Хабарҳо
ҶАҲОН ДАР ЯК САТР
Sputnik. Дар баёнияи муштараке, ки рӯзи сешанбе дар пайи ҷаласаи 21-уми Шурои сарварони ҳукуматҳо – сарвазирони кишварҳои СҲШ қабул шуд, омадааст: “Сарварони ҳайатҳо нияти кишварҳои узвро барои ноил шудан ба истифодаи самараноки иқтидори транзити СҲШ, ташаккули долонҳои нақлиётию транзити минтақавӣ, татбиқи лоиҳаҳои бузурге, ки ба таҳкими ҳамбастагии нақлиётӣ дар фазои Созмон мусоидат мекунанд, тасдиқ намуданд”.
INTERFAX.RU. Президенти Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган зимни суҳбати телефонӣ бо ҳамтои русаш Владимир Путин, бар зарурати эҷоди “фазои ҳамкорӣ” барои ҳаллу фасли вазъи “созиши ғалла” таъкид кард.
Lenta.ru. "Украина ва Россия бузургтарин содироткунандагони гандум ва маҳсулоти марбут ба он, аз ҷумла нуриҳои минералӣ, мебошанд ва аз ин рӯ, аз фурсат истифода бурда, бори дигар мегӯям, ки содироти гандум, ҷав ва ҳар чизи дигаре, ки дар Украина ва Россия истеҳсол мешавад, ҳеҷ гоҳ мавриди таҳрим қарор нагирифтааст", – гуфт Канслери Олмон Олаф Шолс.
Мир 24. Дар Нижний Новгород форуми "Илм бидуни марз" ба кори худ оғоз намуд. Дар он ҳудуди 400 нафар олимони ҷавон, ки аз кишварҳои ИДМ намояндагӣ мекунанд, ширкат доранд.
Мир 24. Сарвазири Арманистон Никол Пашинян бо даъвати Роҳбари Эрон бо сафари расмӣ вориди ин кишвар шуд. Зимни вохӯрӣ бо Президенти Эрон Иброҳим Раисӣ ҳамкории зич, дастовардҳо ва дурнамои онро баррасӣ карданд. Инчунин, ҷиҳати дар ояндаи наздик зиёд намудани ҳаҷми боркашонӣ аз Теҳрон ба Ереван ба мувофиқа
расиданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 7622