logo

сиёсат

16 НОЯБР. САНАИ ТАЪРИХИЕ, КИ МОРО БА ҚАЛАМРАВИ САОДАТ РАҲНАМУН КАРД

Дар ин рӯзҳои пурфараҳ, ки Тоҷикистони азизи мо ба таҷлили 30-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон наздик мешавад, қалбҳои тамоми сокинони кишвар лабрези шодмонӣ гардида, садоқату муҳаббат нисбат ба Ватани маҳбуб боз ҳам меафзояд. Зеро баргузории Иҷлосияи сарнавиштсоз марҳалаи тозаеро дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, маънавию фарҳангии мамлакати мо оғоз бахшид.
 
Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ дар таърих бо ҳарфҳои заррин бо номи «Иҷлосияи тақдирсоз» сабт ёфтааст, ки барои миллати тоҷик ва тоҷикистониён аҳамияти ниҳоят бузург доштани анҷумани мазкурро таъкид месозад. Тирамоҳи соли 1992, баҳри барқарор кардани сулҳу субот, сохти конститутсионӣ вакилони мардумӣ аз саросари кишвар барои баргузор намудани Иҷлосияи ХVI ба Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд омаданд. Кори Иҷлосия аз 16 ноябр то 2 декабр давом кард ва роҳи наҷоту эҳёи давлатдории нави миллиро ҳамвор сохт. Воқеан, сарнавишти Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ин Иҷлосияи хотирмон пайванди ногусастанӣ дорад, зеро маҳз ҳамин анҷуман роҳи хатари нобудшавии давлату миллатро гирифта, оташи ҷанги шаҳрвандиро хомӯш сохт ва сохтори фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатиро барқарор намуд.
Муҳимтарин дастоварди Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ин буд, ки роҳбари олимашраберо дар симои фарзанди фарзонаи халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба саҳна овард, ки аз ҳамон рӯзи аввал ҳимояи манфиатҳои давлату миллат дар меҳвари фаъолияти сиёсиашон қарор дошт. Ҳоло дастовардҳои беназири даврони Истиқлоли давлатӣ ва касби нуфузи ҷаҳонии Тоҷикистон натиҷаи заҳмати фидокорона ва иқдомҳои қаҳрамононаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Зеро маҳз заҳмату талошҳои пайгиронаи Сарвари давлат буд, ки фоҷиаи миллӣ дар мамлакат пешгирӣ ва дар роҳи давлатсозии миллӣ қадамҳои устувор гузошта шуданд. 
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ бо тақозои таърих на танҳо тифли дар - гаҳворабудаи истиқлолиятро наҷот дод, балки тақдири ояндаи ӯро муайян сохт ва Тоҷикистони тозаистиқлолро ба сӯйи ҷомеаи мутамаддин ва арзишҳои волои башарӣ ҳидоят намуд».
Инак, беш аз сӣ сол аст, ки кишвари мо ҳамчун давлати соҳибихтиёр самтҳои асосии давлатдории худро, ки дар сиёсати дохиливу хориҷӣ, муносибат бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, роҳу усулҳои тараққиёт дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ инъикос меёбад, мустақилона муайян ва ҳал менамояд. 
Мавриди зикр аст, ки дар ин роҳ ва барқарор кардани сохти конститутсионӣ дар Тоҷикистон нақши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла мақомоти прокуратура назаррас аст. Чунон ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон гуфта буданд: “Мақомоти прокуратура яке аз ниҳодҳои муҳими давлатдорӣ мебошад, ки фаъолияти онҳо ба ҳифзи арзишҳои ҷомеаи демократӣ, қонуният, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа, ошкору пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ва мубориза бо ҷинояткорӣ равона гардида, таъмини қонунияту адолат, амният, сулҳу субот ва ризоият дар ҷомеа аз самаранокии фаъолияти ин мақомот вобаста мебошад”.
Прокуратураи ҳарбии гарнизони Суғд аз рӯзҳои аввали соҳибихтиёр гардидани кишвар баҳри таъмини волоияти қонун, оромию осудагӣ, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, риояи қонунгузорӣ дар байни хизматчиёни ҳарбии қисму воҳидҳои ҳарбии гарнизон чораҳои қонуниро андешидааст. Таъсисёбии ин ниҳод аз рӯзҳои аввал ба давраи шароити вазнини соҳибистиқлолӣ рост омада, роҳбарияти онвақтаи прокуратураи ҳарбӣ дар якҷоягӣ бо кормандон баҳри пойдории қонуният, тартиботи ҷамъиятӣ, риояи оинномаҳои умумиҳарбӣ чун мақомоти назораткунандаи қонун дар қисму воҳидҳои ҳарбӣ ва бо ин роҳ мустаҳкам намудани интизоми ҳарбӣ миёни хизматчиёни ҳарбӣ саҳми босазое гузоштаанд.
Ҳоло бо гузашти вақт аҳамияти таърихии Иҷлосияи шонздаҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бузургтар хоҳад гардид, зеро он ба оламиён нишон дод, ки миллати тоҷик метавонад душвортарин лаҳзаҳоро бо матонату сарбаландӣ паси сар карда, дар роҳи эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ зери роҳбарии фарзанди фарзона ва қаҳрамони Ватан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рисолати таърихии худро ба ҷой оварда, давлати худро соҳибӣ ва ҳифз намояд. 
Бешак, ин Иҷлосия ҳамчун ҷаласаи таърихӣ дар хотири на танҳо имрӯзиён, балки дар дилу дидаи наслҳои оянда низ ҷовидона боқӣ хоҳад монд. Месазад, ки имрӯз мо аз пешравиву шукуфоии Ватани азизамон, ки маҳз аз Иҷлосияи таърихӣ ва талошҳои хастанопазири Президенти маҳбубамон сарчашма мегирад, шукргузорӣ намоем, аз дастовардҳои бузурги дар тули ин солҳо бамиёномада ёдовар шавем, зеро ин амр дар тарбияи насли имрӯзу оянда ва таҳкими худшиносиву худогоҳӣ таъсири нек хоҳад гузошт.
 
Бахтиёр ШАРИФЗОДА, прокурори ҳарбии гарнизони Суғд, полковники адлия


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.11.2022    №: 215    Мутолиа карданд: 371
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед