мулоқотҳо
МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ШАҲБОЗ ШАРИФ
8 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шарм-уш-Шайхи Ҷумҳурии Арабии Миср дар ҳошияи иҷлоси бистуҳафтуми Конфронси тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27) бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф мулоқот карданд.
Дар ҷараёни суҳбати самимӣ масъалаи ҳамкории Тоҷикистону Покистон дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯби ташкилоту созмонҳои бонуфузи олам, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 09.11.2022 №: 215 Мутолиа карданд: 1207