мулоқотҳо
МУЛОҚОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО САРВАЗИРИ ҶУМҲУРИИ АРАБИИ МИСР
7 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шарм-уш-Шайхи Ҷумҳурии Арабии Миср дар ҳошияи иҷлоси бистуҳафтуми Конфронси тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27) бо Сарвазири Ҷумҳурии Арабии Миср муҳтарам Мустафо Мадбулӣ мулоқот карданд.
Зимни суҳбат маҷмуи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Миср, робитаҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва рӯзномаи Конфронси сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим, баррасӣ гардиданд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти кишвари мизбон барои даъват ҷиҳати иштирок дар кори ҳамоиши сатҳи баланд ва пазироии самимӣ изҳори сипос карданд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот густариши робитаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузориро аз самтҳои муҳими муносибатҳои ду кишвар арзёбӣ карда, фаъол намудани кори Комиссияи муштараки байниҳукуматиро барои баррасӣ ва тарҳрезии ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаҳои мавриди назар зарур шумурданд.
Дар рафти вохӯрӣ масоили тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, бахусус дар таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, истихроҷу коркарди маъданҳо, ҳамчунин, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, фарҳанг ва сайёҳӣ, муҳокима шуданд.
Зимни мулоқот масоили ҳамкорӣ дар самти мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва паҳншавии ақидаҳои тундгароёна, қазияи Афғонистон, ки имрӯзҳо ба масъалаи доғ ва мавриди нигаронии тамоми ҷаҳониён гаштааст, баррасӣ гардиданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 08.11.2022 №: 214 Мутолиа карданд: 1277