Хабарҳо
ПОЙТАХТ. ТАНТАНАИ ФЕСТИВАЛИ ДЎСТӢ
Дар Муассисаи давлатии “Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе”, бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сеюмин “Фестивали дўстии ҷавонону варзишгарони пойтахт” таҳти унвони “Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст!”, ки то 14 ноябр идома меёбад, оғоз гардид.
Фестивали мазкур миёни донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи касбӣ, омўзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, қисмҳои ҳарбию низомӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе роҳандозӣ шудааст.
Дар оғози Фестивал намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва сохторҳои шаҳрӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъулин аз намоиши дастовардҳои муассисаҳои варзишӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи касбӣ, омўзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, қисмҳои ҳарбию низомӣ дидан карданд.
Зимни суханронии намояндагон дар маросими ифтитоҳи фестивал иброз гардид, ки имрўзҳо шароити хуби варзиш барои наврасону ҷавонон фароҳам оварда шудааст. Дастгириҳои Ҳукумати кишвар ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе буд, ки дар пойтахти кишвар майдончаҳои зиёди варзишӣ ва маҷмааҳои калони варзишӣ бо муосиртарин шароит сохта, ба истифода дода шуданд. Аз ин рў, ҷавононро мебояд аз имкониятҳои дардастдошта истифода намуда, парчамбардори Ватану миллати хеш бошанд.
Гуфта мешавад, ки 14 ноябр дар Кохи Суруш ҷамъбасти “Фестивали дўстии ҷавонону варзишгарони пойтахт” ба нақша гирифта шуда, дар ҳар як намуди варзиш ғолибон бо медалу диплом ва туҳфа қадр мешаванд.
З. РАҶАБ, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 16366