мулоқотҳо
Эмомалӣ Раҳмон Леонид Кучмаро ба ҳузур пазируфт
26 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон собиқ Президенти Украина Леонид Кучмаро, ки бо сафари хусусӣ ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили вобаста ба муносиботи Тоҷикистону Украина ва дурнамои он баррасӣ шуданд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба нақши Леонид Кучма дар гузоштани асоси устувори муносиботи гуногунҷанбаи ду кишвар баҳои баланд дод.
Мусоҳибон таъкид бар он доштанд, ки Тоҷикистону Украина дорои имкону захираҳои фарох барои таҳким ва густариши бештари ҳамкорӣ мебошанд ва изҳори боварӣ намуданд, ки баҳрабардории васеъ аз ин имконот ба манфиати ду давлати дӯст ва мардумони онҳо аст.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1789