logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлоси бистуҳафтуми Конфронси тарафҳои Конвенсияи СММ оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27), шаҳри Шарм-уш-Шайх, 7 ноябри соли 2022

 
Муҳтарам ҷаноби Раис!
Хонумҳо ва ҷанобон!
Пеш аз ҳама, мехоҳам ба Ҳукумати Ҷумҳурии Арабии Миср барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати баргузории  иҷлоси имрӯза миннатдории худро иброз намоям.
 Хушксоливу обхезиҳои бесобиқаи соли равон дар ҷаҳон ва аз он ҷумла дар минтақаи Осиёи Марказӣ, бори дигар собит намуданд, ки тағйирёбии иқлим аз умдатарин мушкилоти ҷаҳон боқӣ мемонад.     
Тоҷикистон бо 93 фоизи ҳудуди кӯҳсораш дар баробари тағйирёбии иқлим хеле осебпазир мебошад. Офатҳои табиии вобаста ба ин раванд ҳамасола ба иқтисоди кишвари мо садҳо миллион доллар хисорот ворид карда, дар бисёр ҳолат боиси талафоти ҷонӣ мегарданд. 
Қобили зикр аст, ки ҳиссаи Тоҷикистон дар ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонагӣ хеле ночиз аст ва дар ин радабандӣ кишвари мо дар ҷойи 130-ум қарор дорад, яъне аз рӯйи андозаи пасти чунин партовҳо мавқеи пешсафро ишғол менамояд.
 Зиёда аз 98 фоизи неруи барқ дар Тоҷикистон аз ҳисоби захираҳои барқароршаванда, яъне “энергияи сабз”, бахусус гидроэнергетика, ба даст меояд ва аз рӯи ин нишондиҳанда мо дар ҷаҳон дар мақоми шашум қарор дорем. Ҳамзамон, мо нақша дорем, ки то соли 2050, ҳиссаи худро дар иҷрои  стратегияи “сифр партов” тавассути рушди “энергияи сабз” боз ҳам афзоиш диҳем.  
Ҳукумати Тоҷикистон Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим (2030) ва як қатор санадҳои дигарро қабул намудааст.
Муҳтарам ҷаноби Раис!
Захираҳои об дар раванди мутобиқшавӣ ва устуворнокӣ ба тағйирёбии иқлим, ҳамчунин, коҳиш додани оқибатҳои он  нақши калидӣ доранд.
Афзоиши офатҳои табиии вобаста ба об  робитаи ногусастании захираҳои онро бо тағйирёбии иқлим таъкид менамояд.
Имрӯз захираҳои об зери таъсири ҷиддии тағйирёбии иқлим қарор доранд. Намунаи возеҳи ин падидаро мо дар обшавии босуръати пиряхҳо дар сатҳи глобалӣ, аз ҷумла пиряхҳои Тоҷикистон, ки то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд, мушоҳида менамоем. Тайи чанд даҳсолаи охир аз 13 ҳазор пиряхи мо як ҳазораш пурра  аз байн рафтааст.
Бо дарнарназардошти он ки пиряхҳо ва дигар манбаъҳои  обии Тоҷикистон, ки дар ҳудудаш 60 фоизи захираҳои обии Осиёи Марказӣ ташаккул меёбанд, ин раванд ба нақшаҳои истифодабарии об дар кишварҳои минтақа  мушкилоти иловагиро ба бор хоҳанд овард. Дар ин замина, мо дар доираи Эътилофи обу иқлим пешниҳод намудем, ки соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон карда шавад. Ҳамзамон бо ин, мо дар доираи талошҳоямон барои омодагӣ ба Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид, ки моҳи марти соли 2023 таҳти раёсати Тоҷикистону Нидерланд баргузор мегардад, ҳамбастагии обу иқлимро ба ҳайси яке аз мавзуъҳои асосии Конфронс пешниҳод намудаем.
Мо, ҳамчунин, дар Конфронси дуюми Душанбе оид ба Даҳсолаи об тарҳи рӯзномаи амал дар соҳаи обро, ки бояд уҳдадориву амалҳоро дар чорчӯби Конфронси соли оянда ба ҳам оварад, манзур намудем.
 Итминон дорам, ки кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид ва ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор тавассути иштироки фаъол, гирифтани уҳдадорӣ ва суръатбахшии амалҳо дар татбиқи ин масъулияти бузург моро дастгирӣ хоҳанд кард.
Ба ҳамаи мо натиҷаҳои бобарор аз иҷлоси имрӯза ва дар роҳ ба сӯи Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли оянда ягонагиву ҳамдилӣ орзу менамоям.
Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.11.2022    №: 214    Мутолиа карданд: 1345
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед