ҳуқуқ
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАНЗИМИ ҲОКИМИЯТИ СУДӢ
Дар таърихи конститутсионализми Тоҷикистон, Конститутсияи соли 1994 аввалин санадест, ки тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудааст. Қабули Конститутсия бори дигар соҳиби ақлу хиради азалӣ ва мардуми фарҳангсолор будани халқи тоҷикро нишон дод, ки дар давраи басо ҳассоси таърихӣ атрофи Роҳбари давлат муттаҳид гардида, бо қабули ин санади олии ҳуқуқӣ, бақои давлат ва миллати худро таъмин намуданд.
Конститутсияи мамлакат вазифаи ниҳоии халқи тоҷикро бунёди ҷомеаи адолатпарвар ва давлати иҷтимоӣ, ки он барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад, арзёбӣ намуда, сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таври кулл, роҳҳо ва тартиби расидан ба ин ҳадафи олӣ ва ниҳоии давлатро пешбинӣ намуд.
Боби ҳаштуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзими ҳокимияти судӣ бахшида шуда, принсипҳои асосии фаъолияти он низоми сохтори судӣ, вазифа, мақсадҳои амалӣ намудани адолати судӣ ва ваколати судяҳоро муқаррар мекунад. Воқеан, меъёрҳои умумиэътирофшудаи давлатҳои демократӣ бори дигар собит сохтанд, ки пойдории давлат ва бақои он ба адолати судӣ эҳтиёҷ ва пайвастагии ногусастанӣ дорад. Ин омили муайянкунанда тақозо менамояд, ки пайваста ҳокимияти судӣ таҳким ва густариш ёбад.
Беғаразии судя яке аз кафолатҳои асосии одилона баррасӣ намудани парвандаҳои судӣ мебошад. Ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои касбии худ судя бояд аз ҳама гуна бартариятдиҳӣ, ақидаи бармаҳал ё муносибати хотирбинона канораҷўӣ намояд ва барои истиснои беғаразиаш кўшиш ба харҷ диҳад. Агар асосҳои бо қонунгузории мурофиавӣ пешбинишуда барои рад кардани судя мавҷуд бошанд, ки беғаразӣ ва холисиашро зери шубҳа гузоранд, ў бояд аз баррасии парванда даст кашад.
Принсипи конститутсионии кафолати дахлнопазирии судяро Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» такмил дода, муқаррар намудааст, ки дахлнопазирии судя инчунин, ба манзил, утоқи корӣ, автомашинаи хизматӣ, мукотибот, молу мулки ў ва ғайра тааллуқ дорад.
Бо мақсади амалигардонии кафолатҳои конститутсионӣ, суд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро, ки Конститутсия ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи кишвари мо муқаррар намудаанд, ҳифз намояд. Яъне бо ҳамин васила суд вазифаи конститутсионии худро ҷиҳати таҳкими ҳамаҷонибаи қонуният ва таъмини адолати иҷтимоӣ дар Тоҷикистон ба анҷом мерасонад.
Бешубҳа иҷро ва риояи дақиқи талаботҳои қонун, пеш аз ҳама, аз шахсоне, ки адолату қонуниятро таҷассум менамоянд, яъне аз кормандони мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, низ вобастагии калон дорад. Ҳангоми ба амал баровардани вазифаҳои касбии худ онҳо, пеш аз ҳама, бояд ба тартиб ва мазмуни меъёрҳои амалкунанда, ки аз Конс-титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегиранд, диққати махсус диҳанд.
Сайфиддин КАМОЛЗОДА, раиси суди шаҳри Ваҳдат
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 04.11.2022 №: 213 Мутолиа карданд: 1417