Хабарҳо
ТАЭКВОНДО
Дурахши варзишгарони тоҷик дар “Namangan Open”
Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, варзишгарони тоҷик бо касби 13 медал (6 тилло, 4 нуқра, 3 биринҷӣ) дар III мусобиқаи байналмилалӣ оид ба таэквондо (WT) “Namangan Open” ) 25 – 29 октябр, Намангон, Ӯзбекистон) ба Ватан баргаштанд.
Миёни калонсолон Бахтовар Шарифов дар равияи пумсэ ва Мунира Абдусаломова (+73кг) медали тилло, Акбарҷон Бобоназаров (пумсэ) нишони нуқра ва Лоиқ Давлатзода (-58кг) мақоми сеюмро гирифтанд.
Миёни ҷавонон Муҳаммадризо Шукуров (-55кг) ҷои дуюмро касб намуд.
Абдуҷаъфар Баҳодурзод (-49кг) байни наврасон зинаи якумро гирифт.
Дар рақобатҳо миёни кӯдакон Муҳаммад Шарифов (-24кг), Акрамҷон Насриев (-26кг), Мубориз Ёрасенов (-32кг) нишони тилло ба даст оварданд. Анвар Аҳмадзода (-24кг) ва Олия Муродова (-27кг) мақоми дуюмро касб карданд. Медалҳои биринҷи кӯдаконро Абубакр Каримов (-23кг) ва Муҳаммад Давлатов (-28кг) гирифтанд.
Дар мусобиқа таэквондочиёни Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Эрон ширкат доштанд.
Зайнулло Шарифзода – раиси нави Федератсияи таэквондо (WT)
1 ноябр дар ҷаласаи ғайринавбатии интихоботии Конференсияи миллии Федератсияи таэквондо (WT)-и Тоҷикистон Зайнулло Шарифзода, директори Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Федератсия интихоб шуд.
Дар ин мақом Ҷаҳонзеб Қармишев, ки аз соли 2017 фаъолият мекард, истеъфо дод.
Бо пешниҳоди раиси нави Федератсия Ҷаҳонзеб Қармишев ноиби аввал ва Парвиз Собирзода ноиби раиси Федератсия интихоб шуданд.
БОКС
Пирӯзии Баҳодур ва бохти Шаббос
Боксёри тоҷик Баҳодур Усмонов (-63,5кг) дар даври аввали Чемпионати Осиё – 2022 (Уммон, Урдун) пирӯзӣ ба даст овард. Рақибаш Нодир Бадрони кувайтӣ ба рақобат бо Баҳодур ҳозир нашуд.
Варзишгари дигари мо Шаббос Негматуллоев (-80 кг) дар рақобати якум аз муштзани ҳиндустонӣ Лакшюа Чаҳар шикаст хӯрд.
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 7527