сафарҳо
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Ифтитоҳи бинои иловагии таълимӣ
2 ноябр дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои иловагии таълимӣ, табобатӣ ва хобгоҳи донишҷӯёни Муассисаи ғайридавлатии таълимии “Коллеҷи тиббию иҷтимоии шаҳри Бохтар”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои нав бо дарназардошти талаботи муосир бунёд гардида, дар он барои илмомӯзиву истиқомати донишҷӯён ва табобати беморон шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, аз 5 ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Дохили иншоот ва намои берунаи он бо санъати баланди меъморӣ оро ёфтааст. Дар иншооти мазкур 25 синфхонаи таълимӣ бо 400 ҷойи нишаст ташкил гардида, синфхонаҳо бо асбобу аёниятҳои замонавии таълимӣ муҷаҳҳазанд.
Дар бино кафедраҳои фарматсевтӣ ва ҳамширагӣ, ҳамчунин, нуҳ толори алоҳидаи лексионӣ ҷойгиранд, ки бо истифода аз чунин имконоти мусоид минбаъд сатҳу сифати таълим боз ҳам баландтар мешавад.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар бинои иловагӣ ду синфхонаи технологияи иттилоотӣ мавҷуд аст, ки дорои 50 компютери замонавии пайваст бо хати интернет мебошанд. Шумораи компютерҳои муассиса, дар маҷмуъ, бештар аз 120-торо ташкил медиҳад. Синфхонаҳо бо тахтаҳои электрониву дигар аёниятҳои муосири таълимӣ муҷаҳҳазанд.
Бинои иловагии муассиса, ҳамчунин, китобхона бо толори алоҳидаи хониш дорад. Китобхонаи электронии Коллеҷ ба хати баландсуръати интернет пайваст буда, донишҷӯён барои такмил додани дониши худ аз он истифода хоҳанд бурд. Иншооти нав, инчунин, дорои хобгоҳ буда, барои зиндагонии муҳассилин шароити зарурӣ фароҳам аст. Аз ҷумла, дар он рахтҳои бароҳати хоб, ҷевони зебову замонавӣ ва дигар ҷиҳоз мавҷуданд, ки донишҷӯён метавонанд ҳам истироҳат намоянду ҳам дарс тайёр кунанд. Хобгоҳ барои 308 нафар пешбинӣ гардида, дар он донишҷӯёни ноҳияҳои дурдаст истиқомат менамоянд. Бояд зикр кард, ки айни замон дар Коллеҷи тиббию иҷтимоии шаҳри Бохтар аз аксари шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷавонон касб меомӯзанд.
Дар доираи дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар бинои нав масъулин беморхонаи назди Коллеҷро таъсис доданд, ки он бо дастгоҳҳои соҳавӣ таъмин аст. Аз ҷумла, беморхона дорои кардиомонитор, дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ ва рахтҳои хоби мутобиқ ба талаботи махсуси соҳавӣ буда, иншооти ёрирасон низ дар дохили он ташкил гардид. Беморхона 24 кати хоб дошта, табобати беморон бо ҷалби мутахассисони баландтаҷриба амалӣ мешавад.
Бояд гуфт, ки таъсиси беморхона дар назди Коллеҷ минбаъд барои омода намудани мутахассисони баландтаҷрибаву кордон мусоидати амиқ хоҳад кард, зеро донишҷӯён, дар баробари дарсҳои назариявӣ, метавонанд машғулиятҳои амалӣ гузаронда, беморонро бо роҳбарии табибони соҳибтахассус муолиҷа намоянд .
Дар беморхона бистарикунӣ ва табобати бемориҳои гуногун мутобиқ ба талаботи соҳаи тандурустӣ амалӣ мешавад. Ҳамчунин, иншооти нав дорои гӯшаи гиёҳдармонӣ буда, ба беморон доруҳое, ки аз гиёҳҳои шифобахш омода шудаанд, пешниҳод мегардад.
Дар назди Коллеҷ бинои алоҳидаи ошхона бунёд ёфта, ба донишҷӯёну кормандони муассиса ва нафарони табобатгиранда хӯрокҳои лазиз манзур хоҳад гашт. Ошхона имконият дорад, ки дар як вақт ба 150 нафар хизмат расонад ва дар таҳхонаи он толори варзиш ҷой гирифтааст.
Саҳни муассиса бо гулҳои зебо ва дарахтони сояафкан зинат дода шуда, дар ҳудуди он барои истироҳати донишҷӯён нишастгоҳҳо насб гардидаанд. Чароғонкунии муассиса низ тибқи талаботи меъёриву шаҳрсозӣ ба сомон расид.
Бояд зикр кард, ки Коллеҷи тиббию иҷтимоии шаҳри Бохтар самараи даврони соҳибистиқлолии мамлакат буда, айни замон дар он аз гӯшаву канори гуногуни мамлакат 1696 донишҷӯ таҳсил менамояд. Дар Муассиса аз рӯйи ихтисосҳои кори табобатӣ, момодоягӣ, ҳамширагӣ ва фарматсевтӣ мутахассисон омода мешаванд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта ва таъсиси беморхона дар назди Коллеҷ баҳои баланд дода, масъулинро вазифадор намуданд, ки имконоти фароҳамшударо барои омодасозии мутахассисони соҳибмалакаи бахши тиб ҳамаҷониба истифода баранд. Аснои гузарондани машғулиятҳо, усулҳои муосири таълимӣ ва аёниятҳои дарсиро васеъ истифода бурда, касбомӯзиро мутобиқи талаботу меъёрҳои муайянгардидаи соҳа амалӣ созанд.
Ба истифода додани корхонаи бандубасти мева
2 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар ҶДММ “Деҳаи ман”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Корхонаи навтаъсис ба бандубасти меваю хушкмева ва сабзавот машғул буда, дорои 6 хати коркард ва бандубасти маҳсулоти кишоварзӣ мебошад.
Тавре зимни боздид маълум гардид, ҷамъият бо дастгоҳҳои муосири корӣ, ки истеҳсоли Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Беларус мебошанд, таъмин буда, бо назардошти талаботи бозорҳои дохиливу байналмилалӣ маҳсулоти кишоварзиро бандубаст ва барои фурӯш омода мекунад.
Таҷҳизоти корхона ба таври автоматӣ фаъолият карда, дар як соат имкон дорад, ки 3 тонна сабзавот ва то 120 килограмм маҳсулоти донагиро бандубаст намуда, пешниҳоди харидорон созад.
Ҳоло дар корхонаи навтаъсис бандубасти 14 навъи меваю хушкмева ва сабзавот роҳандозӣ шуда, дастгоҳҳо имкон медиҳанд, ки бо пайдо гардидани талабот номгӯи маҳсулот ба таври назаррас зиёд карда шавад.
70 фоизи маҳсулоти кишоварзие, ки барои бандубаст ба коргоҳ ворид мегардад, аз хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ буда, 30 фоизи дигарро, ки, асосан, донагиҳоро дар бар мегирад, аз дигар кишварҳо меоранд.
Айни замон коргоҳи “Деҳаи ман” бо 45 хоҷагии кишоварзӣ шартномаи ҳамкорӣ дошта, аз онҳо маҳсулот дастрас менамояд. Корхона, ҳамчунин, имкон дорад, ки фармоиши хоҷагиҳои деҳқониро барои бандубасти маҳсулоти истеҳсолнамудаашон иҷро намояд.
Меваю сабзавот ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ, мутобиқи талабот, бо ҳаҷму намудҳои гуногун дар борҷомаҳои зебову бозоргир бандубаст мешаванд. Ҳоло маҳсулоти бандубастгардидаи корхона, асосан, ба мағозаву фурӯшгоҳҳои шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва дигар минтақаҳои кишвар пешниҳод мегардад. Ба иттилои масъулин, айни замон талабгорони чунин маҳсулоти баландсифати кишоварзӣ дар бозорҳои хориҷӣ низ, зиёд аст ва корхона барои содироти он ба дигар кишварҳо омода мебошад.
ҶДММ “Деҳаи ман” бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ ва шарикони рушд (Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ва Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ) бунёд гардид.
Дар назди коргоҳи нав мағозаи алоҳидаи фурӯш таъсис ёфта, ба харидорон маҳсулоте, ки дар корхонаи мазкур бо шаклу андозаи гуногун бандубаст мегардад, пешниҳод мешавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди чунин корхонаҳоро василаи муҳими таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор арзёбӣ намуда, барои роҳандозии содироти маҳсулот ба масъулин дастур ва маслиҳатҳои муфид доданд.
Дар саҳни корхонаи навтаъсис Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти корхонаҳои кишоварзии вилояти Хатлон дидан карда, бо маҳсулоти ниҳоии онҳо аз наздик шинос шуданд.
Корхонаи истеҳсоли лӯлаҳои асбестӣ бунёд шуд
2 ноябр дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Бохтар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи истеҳсоли лӯлаҳои асбестии ҶДММ “Бохтар-шифер”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Корхонаи нави истеҳсолӣ аз ҷониби соҳибкор Дӯстмурод Маҷидов дар масоҳати як гектар дар доираи нақша-чорабиниҳо ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва Солҳои рушди саноат (2022 - 2026) бунёд гардид.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ин аввалин корхонаи саноатӣ дар шаҳри Бохтар аст, ки ба истеҳсоли лӯлаҳои асбестӣ машғул мешавад. Фаъолияти корхона дар ду баст ба роҳ монда шуда, дар он беш аз 30 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гашт.
Бояд гуфт, ки санги асос барои бунёди корхона моҳи марти соли 2021 аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуд ва сохтмони он дар муддати яку ним сол бо сифати баланд ба анҷом расид.
Дар корхона ду хатти муосири технологӣ аз Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас ва васлу насб гардида, дар он пайвандак ва лӯлаҳои қутрашон аз 90 то 300 мм бо дарозии 4 метр истеҳсол мешаванд. Корхона имкон дорад, ки дар як шабонарӯз аз 500 то 800 дона лӯлаҳои асбестӣ истеҳсол намояд. Иқтидори тавлидотии корхона дар як сол 260 ҳазор дона лӯла буда, бо дарназардошти талаботи бозор имконияти аз ин ҳам бештар истеҳсол кардани маҳсулот мавҷуд аст. Маҳсулот аз лиҳози намуд ва сифат ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯст.
Барои истеҳсоли лӯлаҳои асбестӣ сементи аълосифати корхонаҳои Тоҷикистон истифода мешавад. 95 фоизи ашёи хом аз Тоҷикистон буда, ҳиссаи ками он аз Қазоқистон (5 фоиз) ворид мегардад.
Ба таъкиди мутахассисони соҳа, лӯлаҳои асбестии истеҳсолшуда ба гармию сардӣ тобоваранду истифодаи тулонии онҳо кафолат дода мешавад.
Роҳбарияти корхона дар раванди истеҳсолот ба сифати маҳсулот диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, бо таъмини бозорҳои дохилӣ, дар оянда нақша доранд, ки содироти лӯлаҳоро ба хориҷи кишвар ба роҳ монанд.
Бояд тазаккур дод, ки дар минтақаи саноатии шаҳри Бохтар барои бунёди корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ инфрасохтори зарурӣ, аз қабили роҳҳои мумфарш, хатҳои интиқоли қувваи барқ, шабакаи обу корез, фароҳам мебошад.
Саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат, афзун намудани ҳаҷми истеҳсолот ва дар ин замина, таъмини сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор аз мавзуъҳои асосии суҳбати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарият, коргарону мутахассисони корхонаи навбунёд буд. Таъкид гардид, ки бо татбиқи ин ҳадафи стратегӣ кишвари мо ба рушду пешрафти иқтисодии бештар расида, барои сокинон зиндагии шоиста фароҳам мешавад.
Баъд аз шиносоӣ бо фаъолияти корхонаи истеҳсоли лӯлаҳои асбестии ҶДММ “Бохтар-шифер”, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди боз як корхонаи дигари ин ҷамъият санги асос гузоштанд.
Бо бунёди корхонаи нави ҶДММ “Бохтар-шифер” дар оянда боз 20 нафари дигар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуда, шумораи коргарон ба 90 нафар хоҳад расид.
Корхонаи истеҳсоли нуриҳои азотию фосфордор
2 ноябр дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ёвон ташриф оварда, корхонаи истеҳсоли нуриҳои азотию фосфордори ҶДММ “ТАЛКО Кемикал”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Корхонаи нави истеҳсолӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва Солҳои рушди саноат (2022 – 2026) бунёд шуда, дар он беш аз 50 мутахассиси маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардид.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки барои истеҳсоли нуриҳои азотию фосфордор кислотаи сулфати 98,5-фоиза, хокаи бентонит ва сулфати аммоний истифода мешавад ва оянда дар назар аст, ки калий ҳамроҳ карда шуда, маҳсулоти азот, фосфор ва калий (NPK) истеҳсол гардад.
Бо дарназардошти истеҳсоли маҳсулоти дорои маводи кимиёвӣ, фаъолияти корхона дар се баст ба роҳ монда шудааст. Мавриди зикр аст, ки нурии минералии истеҳсолнамудаи корхона дорои сифати баланд буда, ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯст.
Ашёи хом – хокаи фосфордор аз хориҷи кишвар ворид гашта, кислотаи сулфат бошад, дар ҶДММ “ТАЛКО Кемикал” истеҳсол мешавад. Дар оянда ашёи хомро аз кони Ривати шаҳри Панҷакент меоранд.
Иқтидори истеҳсолии корхонаи нав дар як шабонарӯз 200 тонна буда, дар як сол 75 ҳазор тонна нурии минералиро дар бар мегирад.
Дар корхона тавлидоти нурии минералӣ бо истифода аз таҷҳизоти муосир, ки истеҳсоли Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад, ба роҳ монда шудааст. Дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолӣ аз ҷониби мутахассисони тоҷик васлу насб гардида, идора мешавад.
Бояд гуфт, ки раванди истеҳсоли нурии минералӣ аз панҷ марҳила: равона намудани кислотаи сулфат ва омехта кардани он ба хокаи фосфордор, ғурӯша кардан ва илова намудани нурӣ бо макро ва микроэлементҳо, хушкондани маҳсулоти истеҳсолшуда, ҷудо кардан ба гурӯҳҳову сард намудан ва бандубасти маҳсулоти тайёр иборат мебошад. Маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаи саноатӣ ивазкунандаи воридот буда, ба сифат ва қувватнокии он кафолат дода мешавад.
Ба таъкиди мутахассисон, ҳоло нурии минералӣ аз хориҷи кишвар ба ҷумҳурӣ ворид мешавад ва нархи гарон дорад. Маҳз баланд будани арзиши ин навъи маҳсулот дар бозорҳои дохилӣ, то ҷое боиси коҳиш ёфтани талабот ба он шудааст.
Бо мақсади таъмини талаботи сокинон, хусусан хоҷагидорон ва боғу токпарварони мамлакат бо нурии минералии истеҳсолоти ватанӣ, роҳбарияти ҶДММ “ТАЛКО Кемикал” дар ноҳияи Ёвон иқдом гирифтанд, ки бо истифода аз захираҳои мавҷуда ва коркарди ашёи хоми маҳаллӣ то марҳилаи ниҳоӣ корхонаи истеҳсоли нурии минералиро бунёд намоянд.
Акнун, дар корхонаи нави саноатӣ нурии минералӣ бо сифати баланд истеҳсол ва бо нархи 2 ҳазор сомонӣ барои як тонна, ки назар ба нархи бозор 2,5 маротиба арзон аст, ба мизоҷон пешниҳод мегардад. Бо истеҳсоли нурии минералии маҳаллӣ воридоти ин навъи маҳсулот ба кишвар бамаротиб кам хоҳад шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти ҶДММ “ТАЛКО Кемикал” барои таъсиси корхона ва бо ҷои кори доимӣ таъмин кардани мутахассисон изҳори сипос намуда, барои боз ҳам баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ ба масъулон маслиҳату тавсияҳои судманд доданд.
Ҷамъият нақша дорад, ки ояндаи наздик ҷиҳати татбиқи босамари ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти саноатикунонии босуръати кишвар марҳилаи дуюми корхонаи истеҳсоли нуриҳои азотию фосфордорро бо иқтидори 200 ҳазор тонна дар як сол ба истифода диҳад ва дар он беш аз 100 нафар мутахассиси маҳаллӣ соҳиби кори доимӣ мегардад.
Бо таъсиси марҳилаи дуюми корхонаи истеҳсолӣ дар баробари таъмини талаботи аҳолӣ бо нурии минералӣ содироти ин навъи маҳсулоти истеҳсолоти ватанӣ ба хориҷи кишвар низ, ба роҳ монда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки ҶДММ “ТАЛКО Кемикал” соли 2016 дар масоҳати 17 гектар бунёд ёфта, бо ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти кимиёвӣ, аз ҷумла кислотаи сулфат, дар Осиёи Марказӣ назир надорад.
Имрӯзҳо дар ин корхонаи пуриқтидори саноатӣ беш аз 200 нафар фаъолият дошта, мутахассисони тоҷик бо истифода аз хатҳои муосири истеҳсолӣ бидуни иштироки мутахассисони хориҷӣ кислотаи сулфати навъи аъло истеҳсол менамоянд.
Барои фаъолияти босамари корхонаи нави саноатӣ кислотаи сулфат ва дигар маводи кимиёӣ ба миқдори зарурӣ захира шудааст.
Сифати тамоми номгӯи маҳсулоти ҶДММ “ТАЛКО Кемикал” дар озмоишгоҳи замонавӣ санҷида мешавад.
Мутахассисони касбӣ бо истифода аз таҷҳизоти муосири соҳавӣ сифати маҳсулотро дақиқ санҷида, баъдан, барои истифода дар истеҳсолот пешниҳод менамоянд. Мувофиқи таҳлили коршиносон, истифодаи нурии минералӣ барои нарм кардани замин, ғанӣ гардондани таркиби хок бо элементҳои фоидаовар ва ба ин восита, баланд бардоштани ҳосилнокӣ мусоидат мекунад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти таҷҳизоту технологияҳои муосир ва ҷараёни истеҳсолот ошноӣ пайдо намуда, ба масъулони соҳа маслиҳат доданд, ки барои тақвият додани иқтидори корхонаи навбунёди саноатӣ ва истеҳсоли бештари нурии минералӣ аз захираҳои мавҷудаи табиӣ босамару оқилона истифода баранд.
Барои тозаю хуррам нигоҳ доштани муҳити атроф ва ободу зебо гардидани ҳудуди ҶДММ “ТАЛКО Кемикал” ҳазорҳо бех гулу буттаҳои мавсимӣ ва дарахтони сояафкани ҳамешасабзу ороишӣ парвариш меёбанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 03.11.2022 №: 212 Мутолиа карданд: 1304