logo

Хабарҳо

САМАРҚАНД. ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН МУАРРИФӢ ГАРДИД

 
Дар шаҳри Самарқанд бо ибтикори Вазорати туризм ва мероси фарҳангии Ҷумҳурии Ўзбекистон “Ҳафтаи байналмилалии сайёҳии зиёратӣ” роҳандозӣ гардид, ки аз 40 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон олимону пажўҳишгарон иштирок доштанд. 
Ноиби Сарвазир, вазири туризм ва мероси фарҳангии Ўзбекистон Азиз Абдуҳакимов афзуд, ки сайёҳӣ муҳимтарин омил барои рушди иқ-тисоди Ўзбекистон мебошад. Ўзбекистон дар бозори сайёҳӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад ва метавонад бо мамлакатҳои пешрафтаи ҷаҳон вориди рақобат шавад. Лағви низоми раводид барои шаҳрвандони 90 кишвари ҷаҳон ба ин раванд таъсири мусбат мебахшад.
Меҳмонон аз шаҳри Самарқанд ба Маркази илмӣ-тадқиқотии Имом Бухорӣ, воқеъ дар ноҳияи Пайариқи вилояти Самарқанд ташриф оварданд. Дар чаҳорчўбаи “Ҳафтаи байналмилалии сайёҳии зиёратӣ” таҳти унвони “Осиёи Марказӣ-сарчашмаи санъати исломӣ” форум баргузор шуд. Дар он сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ўзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода иштирок ва суханронӣ кард.
– Мероси бойи таърихӣ-фарҳангӣ ва захираҳои табиии Тоҷикистон мусоидат менамоянд, ки ба кишвар теъдоди зиёди сайёҳони хориҷӣ ҷалб шаванд ва аз ин ҳисоб рушди устувори иқтисоди миллӣ таъмин гардад. Барои ҳамин Ҳукумати Тоҷикистон бахши сайёҳиро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии мамлакат эълом доштааст,- гуфт Абдуҷаббор Раҳмонзода.
Гуфта шуд, ки тибқи пурсишҳои иҷтимоӣ сайёҳони хориҷӣ бо ворид шудан ба Тоҷикистон бештар ба сайёҳии зиёратӣ, экологӣ, кўҳӣ, варзишӣ, таърихӣ-фарҳангӣ ва гастрономӣ таваҷҷуҳ менамоянд. Дар ҳамин ҳол барои рафъи чунин эҳтиёҷоти сайёҳон дар Тоҷикистон 230 ширкати сайёҳӣ муваффақона фаъолият мекунад. Гузашта аз ин, барои пайдо кардани бозорҳои нав аз намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ тақозо мегардад, ки дар намоишгоҳҳои бонуфузи тиҷоративу ҳунармандии ҷаҳонӣ фаъолона ширкат варзанд.
– Дар партави сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноати сайёҳии мамлакати мо ба таври устувор рушд менамояд. Дар ин самт муваффақиятҳо низ хеле зиёданд. Узвияти Тоҷикистон дар Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ, шомил шудани шаҳри Душанбе ба Федератсияи байналмилалии шаҳрҳои сайёҳӣ ва объекти таърихии “Саразм”, “Боғи миллӣ” ба феҳристи мероси таърихии ЮНЕСКО, инчунин, ба сифати мероси ғайримоддӣ пазируфтани “Чакан-санъати гулдўзии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Иди Наврўз”,  “Оши палав”, “Шашмақом” ва “Фалак” аз ҳамин шуморанд, – зикр намуд сафири Тоҷикистон дар Ўзбекистон.
Ў иштирокчиёни форумро итминон дод, ки бо пуштибонии Ҳукумати Тоҷикистон дар манотиқи он инфрасохтори фаровони сайёҳӣ бунёд мегарданд, ки эҳтиёҷи сайёҳонро ҷиҳати будубош, истироҳат ва гардишгарӣ қонеъ хоҳад кард. Ҳамзамон, аз соли 2022 Тоҷикистон барои 52 кишвари ҷаҳон низоми бидуни раводид ҷорӣ кардааст. Мувофиқи арзёбии байналмилалӣ, системаи низоми раводиди электронии он ба шумули панҷ системаи раводид ворид шудааст ва ҷойи чорумро ишғол мекунад.
Дар конфронси байналмилалӣ таҳти унвони “Таҷрибаи Ўзбекистон ва мамолики хориҷӣ ҷиҳати такомули сохтори тадқиқ намудани манбаъҳои нусхаҳои хаттӣ” масъалаҳои ҳифз ва тарғиби дастхатҳои нодир, санъати хаттотӣ, вазъи бойгониҳо ва осорхонаҳое мавриди муҳокимаи олимону пажўҳишгарон ва кормандони осорхонаҳо қарор дода шуд, ки хазинаи мероси фарҳангиро дар худ маҳфуз медоранд.
 
Мирасрор АҲРОРОВ, “Ҷумҳурият”, шаҳри Самарқанд


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 17868
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед