logo

ҳуқуқ

КАФИЛИ ОЗОДИИ БАЁН

Дар моддаи 30 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон возеҳ ифода ёфтааст: «Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад». Аз ин муқаррарот бармеояд, ки давлат риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии воситаҳои ахбори оммаро таъмин менамояд. Бар пояи Конститутсия ба хотири таҳкими озодии сухан ва фаъолияти бемонеаи воситаҳои ахбори омма дар Тоҷикистон силсилаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул шудаанд, ки ин ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандонро дар ин самт таъмину танзим мекунанд.
Тибқи моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» (аз 19 марти соли 2013, №961), матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма дар Тоҷикистон озоданд. Ҳар шахс ҳуқуқи озодона ҷустуҷў, дастрас ва паҳн намудани ахбор, изҳори ақида ва дар шаклҳои бо ҳамин Қонун муқарраршуда паҳн намудани онҳоро дар матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма дорад. Дар банди сеюми ҳамин моддаи Қонун таъкид шудааст, ки «ҳама гуна поймол кардани озодии матбуоти даврӣ ва дигар  воситаҳои ахбори омма аз ҷониби шахс, шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ, ҷамъиятӣ, аз ҷумла дахолат кардан ба фаъолияти касбии редаксияи васоити ахбори омма, ғайриқонунӣ боздоштан ва ё қатъ намудани фаъолияти он тибқи қонунгузорӣ боиси ба ҷавобгарӣ кашидан мегарданд». 
Гузашта аз ин, Қонуни матбуот, ҳамзамон, сензура ва таъқиб барои танқид, ҳамчунин, инҳисори матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори оммаро мамнуъ медонад, ки ин нуқта аз Конститутсияи кишвар маншаъ мегирад.
Ба андешаи Қироншоҳ Шарифзода, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, давлат ҳамчун машинаи идоракунии ҷомеа вазифадор аст, ки фаъолияти ВАО-ро назорат кунад. Дар асоси меъёри конститутсионӣ аз ҷониби давлат ва мақомоти қонунгузори давлатӣ, як силсила қонунҳое қабул шудаанд, ки ба моддаи 30 Конститутсия такя мекунанд ва озодии сухан, нашр, воситаи ахбор ва истифодабарии онро аз ҷониби шаҳрвандон дар қонунҳои алоҳида бевосита мушаххастар мекунад. 
Қобили зикр аст, ки ба хотири таъмини ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон ба гирифтани иттилоот тариқи воситаҳои ахбори омма, қонуни амалкунандаи матбуоти даврӣ (моддаи 28) ба журналистон ҳаққи ҷустуҷў, дастрас, таҳрир ва интишори ахборро додааст. Журналист, ҳамчунин, ҳуқуқ дорад, ки вобаста ба иҷрои вазифаи худ бо шахсони мансабдор ҳамсуҳбат шавад, ҳама гуна далелро, аз ҷумла бо истифода аз воситаҳои техникии аудиовизуалӣ, асбобҳои кино ва аксбардор сабт намояд, бо нишон додани шаҳодатномаи журналистӣ дар маҳалҳои махсус муҳофизатшавандаи офатҳои табиӣ ва амсоли инҳо ҳузур дошта бошад. Гузашта аз ин, моддаи 162 Кодекси ҷиноятӣ (монеъ шудан ба фаъолияти қонунии касбии журналистон) чунин муқаррар кардааст: “Дар ҳар шакле, ки набошад монеъ шудан ба фаъолияти қонунии касбии журналист, ҳамчунин, маҷбур намудани ў барои паҳн кардан ё рад намудани пахши иттилоот, ки бо таҳдиди зўроварӣ, нобуд сохтан ё вайрон кардани молу мулк, паҳн кардани дурўғи бофтае ё фош намудани дигар маълумоте, ки ҷабрдида меҳоҳад онҳоро ниҳон дорад, алоқаманд аст, ҳамчунин, бо роҳи таҳдиди поймол намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии журналист, бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба муҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад”. Тибқи банди “в” қисми 2 моддаи мазкур агар ҳамин кирдор бо истифода аз мақоми хизматӣ содир шуда бошад, бо маҳдуд кардани озодӣ ба муҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.
- Набояд фаромўш кард, ки озодии баён, ҳамчунин, масъулият низ ҳаст. Яъне озодии матбуоту гуногунандешӣ низ бояд дар чаҳорчўб ва бо риояи қонун сурат бигирад ва набояд аз он суистифода шавад, то суботи ҷомеа халалдор нагардад. Мутаассифона, имрўз дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ, сомонаҳои интернетии ВАО-и маҳаллӣ ва хориҷие, ки дар Тоҷикистон намояндагӣ доранд, матлабҳоеро дучор омадан мумкин аст, ки дар он қонунҳои ҷории кишвар поймол мешаванд. Зикри ному насаб ва маҳали истиқомати афроди гумонбар дар ҷиноят, нишон додани чеҳраи одамони ҷабрдидаи хушунату бадрафторӣ (ҳатто ноболиғон), маҳкумнамоии нафари гумонбар дар ҷинояте аз сўйи ВАО, муқоисаи ноҷо ва баҳодиҳии яктарафаи журналист ба вазъият, додани минбар ба афроде, ки ошкоро таҳдид ба амнияти шаҳрвандон ва давлат мекунанд, пахш намудани саҳнаҳои қатли ваҳшиёна, паст задани шаъну шарафи шаҳрванд (аз ҷумла мансабдорон), бидуни иҷоза истифода кардани акси шаҳрвандон, плагиат (асардуздӣ) аз ҷумлаи амалҳои хилофи қонун мебошанд, ки баъзе намояндагони воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон дар фаъолияти худ содир мекунанд, - мегўяд Носирҷон Маъмурзода, сармуҳаррири рўзномаи “Хатлон”.
Журналист ва муҳаққиқ Камол Абдураҳимов дар ин бора чунин андеша дорад: «Озодии баён, мисли озодии демократия, бояд идорашаванда ё худ ҳидоятшаванда бошад. Мо аз хусуси фишор ба озодии матбуот зиёд мегўем, вале хатарҳоеро, ки бевосита дар аъмоқи худи воситаҳои ахбори омма месабзанд ва ба озодии баён таҳдид мекунанд, нодида мегирем».
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон дар маросими ифтитоҳи муассисаҳои давлатии телевизиони «Варзиш», «Синамо» ва Академияи воситаҳои ахбори омма  (1 марти соли 2016), бо таъкид ба ҷойгоҳи ВАО изҳор доштанд, ки бо назардошти манфиатҳои миллӣ воситаҳои ахбори омма бояд ба сифати дастгоҳи тавонои иттилоотӣ дар муборизаи таҳмилии иттилоотӣ чун сипари боэътимоди халқу давлат хизмат намоянд, ба ҳифзи оромиву суботи ҷомеа фаъолона мусоидат кунанд ва эътимоди мардумро ба фардои нек таҳким бахшанд. Ин таъкид бояд дастури кори ҳар як рўзноманигори содиқ ба арзишҳои касбӣ бошад.
 
Маҳмуд МИРЗОЁН, 
Оламбегим НЕКҚАДАМОВА,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.11.2022    №: 213    Мутолиа карданд: 1463
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед