Хабарҳо
ФАЙЗОБОД. САТҲИ ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ БЕҲТАР МЕШАВАД
Ҳанс Ҳенри Клюге, мудири Дафтари минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (WHO) барои Аврупо ва ҳайати ҳамроҳонаш, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода ва дигар шахсони расмӣ аз ноҳияи Файзобод дидан карданд.
Мақсади ташрифи меҳмонон таҳкими ҳамкориҳо миёни Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ва Дафтари минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ маҳсуб меёбад. Дар доираи сафар меҳмонон аз иншооте, ки бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ дар доираи Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ёфтааст, дидан намуданд.
Меҳмононро раиси ноҳия Бобишо Холзода бо шароити маркази саломатии деҳаи Дубедаи Ҷамоати деҳоти Ҷавонон ва сатҳи хизматрасонии он ошно кард. Иншооти мазкур аз 9 ҳуҷраи корӣ иборат буда, дар он 7 нафар кор мекунад. Марказ бо тамоми шароити замонавӣ аз тарафи Бонки ҷаҳонӣ бо маблағи беш аз 150 ҳазор доллари ИМА бунёд шудааст.
Зимни шиносоӣ аён гардид, ки дар маркази саломатии мазкур барои хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, хоссатан кумаки аввалияи тиббӣ, шароити мусоид фароҳам оварда шудааст ва табибони марказ бо истифода аз имконияти фароҳамгардида баҳри таъмини солимии аҳолӣ саҳми назарраси хешро мегузоранд.
Мудири Дафтари минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ оид ба беҳтару хубтар кардани сатҳи хизматрасониҳои тиббӣ ва бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳҳаз ва ба меъёри соҳаи тандурустӣ мутобиқ гардондани марказҳои саломатии ноҳия зикр кард, ки мо барои ҳамкориҳо дар ин самт ҳамеша саҳмгузор хоҳем буд.
Ҳанс Ҳенри Клюге барои ҳамкориҳои судманд бо туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод қадр шуд.
З. РАҶАБ, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 6978