logo

сиёсат

МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО ПРЕЗИДЕНТИ ГУРӮҲИ БОНКИ ИСЛОМИИ РУШД

6 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шарм-уш-Шайхи Ҷумҳурии Арабии Миср дар ҳошияи иҷлоси Конфронси бистуҳафтуми тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27) бо Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷоссер мулоқот карданд.
Дар вохӯрӣ масъалаи ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки исломии рушд баррасӣ гардид. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкории судманд бо Бонки исломии рушд изҳори қаноатмандӣ карда, саҳми Бонкро дар татбиқи лоиҳаҳое, ки ба рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон равона шудааст, баланд арзёбӣ намуданд.
Ҷонибҳо дар вохӯрӣ рафти татбиқи силсилаи лоиҳаҳои муҳим дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, энергетика, нақлиёт, обёрӣ ва дигар бахшҳои афзалиятноки иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистонро баррасӣ карданд.
Зимни суҳбат идомаи раванди маблағгузории лоиҳаҳои афзалиятнок дар Тоҷикистон ва таҳияву татбиқи Стратегияи шарикии байни Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд зарур шумурда шуд.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо, ҳамчунин, оид ба ҳамкории муштарак дар самти пешгирӣ ва коҳиш додани таъсири тағйирёбии иқлим, офатҳои табиӣ, зарурати маблағгузории чорабиниҳои барқарорсозӣ пас аз буҳрони пандемия  ва дигар омилҳои беруна ба иқтисоди кишвари мо табодули афкор анҷом доданд.
Маблағгузорӣ барои рушди инфрасохтор, ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика ва истифодаи захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон аз имкониятҳои дигари таҳкими робитаҳои дуҷониба номида шуд.
Дар охири суҳбат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушдро даъват карданд, ки дар вақти муносиб ба Тоҷикистон ташриф орад.
 
 
 
ВОХӮРӢ БО РОҲБАРИ ШИРКАТИ  "ЭЛСЕВЕДИ ЭЛЕКТРИК" 
6 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шарм-уш-Шайхи Ҷумҳурии Арабии Миср дар ҳошияи иҷлоси Конфронси бистуҳафтуми тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27) роҳбари Ширкати мисрии "Элсеведи электрик" Аҳмад Ас-Сувейдиро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот масоили ба роҳ мондани ҳамкории судманди Тоҷикистон ва ширкати мисрии "Элсеведи электрик" баррасӣ гардиданд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрии имрӯзаро имкони хуби баррасии дарёфти роҳҳои ҳамкории судманд маънидод карданд.
Таъкид гардид, ки дар Тоҷикистон фазои мусоид ва имкониятҳои фарохи сармоягузорӣ мавҷуд буда, минтақаҳои озоди иқтисодӣ фаъолияти босамар доранд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ислоҳоти соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва барномаву стратегияҳои давлатӣ барои рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, таъсиси ширкатҳои муштарак ва дастгирии соҳибкории хурду миёна тадбирҳои созандаро амалӣ месозад.
Аз ҷониби роҳбарияти Ширкат дар ҳамкорӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, аллакай доир ба сохтмони як корхонаи нави трансформаторҳо дар шаҳри Бохтар, як неругоҳи барқи обӣ ва корхонаҳои истеҳсоли кабелҳо, дигар техникаю таҷҳизот дар соҳаҳои энергетикаи барқӣ ва алоқа, ҳамкорӣ дар татбиқи лоиҳаҳои гуногуни истеҳсолӣ, зербиноӣ ва тиҷоратӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, алоқа, обёрӣ, кишоварзӣ ва технологияҳои сабз ба мувофиқаҳои пешакӣ расиданд.
Зимни суҳбат иттилоъ дода шуд, ки "Элсеведи электрик"  аз ширкатҳои калонтарин ва пешқадами минтақа ва ҷаҳон доир ба истеҳсоли техникаю таҷҳизоти муосири соҳаҳои энергетика, алоқа, обёрӣ, кишоварзӣ, рақамисозии идораю истеҳсолот ва ғайра мебошад. Дар зиёда аз 50 кишвар корхонаҳои саноатӣ дорад ва гардиши молиявиаш 6 миллиард доллари амрикоӣ аст.
Ширкат дар татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ дар соҳаҳои гуногун, ба мисли сохтмони шаҳрҳои ҳушманд, неругоҳҳои барқии обӣ, ҳароратӣ, офтобӣ ва бодӣ, роҳҳои оҳан, минтақаҳои истеҳсолӣ ва паркҳои логистикӣ ва, инчунин, дар истеҳсол, интиқол ва тақсимоти неруи барқ, таҷрибаи фаровон дорад.
 
 
 
ГУФТУГӮИ СУДМАНД БО ДИРЕКТОРИ ИДОРИИ ХАЗИНАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АСЪОР 
6 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шарм-уш-Шайхи Ҷумҳурии Арабии Миср дар ҳошияи иҷлоси бистуҳафтуми Конфронси тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27) бо директори идории Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) хонум Кристалина Георгиева мулоқот карданд.
Дар рафти суҳбат масъалаи ҳамкории Тоҷикистону Хазинаи байналмилалии асъор мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози мулоқот саҳми Хазинаро дар рушди устувори иҷтимоию иқтисодии кишварамон таъкид намуда, натиҷаҳои вохӯрии имрӯзаро аз лиҳози баррасии ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи байналмилалии асъор муҳим арзёбӣ карданд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон бо воридшавӣ ба узвияти Хазинаи байналмилалии асъор (соли 1993) аз кумакҳои он дар пешбурди ислоҳоти иқтисодӣ, нигоҳдории суботи макроиқтисодӣ, дастгирии тавозуни пардохт, таъмини устувории захираҳои байналмилалӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, аз ҷумла давраи пандемияи коронавирус, баҳраманд гардидааст.
Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба самтҳои гуногуни ҳамкорӣ, аз ҷумла дар ҳалли мушкилоти таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба рушди устувор, дарёфти роҳҳои ҳалли ҳамгироёнаи масъалаҳои обу иқлим ва дигар мавзуъҳои мубрами рӯз табодули андеша карданд.
Ҷонибҳо таҳкими ҳамкориҳои минбаъдаи Тоҷикистонро бо Хазинаи байналмилалии асъор барои Тоҷикистон баҳри амалисозии минбаъдаи ислоҳоти иқтисодӣ ва рушди бомароми кишвар зарур донистанд.
Дар охири мулоқот Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз директори идории Хазинаи байналмилалии асъор даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон муносиб ба Тоҷикистон ташриф орад.
 
 
ДИДОР БО ПРЕЗИДЕНТИ ХАЗИНАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ РУШДИ КИШОВАРЗӢ
7 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шарм-уш-Шайхи Ҷумҳурии Арабии Миср дар ҳошияи иҷлоси бистуҳафтуми Конфронси тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27) бо президенти Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ Алваро Ларио мулоқот карданд.
Дар рафти вохӯрӣ масоили рушду густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ баррасӣ ёфтанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таҳкими робитаҳо бо ин ниҳоди бонуфузи байналмилалӣ изҳори қаноатмандӣ карда, омодагии Тоҷикистонро ҷиҳати идомаи босамари ҳамкориҳо таъкид намуданд.
Дар мулоқот ҷалби Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ дар инкишофи инфрасохтори соҳаи кишоварзӣ, баланд бардоштани маҳсулнокии бахшҳои кишоварзӣ ва беҳдошти сатҳи зиндагии аҳолии деҳот муҳим арзёбӣ гардид.
Барномаи имкониятҳои стратегии кишварии Хазина, ки ба дастгирии мамлакатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати амалисозии Рӯзномаи 2030 оид ба рушди устувор ва таҳкими устувории муҳити зист равона гаштааст, зарур шумурда шуд.
Таъкид гардид, ки дар шароити тағйирёбии иқлим ва пайомадҳои он ба соҳаи кишоварзӣ таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои нави сармоягузории Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ба манфиати кор хоҳад буд.  
Дар рафти суҳбат, ҳамчунин, оид ба дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯ сурат гирифт.
 
 
 
СУҲБАТ БО ДИРЕКТОРИ ИҶРОИЯИ ФОНДИ ИҚЛИМИ САБЗ
7 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шарм-уш-Шайхи Ҷумҳурии Арабии Миср дар ҳошияи иҷлоси бистуҳафтуми Конфронси тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27) бо директори иҷроияи Фонди иқлими сабз Яник Глемарек мулоқот карданд.
Ҷонибҳо масоили мубрами рӯз, дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти глобалӣ ва натиҷаҳои кори Конфронси сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳидро баррасӣ намуданд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин имкони дидору мулоқот ва баррасии масоили ҳамкории дуҷонибаро омили муҳими тавсеаи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Фонди иқлими сабз номиданд.
Тоҷикистон тайи 20 соли охир як қатор ташаббусҳои глобалиро оид ба оби ошомиданӣ ва тағйирёбии иқлим пешниҳод кардааст, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ бо иттифоқи оро қабул гардиданд. Ташаббуси навбатии кишвари мо ҷиҳати пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои тағйирёбии иқлим оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” мебошад.
Таъкид гардид, ки айни ҳол бо ҷалби маблағҳои Фонди иқлими сабз дар Тоҷикистон 5 лоиҳа мавриди татбиқ қарор дорад. Лоиҳаҳои мазкур дар соҳаҳои энергетика, татбиқи чораҳои зарурӣ барои пешгирии хатарҳои табиӣ, устувории ҷомеаҳои осебпазири минтақаҳои кӯҳӣ ба пайомадҳои иқлимӣ, маблағгузорӣ дар бахши хусусӣ ва беҳтар намудани хизматрасонии обуҳавошиносӣ амалӣ мешаванд. 
Дар мулоқот пешниҳод гардид, ки ҷаласаи Шурои идоракунандагони Фонди иқлими сабз дар соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор гардад.
Зимни суҳбат ҷонибҳо, ҳамчунин, оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯ анҷом доданд.
 
 
 
МУЛОҚОТ БО ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ КЕНИЯ
7 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шарм-уш-Шайхи Ҷумҳурии Арабии Миср дар ҳошияи иҷлоси бистуҳафтуми Конфронси тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27) бо Президенти Ҷумҳурии Кения муҳтарам Уилям Рутто мулоқот карданд.
Вохӯрӣ бо ташаббуси ҷониби Кения доир гардида, дар рафти он масоили рушду густариши ҳамкории ду кишвар баррасӣ шуданд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин имкони дидору мулоқотро барои муҳокимаи дурнамои муносибатҳои дуҷониба муҳим арзёбӣ карданд. Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ масъалаҳои вусъат бахшидан ба ҳамкории кишварҳо, тақвият додани заминаҳои ҳуқуқии робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро дар чаҳорчӯби ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид дида баромаданд.
Дастгирӣ кардани ташаббуси якдигар дар созмонҳои байналмилалӣ оид ба ҳалли мушкилоти глобалӣ омили муҳими таҳкими эътимоду боварии байни кишварҳо арзёбӣ гардид. Дар мулоқот ба роҳбарияти олии Ҷумҳурии Кения ҷиҳати ҷонибдории пешниҳоду талошҳои байналмилалии кишвари мо дар соҳаи обу иқлим миннатдорӣ изҳор шуд.
Сарварони давлатҳо ба вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳои худ супориш доданд, ки барои вусъат бахшидан ба ҳамкориҳои дуҷониба чораҳои зарурӣ андешанд.
Дар рафти суҳбат, ҳамчунин, оид ба дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯ сурат гирифт.
 
 
 
ВОХӮРӢ БО ПРЕЗИДЕНТИ БОНКИ АВРУПОИИ ТАҶДИД ВА РУШД
7 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шарм-уш-Шайхи Ҷумҳурии Арабии Миср дар ҳошияи иҷлоси бистуҳафтуми Конфронси тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27) бо президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд хонум Одил Рено-Бассо мулоқот карданд.
Зимни вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд мавриди муҳокима қарор дода шуд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Бонк барои ҳамкории пайваста ва судманд сипос гуфта, изҳори итминон намуданд, ки раванди маблағгузории лоиҳаҳо дар соҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон минбаъд низ босамар идома хоҳад ёфт.
Дар рафти мулоқот саҳми Бонк дар таҳкими бахши молиявӣ, рушди бахши хусусӣ, соҳаҳои нақлиёт, энергетика, обтаъминкунии аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои коммуналӣ дар кишвари мо таъкид гардид.
Баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодӣ,  инкишофи бозори молиявӣ ва дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ, алалхусус дар самти коркарди ниҳоии маҳсулоти кишоварзӣ, маъданҳои кӯҳӣ ва дигар ашёи хоми маҳаллӣ аз самтҳои дигари ҳамкорӣ арзёбӣ гашт. Ҷалби маблағҳои иловагӣ ҷиҳати татбиқи пурраи лоиҳаҳо барои расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии давлат, яъне истиқлолияти энергетикӣ, инчунин, дар шароити тағйирёбии иқлим дастрасии бештар ба “энергияи сабз” ва ташаккули “иқтисоди сабз” зарур шумурда шуд.
Дар рафти суҳбат ҷонибҳо, ҳамчунин, оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯ анҷом доданд.
 
 
 
ГУФТУГӮ БО САРВАЗИРИ ПОДШОҲИИ НИДЕРЛАНД 
7 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шарм-уш-Шайхи Ҷумҳурии Арабии Миср дар ҳошияи иҷлоси бистуҳафтуми Конфронси тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27) бо Сарвазири Подшоҳии Нидерланд муҳтарам Марк Рутте мулоқот карданд.
Дур суҳбат дурнамои робитаҳои ду кишвар дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯби ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардиданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ ва робитаҳои дипломатии Тоҷикистону Подшоҳии Нидерланд, ки моҳи июли соли 2022 аз барқароршавии он 30 сол пур шуд, изҳори қаноат карданд.
Таъкид гардид, ки дар давраи кунунӣ имкониятҳои зиёд ҷиҳати вусъат додани ҳамкориҳо дар самтҳои гуногуни иқтисодиву тиҷоратӣ, аз ҷумла энергетика ва коммуникатсия, саноат, кишоварзӣ, молия, сайёҳӣ, ҳамчунин, иҷтимоиву фарҳангӣ, бахусус маориф вуҷуд доранд.
Зимни мулоқот оид ба истифодаи зарфиятҳои сармоягузорӣ, молиявӣ ва тиҷоратии Нидерланд, инчунин, таҷрибаи ғании ширкатҳои он дар рушди иқтисоди Тоҷикистон, бахусус дар соҳаҳои кишоварзӣ, нақлиёт, туризм, фанновариҳо ва технологияҳои нави коркарди маҳсулоти кишоварзӣ изҳори ҳавасмандӣ шуд.
Дар анҷоми суҳбат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Сарвазири Подшоҳии Нидерланд Марк Рутте даъват ба амал оварданд, ки дар вақти муносиб бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф орад. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.
Ҷонибҳо ҳамкории судмандро дар татбиқи рӯзномаи СММ оид ба масъалаҳои об, ки дар он Тоҷикистон ташаббускори асосӣ шумурда мешавад, махсус зикр карда, омодагии худро барои дар сатҳи баланд ҳамраисӣ намудани Конфронси СММ оид ба татбиқи миёнамуҳлати Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018– 2028”-ро моҳи марти соли 2023 изҳор доштанд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.11.2022    №: 214    Мутолиа карданд: 378
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед