фарҳанг
ШОМИ ШАНБЕ
ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
6 НОЯБР – РЎЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАММОИ «КОНСТИТУТСИЯ»
1. «Мо барои *** кардан омадем» (Ҷалолиддини Балхӣ). 2. Муродифи вожаи «Парчам». 3. Маҷлиси намояндагони Маҷлиси *** и Ҷумҳурии Тоҷикистон. 4. Ягонагӣ, ба ҳам омадани ақидаҳо. 5. Ноҳия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. 6. Бузургтарин рўйдоди сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 7. Илме, ки гузаштаро меомўзад. 8. Омма, мардум, аҳолӣ. 9. Ҳуҷҷати расмӣ – коргузорӣ. 10. Ҳаммаънои «роҳбар», «сардор». 11. Оштӣ, мусолимат бо арабӣ, муқобили ҷанг. 12. Марому мақсади ягонаро гўянд. 13. Шакли ҷамъи вожаи «собит». 14. Миллат. 15. Махзани илму дониш. 16. Шаҳр, маркази маъмурӣ дар ҷануби Тоҷикистон. 17. «***, некӣ кун, ки даҳр некӣ донад».
Мураттиб Ҳотами ҲОМИД, корманди нашрияи «Омўзгор»
Ҷавоб ба муаммои «Достон» аз 28 октябри соли 2022
Аз чап ба рост:
5. Баҳром. 6. Равнақ. 9. Қамар. 10. Тоҳир. 11. Андиҷон. 14. Хорошо. 15. Карбон. 18. Саодат. 19. Самуил. 23. Барнаул. 25. Анҷир. 26. Торон. 27. Аммиак. 28. Достон.
Аз боло ба поён:
1. Сафар. 2. Сомонӣ. 3. Марҷон. 4. Ҷаҳон. 7. Сардор. 8. Мизбон. 12. Аширмат. 13. Капитан. 16. Сафина. 17. Мижгон. 20. Сарват. 21. Султон. 22. Бирма. 24. Борон.
Вайбер: 93-547-00-05,
bzm_701@mail.ru
Бо моҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
ҒАМХОРИ ҲАМ БОШЕМ!
Ҳеҷ чизе дар дунё вуҷуд надорад, ки барои худ бошад. Наҳр оби худро наменўшад ва баҳр моҳии худро намехўрад.
Дарахтон низ аз ҳосили худ истеъмол намекунанд. Хуршед ҳам барои худ намедурахшад ва гулҳо бўи атрогинашонро барои дигарон мебахшанд.
Инчунин, ҳайвонҳои ширдеҳ аз шири худ намехўранд.
Байти Шайх Саъдӣ бар ин гуфтаҳо созгор аст:
Абру боду Маҳу Хуршеду фалак
дар коранд,
То ту ноне ба каф ориву ба ғафлат
нахўрӣ.
Ҳамин тавр, ҳамаи ашё на барои худ, балки барои дигарон аст. Мо низ аз рўи ин ҳикмат бояд барои якдигар дар дунё зиндагӣ ва дасти ёрӣ дароз бикунем.
Аз арабӣ тарҷума ва таҳияи Абдулқодири РАҲИМ
САДАИ ХХ
НАЗДИКИ 200 МИЛЛИОН НАФАР ҚУРБОНИИ ҶАНГУ БЕМОРӢ
Таърихнигорони Донишгоҳи Ҳарварди Иёлоти Муттаҳидаи Амрико садаи ХХ-ро дар таърихи башарият асри хунхортарин эълом доштанд.
Аз ҷумла, бар асари Ҷанги якуми ҷаҳон (1914 – 1918), тақрибан, 15 миллион нафар ҷон бохтааст. Бино ба маълумоти онҳо, яке аз оқибатҳои ногувори ин Ҷанг хуруҷи пандемияи зукоми «испанка» мебошад, ки аз он наздики 50 миллион нафар мефавтад.
Дар Ҷанги дуюми ҷаҳон (1939 – 1945) бошад, қариб 59 миллион нафар ҷони хешро аз даст медиҳад.
Ба ҳамин тариқ, бар асари муноқишаҳои ҳарбӣ ва бемориҳои гуногун, умуман, дар қарни ХХ тахминан 200 миллион нафар ба ҳалокат расидааст.
Таҳияи Ш. ШОКИР
НЕКӢ ФАРОМЎШ НАМЕШАВАД
Соли 1847 ҳиндуҳои қабилаи Чокто фаҳмиданд, ки дар Ирландия гуруснагӣ ҳукмфармост ва барои ёрии онҳо 170 доллари амрикоӣ ҷамъ карда, фиристоданд. Ин маблағ, тамоми дороии қабила буд, яъне худи қабилаи Чокто хеле камбағал буд. Аммо ба ин нигоҳ накарда, ҳаддалимкон ёрӣ доданд.
Соли гузашта бемории коронавирус ба ИМА зарари калон ворид кард. Махсусан, иёлате ки дар он қабилаи Чокто зиндагӣ мекунад. Ирландиҳо хостанд, ки “қарзи” гирифтаашонро баргардонанд ва барои қабилаи Чокто 2 миллион доллари амрикоӣ ҷамъ карданд.
Таҳияи Кароматулло АТО
НИМШЎХИВУ НИМҶИДДӢ
ТАБЛЕТКА ҲАЙФ НАШАВАД
– Духтурҷон шавҳарам нофаҳмида «Нурофен» хўрдааст, чӣ кор кунам?
– Дар хона проб-лема доред?
– Албатта. Кўдакон либоси зимистона надоранд, аз мактаб ҳам қарздорем, яхдон низ холӣ…
– Шуд, фаҳмо. Расо 45 дақиқа дар ҳамин бора гап занед, сари шавҳаратон, ки ба дард даромад, таблетка ҳайф намешавад.
Таҳияи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
НАБАРДИ МАРГУ ЗИНДАГӢ
ЖАННА БЕМОРЕ, КИ 118 РЎЗ ДИЛАШ АЗ КОР МОНДА БУД
Соли 2008 сокини 14-солаи Каролинаи ҷанубии ИМА Жанна Симонс, ки аз дарди қалб азият мекашид, барои иваз кардани дилаш донор пайдо кард. Вале табибон дар амалиёти пайвандкунии (трансплантация) дил дар навбати аввал ноком шуданд.
Ҷисми бемор, ки узви навро қабул накард, зарурати фавран иваз намудани он пеш омад. Чун ёфтани донори дигар вақт мехост, духтурон ба тани ў дастгоҳи нафаскашии сунъӣ ва гардишдиҳандаи хунро, ки аз ҷониби ширкати «Thoratec» истеҳсол шудааст, насб намуданд. Ин дастгоҳ тавассути ду найчаи хурди хунгузар то замони пайдо кардани дили нав ва амалиёти дубораи пайвандсозӣ 118 рўз Жаннаро зинда нигоҳ дошт. Дар ин муддат духтар ҳамеша дар изтироб буд, ки мабодо дастгоҳ аз кор набарояду умраш ба поён нарасад.
Таҳияи Фаромарз РАҲМОНИЁН
ҲИКМАТИ НЕКУ БАД
Аз гўсфанде пурсиданд, ки агар ту гург будӣ, чӣ коре мекардӣ?
Гўсфанд гуфт: – Ман гургҳоро ба алаф хўрдан одат медодам, ки дигар ба гўсфандони бегуноҳ ҳамла накунанд.
Аз гург низ пурсиданд, ки агар гўсфанд будӣ, чӣ мекардӣ?
Гуфт: – Ман ба гўсфандон меомўхтам, ки чӣ тавр бо ду пои қафо ба сари гургҳо бизананд ва онҳоро ҳалок созанд.
Ҳадаф аз ҳикмат: зоти ҳеҷ ҳайвонеро наметавон иваз кард ва одамони бадкору каҷрафторро низ, ҳамчунон.
Таҳияи М. ОДИНАЕВА
ДУ ПАНД
Касе, ки аз баромадан ба кўҳ метарсад, доимо дар ғор зиндагӣ мекунад.
* * *
Аз бародари дур ҳамсояи наздик беҳтар аст.
Аз арабӣ тарҷумаи Абдулқодири РАҲИМ
ЯК БОМУ ДУ ҲАВО
Падар аз писари мактабхонаш пурсид:
- Хайр, муаллимҳоят чӣ хел?
- Ҳар хел, - ҷавоб дод писар.
- Чӣ хел, «ҳар хел»? – тааҷҷуб намуд падар.
- Гапҳояшон ҳар хела, – шарҳ дод писар.
- Муаллими адабиёт мегўяд: «Рўзе, ки гузаштааст, аз ў ёд макун!». Муаллими таърих бошад: «Гузашта гар надонӣ, дар банд бимонӣ».
Намедонам, ба кӣ бовар кунам.
Таҳияи Мафтуна БАХТИБЕКОВА
ДАРОЗТАРИН ҚАТОРАИ МУСОФИРБАР ДАР ДУНЁ
Дар Швейтсария қатораи дарозтарини мусофирбар дар дунёро ба роҳ андохтанд. Тули он қариб ду километр мебошад, - хабар медиҳад АИР «Новости». Қатора аз 25 ҳайат, 100 вагон иборат аст ва ба ин хотир, дарозиаш то ба 1, 91 километр расидааст. Он дар хатти ба рўйхати мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомилбудаи Граубюнден масофаи 25 километрро бо 150 мусофир барои санҷиш тай намуда, оид ба тулонитарин қатораи мусофирбарӣ рекорди ҷаҳонӣ гузошт.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
БО КЎДАКОНИ ХУД ГАП ЗАНЕД!
Кўдакон пеш аз оне, ки ба гапзанӣ шуруъ намоянд, чи гуфтани атрофиёнро мефаҳманд. Модарон бо кўдакони худ суҳбат карданро дўст медоранд ва онҳо низ аз шунидани суханони модар шод мешаванд.
Махсусан, ҳангоми дар бораи худ чизе нақл кардан ё хондани суруди “Алла” бисёр чизҳоро меомўзанд. Вақте кўдакон яксола мешаванд, тақрибан 70 калимаро мефаҳманд. Ҳатто агар бисёр гап назананд хам, медонанд, ки ба ў чи мегўянд. Аз ин рў, бо кўдакони худ суҳбат карданро давом диҳед.
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
АЗ ГУФТАҲОИ ДАВРОНИ МУАЛЛИМИИ
АЛБЕРТ ЭЙНШТЕЙН
4. Ҳеҷ гоҳ беш аз ду бор ҳарфҳоямро такрор накардам, чун он қадар ҷаззоб дарс мегуфтам, ки ҳеҷ кас нагуфт бори сеюм такрор намо.
5. Дар ягон ҳолат 90 дақиқа дарс нагуфтам, чун медонистам зарфияти шогирди мутавассит, камҳуш ва боҳуш аз ҳам фарқ дорад.
6. Ҳеҷ вақт толибилмро ҷаримаи нақдӣ накардам, чун медонистам бачаи мустазъаф (заиф,нотавон) бошад ё ятим.
Таҳияи З. РАҶАБ
БУЗУРГТАРИН ДОИРАИ ТОҶИКӢ
Сайиднодир Ҳайдарови 33-сола, устои созҳои мусиқӣ аз шаҳри Кўлоб, доирае сохтааст, ки бузургтарин дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин сеюмин доираи ўст, ки як метру 80 сантиметр баландӣ дорад.
Сайиднодир мехоҳад, даф ё доираи худро барои дарёфти рекордҳои Гиннесс пешниҳод кунад. Усто барои сохтани доираи рекордӣ як сол омодагӣ дидааст. Нахуст, ў пўсти гови бузургҷусса ҷустуҷў кард. Пас аз пайдо кардани пўст онро дар ду моҳ сохт. Доираи сеюме, ки ў сохтааст, бузургтар аз ду доираи қаблӣ аст. Сайиднодир Ҳайдаров 13 навъи асбоби мусиқӣ месозад. Тавре ў мегўяд, аз Исроилу Амрико ва кишварҳои аврупоӣ харидорони маҳсулоташро дорад.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
14. ҲОКИМЕ, КИ ЗУД ҚУДРАТРО АЗ ДАСТ ДОД
1. ЛУИС ФИЛИП
Соли 1908 Луис Филип, шоҳзодаи Португалия, герсоги Браганса сарватмандтарин марди кишвараш ба шумор мерафт. Аммо 1 феврали ҳамон сол ғайричашмдошт ҳама чиз якбора тағйир ёфт.
Он рўз шоҳ, малика ва писаронаш аз истироҳат бармегаштанд, ки ба онҳо бадхоҳон ҳамла намуда, ҷонибашон оташ кушоданд. Дар натиҷа Карлоси 1 бар асари тири душман дарҳол фавтид, писараш Луис Филип бошад, баъди 20 дақиқа даргузашт. Ҳамин тавр, Луис Филип ин муддат, яъне давоми 20 дақиқа расман шоҳи Португалия буд.
Бародари Луис шоҳзода Мануэл, ки ҷароҳати сабук бардошта буд, сари қудрат омада, ду сол ҳокимиятро идора кард. Аммо бо сабаби ҷавон будану таҷрибаи кофии роҳбарӣ надоштан, ҳокимиятро идора карда натавонист. Соли 1910 ҳокимияти Мануэл 2 дар натиҷаи инқилоб сарнагун шуд.
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ
НИМШЎХИВУ НИМҶИДДӢ
ТАСАЛЛО
Пеш аз ҷарроҳӣ духтур ба бемор мегўяд:
– Натарсед, ин шонздаҳум ҷарроҳии ман аст. Наход ҳамин дафъа ҳам аз уҳдааш набароям?!
Таҳияи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
«ПАДАРИ СОЛ»
ЧӢ ГУНА ШАХТЁР ИН УНВОНРО ГИРИФТ?
Имрўзҳо номи шахтёре, ки бо сару рўи чиркин писарашро ба бозии футбол овард, вирди забонҳост ва ҳама ўро «Падари сол» ном мебаранд. Ўро бо як акс мураббии шинохтаи тими NCAA «Кентукки» Ҷон Калипари дар саҳифаи иҷтимоиаш ба ҳама шиносонд:
"Ин мардеро, ки мебинед, баъд аз басти корӣ ба шустани сару рўяш вақт наёфта, ба тамошои бозӣ омад. Намедонам ў кист, вале барои ўву оилааш дар қатори шахсони обрўманд чипта додам”.
Пасон, аниқ шуд, ки номи ин мард Майкл Магуйар аст. Корманди кон асту он рўз соати 4:45 субҳ ба кор рафтааст. Баъд аз 12 соати корӣ, осемасар писарашро ба варзишгоҳ овард, то бозии тими дўстдоштаашро бубинад.
Тарҷумаи Меҳрангез ҚОДИРОВА
ВАҚТЕ ИНСОНГАРӢ МЕМИРАД...
Суратгири ҳаваскори ҳинд Анил Прабдхакар орангутан (маймуне)-ро, ки ба геологи дар кўлмаки об ғўтида, кумак мекард, аксбардорӣ кард. Ў аксро дар саҳифаи Instagram-и худ гузошта, дар зераш навиштааст: “Вақте инсонгарӣ мемирад, ҳайвонҳо моро ба асли хеш бармегардонанд”.
Марди дар аксбуда корманди Хазинаи ҳифзи орангутани Калимантан (яке аз бузургтарин ҷазираҳои Индонезия) аст. Ў морҳои заҳрнокро даруни об ҷустуҷў мекард. Ҳамин асно маймун наздик омада, дасташро ба сўи ў дароз кард, то ёриаш диҳад. Аммо геолог аз хавфи оне, ки маймун ба ў зарар мерасонад, худаш аз кўлмак берун омад.
"Муҳим нест, ки мард чӣ гуна аз ботлоқ баромад, мароқовар он ки як ҳайвон ба кумаки инсон шитофт ва ман хеле шодам, ки шоҳиди ин лаҳза будам", - гуфтааст Анил.
Тарҷумаи Комрон САФАР
ДЖЕКФРУТ
Он меваест аз оилаи дарахти нонӣ, ки дар шохаҳои он меваи аз ҳама калонтарини рўи Замин пухта мерасад. Фақат як дона меваи ин дарахт 35 килограмм вазн дораду меваи миллии бангладешӣ маҳсуб меёбад.
6000 сол пештар дарахти джекфрут дар Ҳиндустон мавҷуд буд. Шираи джекфрут равғанӣ буда, аз ҳуҷайраҳои ғизоӣ (клетчатка) ва крахмал бой аст. Одатан онро гирд-гирд реза намуда, бирён мекунанд, ки аз он чипси омода мешавад.
Таҳияи Иронбӣ МЎСОЗОДА
ЯК БАЙТ
Қосид зи барам рафт, ки орад хабар аз ёр,
Боз омаду акнун хабар аз хеш надорад.
Таҳияи Абдулқодири РАҲИМ
10 ДАЛЕЛИ АҶОИБ АЗ РЎЗГОРИ ФИДЕЛ КАСТРО
Дар 47 соли фаъолияти сиёсии Фидел Кас-тро дар ИМА, дар маҷмуъ, 9 президент иваз шуд, аз Дуайт Эйзенхауэр то Билл Клинтон. Дар ҳамин ҳол аксарияти ин президентҳо бо ҷаҳди зиёд таҳримҳои иқтисодӣ ва молиявӣ бар зидди Куба ва роҳбари абадии он ҷорӣ мекарданд. Аҷиб аст, ки Фидел Кастро бо вуҷуди озодона ҳарф задан бо забони англисӣ, одатан аз истифодаи «забони душманони худ» худдорӣ мекард. Ҳатто барои мусоҳибаҳои инфиродӣ.
* * *
Фидел Кастро нисбати мусиқӣ куллан бепарво, аммо мухлиси ашаддии варзиш буд. Ба шарофати зиндагии фаъол ва машқҳои доимӣ ў ҳатто дар пиронсолӣ низ, ҷисман неруманд буд. Дар ҷавонӣ ба либосҳои низомӣ афзалият медод. Ба ў либосҳои бренди «Адидас» писанд буд. Солҳои охир пешвои Куба, ҳатто дар чорабиниҳои муҳими сиёсии ин ширкат иштирок менамуд.
Таҳияи Борбади МУСТАФО
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 04.11.2022 №: 213 Мутолиа карданд: 1422