logo

Хабарҳо

Суҳбати Александр Лукашенко бо Станислав Зас

 
 
Мир 24. Ба иттилои шабакаи телевизионии “МИР 24”, Президенти Беларус Александр Лукашенко бо Дабири кулли СААД Станислав Зас оид ба мушкилот дар ин Соз-мон суҳбат кард ва даъват намуд, ки кор дар чаҳорчӯбаи СААД фаъол гардонда шавад.  
Ба гуфтаи Лукашенко, кишварҳои беруна ба масоили СААД дахолат менамоянд. Аз ин рӯ, иттифоқчиёнро лозим аст, ки бо ҳам пайваста, гуфтушунид карда,  қарорҳои қабулшударо рӯи коғаз нагузоранд, балки онҳоро амалӣ созанд.  
«Талаби Сарвари давлат маъмулан сода ва фаҳмо аст. Авлавиятҳо набояд абстрактӣ ва сохта бошанд. Онҳо бояд маҳз бо ҳамон мушкилоте бархӯрд намоянд, ки ҳоло дар рӯзномаи Созмони мо қарор доранд”, – гуфт Дабири кулли СААД. Мо, ҳамчунин, мавзуъҳои нишасти дарпешистодаи СААД-ро баррасӣ кардем.  
 
 
Изҳороти Сарвари Шурои давлатии Чин
 
RT. Сарвари Шурои давлатии Чин Ли Кэсян дар ҷаласаи Шурои сарварони ҳукуматҳо – сарвазирони кишварҳои узви СҲШ изҳор дошт, ки Чин омода аст, ҳамкориҳоро бо кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай  дар бахши амният амиқтар созад.
"Чин якҷо бо ҷонибҳои дигар барои амиқтар кардани ҳамкориҳои амниятӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати таъмини рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳар як кишвар омода аст", – иброз дошт Ли Кэсян. Вай, ҳамчунин, дар бораи зарурати эҷоди як навъи кушоди иқтисоди ҷаҳонӣ ва сода кардани расмиёти тиҷорати байналмилаливу сармоягузорӣ сухан гуфт.
 
 
СММ: “Тавлиди афюн дар Афғонистон 32 дарсад афзудааст”
 
ТАСС. Бино ба маълумоти дар гузориши рӯзи сешанбе нашршудаи Идораи СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC), ҳаҷми тавлиди афюн дар Афғонистон пас аз ба қудрат расидани ҳаракати радикалии “Толибон” дар ин кишвар 32 дарсад афзудааст. 
Тибқи ин гузориш, кишти афюн дар Афғонистон ба 233 ҳазор гектар расидааст. Даромади фермерҳо аз истеҳсоли афюн дар соли гузашта се маротиба афзуда, аз 425 миллион доллари амрикоӣ дар соли 2021 то 1,4 миллиард доллари амрикоӣ дар соли 2022 зиёд шудааст. Аммо ин маблағ танҳо як бахше аз даромади тавлид ва тиҷорати афюн дар дохили Афғонистонро ташкил медиҳад.
"Мусодираи афюн дар Афғонистон нишон медиҳад, ки фурӯши ғайриқонунии афюн ва ҳероини Афғонистон ҷилавгирӣ нашудааст. Афғонистон 80 дарсади ниёзи ҷаҳониро ба афюн таъмин мекунад",– омадааст дар гузориш.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 7685
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед