сиёсат
Иштироки Сарвари давлат дар маросими ифтитоҳи Павилйони оби Тоҷикистон дар ҳошияи Конфронси бистуҳафтуми тарафҳои Конвенсияи СММ оид ба тағйирёбии иқлим
7 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шарм-уш-Шайхи Ҷумҳурии Арабии Миср дар ҳошияи Конфронси бистуҳафтуми тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим дар маросими ифтитоҳи Павилйони оби Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар ин маросим, ҳамчунин, Сарвазири Ҷумҳурии Мисри Араб, Сарвазири Подшоҳии Нидерланд иштирок ва суханронӣ намуда, ба ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун шахсияти пешсаф дар пешбурди масъалаҳои об ва иқлим дар сатҳи ҷаҳонӣ баҳои баланд доданд.
Мавриди зикр аст, ки Павилйони об ва иқлими Тоҷикистон дар доираи Иҷлоси 27-уми Конфронси тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим дар мавзуи “Муттаҳид кардани ҷаҳон барои мубориза бар зидди тағйирёбии иқлим” ҷиҳати суръат бахшидан ба ҳадафҳои Созишномаи Париж ва Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим ташкил гардидааст.
Павилйони об ва иқлим аз ҷониби Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Ҷумҳурии Арабии Миср, Британияи Кабир, Олмон ва Подшоҳии Нидерланд дар ҳамкорӣ бо зиёда аз 35 созмону ташкилоти мухталиф ташкил шуда, платформаи беназир барои намоиш ва таблиғи нақши марказии об барои ноилшавӣ ба пешравӣ ҳам дар мутобиқшавӣ ва ҳам дар коҳишёбии тағйирёбии иқлим хоҳад шуд.
Павилйони об ва иқлим аз 7 то 18 ноябр дар шаҳри Шарм-уш-Шайх фаъолият карда, ҳар рӯзи он ба мавзуъҳои алоҳида бахшида мешавад. Барномаи он доираи васеи зермавзуъҳоро аз беҳдошт, ғизо ва энергетика, то масъалаҳои гендерӣ, рушд ва гуногунии биологӣ дар бар мегирад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 08.11.2022 №: 214 Мутолиа карданд: 401