоби электронии дарсӣ, бадеӣ ва дастурамалҳои таълимӣ дорад. Маркази тестӣ барои супурдани санҷиш ва имтиҳонҳои ҷорӣ ҳам, дорои компютерҳои махсус мебошад.
Синфхонаҳои фаннӣ ва таълими умумӣ бо тахтаҳои электронӣ таъминанд. Дар маҷмуъ, Коллеҷ 18 тахтаи электронии тамғаи нав дорад, ки дар омӯзиши ҳарчи бештари касб ба донишҷӯён мусоидат намуда, кори омӯзгоронро осон мегардонад. Барои баланд бардоштани савияи дониши муҳассилин марказҳои омӯзиши малакаи касбии кори ҳамширагӣ, кори момодоягӣ ва дигар фанҳои клиникӣ таъсис дода, бо таҷҳизоти таълими амалӣ муҷаҳҳаз намудаанд. Омӯзгороне, ки дар Муассиса ба кор ҷалб гардиданд, таҷрибаи ғании корӣ дар соҳаи тибро доранд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ҳоло дар Коллеҷ 250 донишҷӯ ба омӯзиш машғул аст ва оянда соҳибкор нақша дорад барои 100 донишҷӯ аз ноҳияҳои дурдаст хобгоҳ бунёд намояд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эъмори Коллеҷи тиббӣ - иҷтимоиро дар ноҳияи Шаҳритус муҳим шумурда, аз масъулон даъват ба амал оварданд, ки барои омода намудани мутахассиси миёнаи соҳаи тиб ҷавононро ҳарчи бештар ҷалб намоянд, то дар деҳаҳои дурдаст ҳам сокинон ба кумаки аввалияи тиббӣ дастрасӣ дошта бошанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкори маҳаллӣ барои бунёд намудани чунин муассисаи таълимии ҷавобгӯ ба талаботи замон изҳори миннатдорӣ намуда, омӯзгорону дигар масъулонро ба истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда ҳидоят карданд.
Муассисаи тиббию ташхисии “Оишаи Шаҳритус”
1 ноябр дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳритус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи тиббию ташхисии “Оишаи Шаҳритус”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти зебову замонавӣ дар кӯчаи ба номи Носири Хусрави шаҳраки Шаҳритус ҷойгир аст. Муассисаи тиббию ташхисии “Оишаи Шаҳритус” дар доираи нақшаи чорабиниҳои созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо ҷонибдорӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи соҳибкорони ватандӯст - бародарон Достиевҳо бунёд ёфт.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иншооти тиббӣ дорои 40 кат барои беморон аст ва дар он 60 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид. Муассисаи соҳаи тандурустӣ имкон дорад, ки ба зиёда аз 135 ҳазор аҳолии маркази ноҳия ва ноҳияҳои ҳамшафат хизмати босамари тиббӣ расонад.
Табибон дар чор шуъба маризонро ташхис ва муолиҷа мекунанд. Дар шуъбаҳои ҷарроҳӣ, амрози дарунӣ, шуъбаи занона ва таваллуд дар маҷмуъ, то 40 бемор бистарӣ ва табобат мешавад.
Муассисаи тиббӣ аз ду ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Дар ошёнаи якум шуъбаи ёрии таъҷилӣ ва маъмурият ҷойгиранд. Ҳуҷраи муоинаи маризон ва бақайдгирӣ низ дар ҳамин ҷост. Дар қабати дуюм шуъбаи ҷарроҳӣ, амрози даруна ва таваллудхона мавҷуданд. Дар шафати иншоот дорухона ва нишастгоҳҳову суҳбаткадаҳо барои аёдаткунандагон бунёд шудаанд.
Ба Муассисаи тиббӣ ба маблағи беш аз 10 миллион сомонӣ дастгоҳу таҷҳизоти замонавии тиббӣ ворид гаштаанд. Рентгени рақамӣ, компютери томографӣ, ташхиси қалб, таъмини оксиген, дастгоҳҳои маҳскунанда, электрофарез ва дигар васоили тандурустӣ аз давлатҳои пешрафтаи Чин, Россия ва Туркия харида шудаанд.
Дар иншооти нави тиббӣ 54 нафар табибону сокинони ноҳияи Шаҳритус соҳиби шуғли ҳамешагӣ гардиданд. 18 духтури Муассиса маълумоти олидор буда, 16 нафари дигар дорои маълумоти миёнаи касбии соҳавӣ ва боқимонда кормандони техникию хоҷагидорӣ мебошанд. Дар ошёнаи якуми маркази ташхисию тиббӣ ҳуҷраҳои ёрирасон, аз ҷумла томографияи компютерӣ, ташхиси томографияи резонансии магнитӣ, ултрасадо, сабти барқии кори майнаи сар, сабти барқии дил, ҷойгиранд.
Ташхиси бемориҳои занона бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти ҳозиразамон ба роҳ монда мешавад. Илова ба хизматрасониҳои ташхисӣ, дар иншооти тиббӣ бахшҳои солимгардонию тавонбахшии физиотерапевтӣ низ, фаъолият хоҳанд кард. Озмоишгоҳҳои марказ дорои навтарин дастгоҳу таҷҳизотанду дар онҳо қариб тамоми таҳлилҳои тиббӣ дар фурсати кӯтоҳ ва бо сатҳу сифати баланд анҷом дода мешаванд.
Иншооти мазкур дорои шароити зарурии тиббӣ, санитарию безараргардонӣ, тамйизгардонии дастгоҳу таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ буда, бо дастгоҳҳои автоклав, ҷевонҳои хушкнигоҳдорӣ, катҳои функсионалии махсуси барқӣ ва дигар лавозимоти соҳа таъмин аст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои саҳмгузорӣ дар корҳои ободонию созандагӣ ба соҳибкори ватандӯст ҷиҳати бунёди чунин як иншооти муосири соҳаи тандурустӣ дар ин ноҳияи дурдаст изҳори сипос намуданд.
Боздид аз парвариш ва нигоҳубини моҳӣ
1 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Меҳргони деҳоти ба номи Худойназар Холматови ноҳияи Шаҳритус аз Хоҷагии деҳқонии моҳипарварии “Наимҷон – 2012” боздид карданд.
Хоҷагии моҳипарварӣ соли ҷорӣ дар доираи дастуру раҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Ҷашни 35-cолагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Мансур Давлатов таъсис ёфт. Он дорои 12 гектар замин буда, аз ҷониби масъулон ба парвариши моҳӣ ва истеҳсоли гӯшти парҳезӣ диққати махсус зоҳир мешавад, то саршумор ва ҳаҷми истеҳсол афзун гардад. Тибқи иттилоъ, дар 5 гектар замин ҳавзи моҳипарварӣ ташкил шуда, дар он навъҳои гуногуни моҳӣ нигоҳубин мешаванд. Айни замон барои рушди соҳа, зиёд намудани навъҳои моҳӣ ва ба ин васила, бештар намудани ҳаҷми истеҳсоли он дар хоҷагӣ чор ҳавзи махсус амал мекунад.
Президенти мамлакат, зимни боздид аз рафти парвариши моҳӣ дар Хоҷагии деҳқонии моҳипарварии “Наимҷон – 2012”, 6 ҳазор моҳичаи гуногунро ба об сар доданд. Ҳоло дар хоҷагӣ, асосан, чор намуди моҳӣ парвариш меёбад. Ин тадбири муҳим имкон медиҳад, ки сол ба сол моҳипарварӣ дар мамлакат рушд ёфта, талаботи физиологии аҳолӣ бо гӯшти парҳезӣ, яъне моҳӣ, аз ҳисоби истеҳсолкунандагони ватанӣ таъмин шавад.
Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки айни ҳол дар Хоҷагии деҳқонии моҳипарварии “Наимҷон – 2012” бештар аз 16 ҳазор моҳӣ парвариш меёбад. Боиси зикр аст, ки танҳо дар ноҳияи Шаҳритус 9 Хоҷагии моҳипарварӣ фаъолият мекунад, ки дар нуҳ моҳи соли равон 72 тонна моҳӣ истеҳсол шуд. Дар ноҳияи Шаҳритус хоҷагидорон ба парвариши моҳӣ, ки самти афзалиятноки соҳаи кишоварзӣ ба шумор меравад, бештар мароқ зоҳир намуда, дар ин самт тадбирҳои саривақтиро амалӣ менамоянд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкор барои таъсиси Хоҷагии моҳипарварӣ баҳои баланд дода, масъулонро барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли моҳӣ вазифадор намуданд.
Боздид аз Хоҷагии деҳқонии “Ситора” ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Шаҳритус
1 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Хатлон дар ноҳияи Шаҳритус бо фаъолияти Хоҷагии деҳқонии “Ситора” шинос шуда, аз намоиши дастовардҳои меҳнаткашон боздид намуданд.
Хоҷагии деҳқонии “Ситора” дар ихтиёри худ 5,45 гектар замин дорад, ки аз он 5,30 гектарашро замини корами обӣ ва 0,5 гектарашро боғ ташкил медиҳад. Дар заминҳои хоҷагӣ деҳқонон дар кишти асосӣ - гандум, ҷуворимакка барои дон, картошка, пиёз, карам ва қаланфури булғорӣ ва дар кишти такрорӣ - чормағзи заминӣ, сабзӣ, қулфинай, шалғам, ҷуворимакка барои дон, картошка ва пиёз коштаанд.
Зимни ташриф ба хоҷагӣ, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои агротехникӣ, парвариши сабзавот ва кишти такрории зироати кишоварзӣ шинос шуда, бо деҳқонон суҳбати самимӣ доир карданд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи деҳқонони хоҷагиро, асосан, ба истифодаи самараноки замин, гирифтани ду-се ҳосил аз он, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, захираи кофии маводи хӯрока ва таъмини бозорҳои кишвар бо маводи ниёзи аввалияи босифат ҷалб сохтанд.
Баъди шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагӣ, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзии заҳматкашони ноҳияи Шаҳритус ва фестивал - озмуни «Анор» боздид намуданд. Дар ин намоишгоҳ кишоварзон номгӯи зиёди маҳсулоти худро ба тамошо гузоштанд. Ҳавои минтақаи Бохтар барои парвариши ҳама гуна маҳсулоти кишоварзӣ ва меваю сабзавот, бахусус анор, мусоид аст ва бо истифода аз ин имконият сокинон хоҷагиҳои анорпарварӣ ташкил намуда, ҳаҷми истеҳсоли ин маҳсулоти серталабро бештар менамоянд. Дар фестивал - озмуни «Анор» боғдорони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар гӯшаҳои алоҳида беш аз 15 намуд анори аз боғҳои фаровонҳосил ҷамъовардаашонро пешниҳод карданд. Ба Президенти мамлакат иттилоъ доданд, ки дар вилояти Хатлон сол ба сол майдони боғи анор зиёд гардида, кишоварзон ҳамасола истеҳсолро низ афзоиш медиҳанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кишоварзон суҳбати самимӣ анҷом дода, масъулонро муваззаф сохтанд, ки барои боз ҳам васеъ кардани масоҳати боғҳои анор, бештар намудани ҳаҷми истеҳсоли он ва, ҳамчунин, содироти анор ба хориҷи мамлакат ба кишоварзон шароит фароҳам оваранд. Мавриди зикр аст, ки Хатлон яке аз калонтарин вилояти кишоварзӣ дар мамлакат ба шумор рафта, ҳамасола кишоварзон дар натиҷаи самаранок истифода бурдани ҳар қитъа замини корам ва бо гирифтани то се ҳосил дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳм мегузоранд.
Боғи марказии фарҳангию фароғатӣ
1 ноябр дар ноҳияи Панҷ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Боғи марказии фарҳангию фароғатиро пас аз навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, Парчами давлатиро дар фазои тантанавӣ парафшон намуданд.
Баландии сутунпояи Парчами давлатӣ 34 метр буда, матои он 14 метр дарозӣ ва 7 метр паҳноӣ дорад. Иншооти фарҳангию оммавӣ дар идомаи тадбирҳои созандаи роҳбарияти олии мамлакат ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо тарҳи муосир ва сатҳу сифати баланд аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдо тибқи лоиҳаи Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ва лоиҳакашии “Душанбешаҳрсоз” навсозӣ ва бунёд шуд.
Парафшон гардидани Парчами давлатӣ дар маркази ноҳияи Панҷ ҳамчун рамзи истиқлолу пойдории давлат дар идомаи арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ба симои шаҳрак зебоии хосса зам мекунад ва эҳсоси ватандӯстию хештаншиносӣ ва ифтихори миллиро дар замири сокинон, аз ҷумла наврасону ҷавонон, таҳким мебахшад.
Роҳравҳои атроф ва ҳудуди иншоот бо санъати баланди меъморӣ дар масоҳати 2700 метри мураббаъ сафолакпӯш шуда, бо дарахтони гуногуни ороишию ҳамешасабз ва гулҳои рангоранг зинат ёфтаанд. Бо мақсади таъмини истироҳати хубу бофароғати сокинону меҳмонон, дар ҳудуди иншооти фарҳангӣ 28 нишастгоҳ гузошта шуда, ҳашт суҳбаткада ва чор фаввора бо тарҳу шакли муосир бунёд гардид. Равшании ҳудуди Парчами давлатӣ ва Боғи марказии фарҳангию фароғатии ноҳияро шабона чароғпояҳои гуногунҳаҷму гуногуншакл таъмин мекунанд. Ҳамзамон, барои дастрасии сокинону меҳмонон ба хизматрасониҳои замонавӣ дар ҳудуди боғ нуқтаи хизматрасонӣ ташкил шуда, бо мақсади нигоҳдории тозагии иншооти фарҳангӣ дигар тадбирҳои муҳим низ, амалӣ гардиданд. Дар Боғи марказии фарҳангию фароғатӣ барои бозӣ ва дилхушии кӯдакон атраксионҳо насб шуданд.
Дар майдони Парчами давлатӣ ва Боғи фарҳангию фароғатӣ барои сайругашт ва истироҳати сокинону меҳмонон шароити мусоид фароҳам буда, ҷиҳати гузарондани чорабиниҳои гуногуни оммавӣ хеле мувофиқ мебошанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аснои суҳбат бо фаъолону ҷавонон, навсозӣ гардидани Боғи фарҳангию фароғатӣ ва парафшонии Парчами давлатиро дар маркази ноҳияи Панҷ дар арафаи таҷлили 30-солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишона аз арҷу эҳтиром гузоштан ба рамзҳои давлатдорӣ маънидод карданд.
Бинои маъмурӣ барои кормандони раёсати КДАМ
1 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Панҷ барои кормандони раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои маъмурӣ ва хонаҳои хизматиро ба истифода доданд.
Иншоот дар доираи тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат аз тарафи ҶДММ “Консол”-и шаҳри Душанбе сохта шуд. Сохтмони он соли 2019 оғоз гардида, бо ҷалби 35 мутахассиси маҳаллӣ бо сатҳу сифати баланд ва тарҳи муосир анҷом ёфт.
Бинои навбунёди маъмурии раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ панҷошёна буда, бо шабакаи гармидиҳӣ таъмин мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, кормандонро барои хизмати софдилона ба нафъи давлату миллат ҳидоят намуданд. Атрофи иншоот дар идомаи тадбирҳои созандагӣ чароғон шуда, роҳравҳои ҳудуди он сафолакпӯш гардидаанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони мақомот шаш техникаи ҳарбикунондашуда туҳфа карданд.
Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон
1 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Панҷ бинои Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасонро мавриди истифода қарор доданд.
Бино бо дастгириҳои давлат ва Ҳукумати мамлакат бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бунёд ёфт. Иншоот дуошёна буда, дар масоҳати 216 метри мураббаъ қомат афрохтааст. Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон дар доираи вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохта шуд. Дар Марказ ҳабдаҳ омӯзгори соҳибтаҷриба ва кордон ба кор ҷалб гардида, бо маоши хуб таъмин гашт, ки дар амалисозии барномаҳои нави таълимӣ саҳми босазо мегузоранд. Марказ дорои шароити муосир буда, барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани 200 кӯдак дар 12 гурӯҳ пешбинӣ шудааст.
Дар ошёнаи якуми бинои Марказ чор синфхонаи таълимӣ ва ҳуҷраҳои корӣ ташкил гардида, маҷлисгоҳ, китобхона, синфхонаи лингафонӣ, рассомӣ ва дӯзандагӣ дар ошёнаи дуюм ҷойгиранд. Раванди таълим ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат гирифта, ҳамзамон, кӯдакон дар он ҳунарҳои рассомӣ, дӯзандагӣ ва пазандагиро меомӯзанд.
Корҳои сохтмониро кормандону мутахассисони ҶДММ “Универсал электромонтаж” дар муҳлати муайянгардида бо сифати баланд анҷом доданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни шиносоӣ бо шароити дар марказ фароҳамгардида, ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, омӯзгоронро барои дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия кардани насли наврас ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ҳидоят намуданд.
Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ
1 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Панҷ сутунпояи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба истифода доданд.
Иншоот бо истифода аз масолеҳи аълосифат дар асоси нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар масоҳати 0,5 гектар бунёд ёфта, сохтмони онро мутахассисони маҳаллӣ дар муҳлати муайянгардида бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонданд. Баландии сутунпояи Нишони давлатӣ 20 метр буда, қутраш 2 метрро ташкил медиҳад ва дар маҷмуъ, баландии он бо сутунпояаш ба 22 метр баробар аст. Зинапояҳои назди Нишони давлатӣ бо истифода аз сангҳои ороишии ватанӣ зинат ёфтаанд.
Дар майдони Нишони давлатӣ дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонда шуда, барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон 15 нишастгоҳ мавҷуд аст. Дар ин ҷо, ҳамчунин, як шаршараи зебо бо тарҳи муосир бунёд гардид, ки ҷолиби диққат мебошад.
Иншоот мутобиқ ба меъёрҳои муосир эъмор гашта, ба макони асосии тамошо, саёҳату фароғати сокинону меҳмонон ва баргузории чорабиниҳои гуногун бо ҷалби наврасону ҷавонон табдил хоҳад ёфт.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ба масъулон барои нигоҳубини хуби иншоот ва сабзу хуррам намудани атрофи он дастуру ҳидоятҳо доданд.
Ба истифода додани бинои панҷошёнаи истиқоматӣ бо марказҳои хизматрасонӣ ва тақдими туҳфаҳо ба ятимон
1 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Абуабдуллоҳи Рӯдакии ноҳияи Панҷ бинои 5-ошёнаи истиқоматиро бо марказҳои савдою хизматрасонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти мазкур бо ҷонибдорӣ аз сиёсати бунёдкоронаи роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Сайдаҳмад Мараҷабов дар доираи омодагӣ ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохта шудааст. Иншооти баландошёнаи истиқоматӣ, ки аз 2 бино иборат аст, дорои 51 хона, аз ҷумла 23 якҳуҷрагӣ, 18 дуҳуҷрагӣ ва 10 хонаи сеҳуҷрагӣ мебошад. Дар ошёнаи 1-ум марказҳои савдо ва хизматрасонӣ ҷойгиранд, ки барои нуқтаҳои фурӯши шириниҳо ва дигар молҳои ниёзи мардум пешбинӣ гардидаанд.
Аснои шиносоӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити манзилҳои зист ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, иқдоми пешгирифтаи соҳибкорро дар самти бунёдкорию ободонӣ шоиста арзёбӣ намуданд. Оилаҳои ҷавоне, ки дар ин бинои хуштарҳу замонавӣ соҳиби хонаҳои барҳаво гардиданд, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.
Дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа, аз ҷумла ятимону бепарасторон, дар сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат мавқеи махсус дорад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ошёнаи якуми бинои истиқоматӣ бо 122 нафар ятиму бепарастор, ки аз 7 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба ҳам омадаанд, суҳбати самимона анҷом дода, ҳар яки онҳоро бо туҳфаҳои арзанда, ки аз китоб, сарулибоси зимистона ва кумакҳои молиявӣ иборат буд, қадр намуданд.
Оғози сохтмони парки технологии инноватсионӣ
1 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Панҷ ба сохтмони парки технологии инноватсионӣ ҳусни оғоз бахшиданд.
Масоҳати он се гектарро ташкил намуда, оянда дар он ҷиҳати амалигардонии ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ бунёд мешаванд. Тибқи нақша, дар парки технологӣ бо ҷалби соҳибкорону дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохтмони нуҳ корхона дар назар аст, ки самти фаъолияти онҳо ба истеҳсоли орду равған, коркарди меваю сабзавот, сачоқҳои яккарата, обҳои ташнагишикан, маҳсулоти қаннодиву макаронӣ, масолеҳи сохтмонӣ, хӯрокворӣ ва дигар ашёҳои рӯзгор равона мегарданд. Баъди ба истифода додани корхонаҳо, зиёда аз 200 ҷойи нави кор муҳайё мешавад. Маҳсулоти истеҳсолии коргоҳу корхонаҳои бунёдшаванда воридотивазкунанда буда, дар қонеъ гардондани талаботи бозори дохилӣ бо чунин маҳсулот мусоидат менамояд.
Иттилоъ дода шуд, ки то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар 30 шаҳру ноҳияи мамлакат чунин паркҳои технологӣ таъсис меёбанд, ки дар натиҷа шумораи коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бамаротиб меафзоянд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсиси парки технологиро дар ин ноҳияи дурдаст саривақтӣ арзёбӣ намуда, ба масъулин ҷиҳати босифат анҷом додани корҳои бунёдӣ ва дар оянда истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва зиёд намудани ҷойҳои нави кор дастуру ҳидоятҳо доданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 02.11.2022 №: 211 Мутолиа карданд: 1476