Хабарҳо
Лоиҳаи Буҷети давлатӣ барои соли 2023 ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод шуд
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023» ва дурнамои ни-шондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2024 – 2025 баррасӣ шуд. Тибқи он, даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023-юм 37,1 млрд сомонӣ пешбинӣ гашт.
Дар ин бора 31 октябр дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, иттилоъ доданд.
АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дар лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023» 37,1 млрд сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки ин 4,1 млрд ё 12,3 фоиз нисбат ба соли 2022 зиёд мебошад. Қисми хароҷоти он 38,1 млрд сомонӣ пешбинӣ гаштааст, ки 4,5 млрд ё 13,03% нисбат ба соли 2022 зиёд аст.
Президенти мамлакат Вазорати молияро вазифадор намуданд, ки ҳангоми таҳияи лоиҳаи Буҷети давлатӣ барои соли 2023 ва солҳои минбаъда бо мақсади ноил гардидан ба ҳадафу афзалиятҳои стратегии рушди кишвар, татбиқи барномаҳои соҳавию минтақавӣ, сари вақт сохта, ба истифода додани иншооти ҷашнӣ сармоягузориҳои асосии мутамарказро зиёд намояд.
Лоиҳаи Қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023» дар маҷлиси Ҳукумат маъқул дониста шуда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ пешниҳод гардид.
Инкишофи муносибатҳои Тоҷикистон ва Ҷопон
Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ бо роҳбари намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) дар Тоҷикистон Такасака Мунео мулоқот кард, – хабар дод маркази матбуот ва таҳлили дастгоҳи КИМ ҲХДТ.
Абдуҷаббор Азизӣ аз 30-солагии барқарор гардидани муносибатҳои дипломатӣ байни ду давлат сухан гуфта, зикр кард, ки Тоҷикистон ва Ҷопон дар чаҳорчӯбаи СММ ва дигар созмонҳои бонуфузи байналмилалию ниҳодҳои молиявӣ ҳамкорӣ менамоянд.
Такасака Мунео иброз дошт, ки JICA яке аз бузургтарин ташкилотҳои ёрирасон дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, қариб 100 намояндагӣ дорад ва дар зиёда аз 150 кишвари дунё лоиҳаҳоро дар самтҳои гуногун маблағгузорӣ менамояд. Муносибатҳои Тоҷикистон бо Ҷопон дар соҳаҳои маориф, инфрасохтор, тандурустӣ, беҳдошт, некуаҳволии аҳолӣ, омодасозӣ ва такмили тахассуси кадрҳо инкишоф меёбанд. То оғози соли 2022 JICA дар Тоҷикистон бо ҷудо намудани маблағҳои грантӣ ҳудуди 40 лоиҳаи муҳими иқтисодӣ ва иҷтимоиро татбиқ намудааст.
Ҷиноятсодиркунии ноболиғон дар Бадахшон пурра аз байн бардошта мешавад
Таҳти раёсати раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ ҷаласаи Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак баргузор гардид. Дар он сардори РВКД дар вилоят Шариф Назарзода, прокурори вилоят Парвиз Орифзода, раисони шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Рӯшон, Шуғнон ва Роштқалъа, роҳбарони комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдаки шаҳру ноҳияҳо ва дигар идораву муассисаҳои дахлдор даъват шуданд.
Ҳавобегим Сафарқулова, мудири бахши ҳуқуқи кӯдаки вилоят, гуфт, ки тибқи нақшаи комиссия танҳо дар шаҳри Хоруғ 17 маротиба рейди шабонарӯзӣ баҳри пешгирии шабгардии кӯдакону наврасон, инчунин, истифодаи телефонҳои мобилӣ дар вақти дарс ба роҳ монда шуда, аз натиҷаи он ба идораву муассисаҳои дахлдор гузориши хаттӣ манзур гардид. Давоми нуҳ моҳ 6 ҷиноят аз тарафи ноболиғон сабт шуда, нисбат ба 312 нафар волидон ба маблағи беш аз 30 ҳазор сомонӣ ҷарима татбиқ гардид.
Раиси вилоят мудирони бахши ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ва шуъбаҳои маорифро дастур дод, ки назоратро дар самти ба мактаб ҳозир шудани хонандагон бо либоси ягона ва бидуни телефонҳои мобилӣ пурзӯр намоянд. Дар асоси дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ВМКБ ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, ҷиноятсодиркунӣ, бахусус дар байни ноболиғон, бояд пурра аз байн бардошта шавад.
Ҷаласаи комиссияҳои Ассамблеяи байнипарлумонии СААД
Вакили Маҷлиси намояндагон Мавлуда Мирзозода дар ҷаласаи нақшавии комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ оид ба масоили сиёсӣ ва ҳамкории байналмилалӣ, ки дар шаҳри Ереван дар реҷаи фосилавӣ (онлайн) баргузор гардид, ширкат варзида, оид ба мавзуъҳои баррасишуда ибрози андеша намуд.
Дар рӯзномаи ҷаласа масъалаҳо «Дар бораи самтҳои афзалиятноки раёсати Ҷумҳурии Беларус дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар соли 2023», «Дар бораи натиҷаҳои кори ҷаласаи 22-юми зимистонаи Ассамблеяи парлумонии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (феврали соли 2023, Вена)», «Дар бораи ҳуҷҷатҳои парлумонҳои кишварҳои узви СААД, ки аз ҷониби Ассамблеяи парлумонии СААД ворид шудаанд» ва «Дар бораи рӯз ва ҷои гузарондани маҷлиси навбатии комиссия ва рӯзномаи муваққатӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 19372