logo

Хабарҳо

ДАНҒАРА. ИҶРОИ БАРЗИЁДИ ДУРНАМОИ ПАХТА

 
Пахтакорӣ яке аз соҳаҳои асосӣ ва муҳими кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, дар таъмини корхонаҳои саноатии кишвар бо ин ашёи хоми гаронбаҳо аҳамияти калидӣ дорад. Аз дигар ҷиҳат пахта ба хоҷагиҳои пахтакор манфиати хуби молиявӣ оварда, барои ғанӣ гардидани буҷети маҳаллӣ мусоидат мекунад. Бо назардошти сол ба сол сердаромад гардидани соҳаи пахтакорӣ, инчунин, ҷиҳати татбиқи барномаи стратегии паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва таъсиси ҷойҳои нави кор, майдони кишти пахта васеъ ва истеҳсоли он дар кишвар бамаротиб зиёд мегардад. 
 
Тавре муовини аввали раиси ноҳияи Данғара Холзода Каромиддин Камолиддин ба хабарнигори махсуси «Ҷумҳурият» иттилоъ дод, пахтакорони зафарпешаи ноҳия дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар хусуси оқилона истифода бурдани замин амалӣ карда, имсол майдони ин зироати сердаромадро 170 гектар зиёд намуданд. 
– Ба ҳамагон маълум аст, ки пахта зироати хеле нозук ва заҳматталаб буда, танҳо бо роҳи риояи қатъии қоидаҳои агротехникӣ   ҳосили хуб ба даст овардан, имконпазир аст. Имсол пахтакорони ноҳия тухмиҳои аълосифати навъҳои гуногуни чинӣ, инчунин, «Флора», «Хатлон – 14», «Хуҷанд», «Флеш» ва «Ирам»-ро, ки ба иқлими ноҳия мутобиқанд, кишт намуданд. Дар давраи нашъунамо, гулу шона ҷиҳати ҳифз аз ҳар гуна ҳашаротҳои зараррасон, аз  ҷумла тортанакҳо ва шира, ки боиси талаф ёфтани ҳосил мегардад, аз заҳрхимикатҳо самаранок истифода бурда, дар мавсими ҳосилғундорӣ ба натиҷаҳои баланди истеҳсолӣ ноил шуданд, – афзуд Холзода Каромиддин Камолиддин. 
Пахтакорони зафарпешаи ноҳия бо сари баланд аз иҷрои нақшаи пахта мужда расонда, аз майдони 4 ҳазору 850 гектар ба ҷои 10 ҳазору 978 тонна беш аз 11 ҳазор тонна пахтаи аълосифат чамъоварӣ намуда, онро ба бузургтарин корхонаи нассоҷии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ҷунтай Данғара син– силу Текстил» супурданд. Корхона ҳар як тонна пахтаи бо заҳмати зиёд чидаи хоҷагиҳои пахтакорро бо нархи 10 ҳазор сомонӣ мехарад.   
Бояд гуфт, ки сари вақт таъмин намудани кишоварзон бо оби полизӣ, яке аз омилҳои асосии иҷрои дурнамои пахта дар ноҳия гардид. Пахтакорон имсол аз об танқисӣ накашиданд. Муассисаи давлатии Нақби оби Данғара ва идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳия   хоҷагиҳои пахтакорро  аз аввали мавсим бо оби полизӣ таъмин намуда, дар иҷрои дурнамои ноҳия саҳми калон гузоштанд. Натиҷаи ҳамин заҳматҳои мардони арсаи меҳнат  буд, ки ҳосилнокӣ аз ҳар гектар ба 22,5 сентнер расид. Дар ин дастовардҳои баланди меҳнатӣ, саҳми хоҷагиҳои деҳқонӣ ва кооперативҳои истеҳсолии «Раҳмонҷон», «Сомонҷон», «Муҳсинҷон», ҷамоатҳои деҳоти Сангтӯда, Оқсу, Корез, Исмат Шарифов ва Лолазор назаррас мебошад.   
Бино ба иттилои Холзода Каромиддин Камолиддин, имрӯзҳо дар қитъаҳои пахта 300 хоҷагии пахтакор ва зиёда аз 4 ҳазор чинакчӣ баҳри иҷрои уҳдадориҳо азму талош доранд. Деҳқонон аз рӯзҳои офтобии фасли тирамоҳ самаранок истифода бурда, ҳамарӯза ба нуқтаҳои қабул аз 100 то 150 тонна пахтаи хушсифат месупоранд. Ба ҳар кило пахтаи чидашуда ба чинакчиён аз 1 то 1,5 сомонӣ музди меҳнат медиҳанд. 
 
Холназар КАСИРОВ, 
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 7068
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед