сиёсат
ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ИҶЛОСИ БИСТУҲАФТУМИ КОНФРОНСИ ТАРАФҲОИ КОНВЕНСИЯИ СММ ОИД БА ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ (КОП-27)
7 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шарм-уш-Шайхи Ҷумҳурии Арабии Миср дар иҷлоси бистуҳафтуми Конфронси тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27) иштирок ва суханронӣ карданд.
Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Арабии Миср барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати баргузории чорабинии сатҳи баланд изҳори миннатдорӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки хушксоливу обхезиҳои бесобиқаи соли равон дар ҷаҳон ва аз он ҷумла дар минтақаи Осиёи Марказӣ, бори дигар собит намуданд, ки тағйирёбии иқлим аз умдатарин мушкилоти ҷаҳон боқӣ мемонад.
Тоҷикистон бо 93 фоизи ҳудуди кӯҳсораш дар баробари тағйирёбии иқлим хеле осебпазир мебошад. Офатҳои табиии вобаста ба ин раванд ҳамасола ба иқтисоди кишвари мо садҳо миллион доллар хисорот ворид карда, дар бисёр ҳолат боиси талафоти ҷонӣ мегарданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки ҳиссаи Тоҷикистон дар ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонагӣ хеле ночиз аст ва дар ин радабандӣ кишвари мо дар ҷойи 130-ум қарор дорад, яъне аз рӯйи андозаи пасти чунин партовҳо мавқеи пешсафро ишғол менамояд. Зиёда аз 98 фоизи неруи барқ дар Тоҷикистон аз ҳисоби захираҳои барқароршаванда, яъне “энергияи сабз”, бахусус гидроэнергетика, ба даст меояд ва аз рӯи ин нишондиҳанда мо дар ҷаҳон дар мақоми шашум қарор дорем.
Бояд гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим (2030) ва як қатор санадҳои дигарро қабул намудааст.
Сарвари давлат таъкид доштанд, ки мо дар доираи талошҳоямон барои омодагӣ ба Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид, ки моҳи марти соли 2023 таҳти раёсати Тоҷикистону Нидерланд баргузор мегардад, ҳамбастагии обу иқлимро ҳамчун яке аз мавзуъҳои асосии Конфронс пешниҳод намудаем.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон карданд, ки кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид ва ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор тавассути иштироки фаъол, гирифтани уҳдадорӣ ва суръатбахшии амалҳо дар татбиқи ин масъулияти бузург кишвари моро дастгирӣ хоҳанд кард.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 08.11.2022 №: 214 Мутолиа карданд: 400